Имрӯз Тоҷикистон дар остонаи рӯйдоди муҳиме, ки дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд қарор дорад. Зеро ду сол муқаддам, яъне 29-уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сарбанди НБО-и Роғун ҳусни оғоз бахшиданд. Пешвои миллат дар ин маросим таъкид карданд, ки НБО-и Роғун яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи миллат хизмат мерасонад. Ҳамчунин, дар муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт”.

Сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардида буд. Бояд қайд кард, ки пас аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасогии неруи барқ гардид. Энергияи истеҳсолкардаи НБО-и Роғун на танҳо ҷумҳуриамонро аз буҳрони энергетикӣ мебарорад, балки имкон медиҳад, як қисми неруи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шавад. Айни замон баъди 27 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар ба солҳои гузашта мушкилоти энергетикӣ дар Ватанамон ҳалли худро ёфтааст, ки ин ҳам бошад бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст. Сохтмони иншооти бузурги аҳамияти стратегӣ – НБО-и Роғун дар рушди иқтисодиёти кишварамон нақши муҳим мебозад.

НБО-и Роғун дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло 9-ум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. НБО-и Роғун аз 6 агрегат иборат буда, иқтидори ҳар кадомашон 600 мегаватро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин аз сатҳи замин (гилу сангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, ба иқтидори 3600 мегават (беш аз 17 миллиард киловатт соат)-ро доро буда, калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсоли НБО-и Норак якуним маротиба зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардад ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишварамон таконбахш аст. НБО-и Роғун аҳамияти бузург дошта, иқтидори солонаи он беш аз 18 миллион киловат соат неруи барқро ташкил медиҳад. Бо ба кор даромадани 6 агрегати НБО-и Роғун Тоҷикистон имкон дорад, ки ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам кишварҳои ҳамсояро бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд. Алҳол дар ин иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ 18000 коргарону муҳандисони маҳаллӣ ва мутахассисони бахше аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фаъолият доранд. Мавриди зикр аст, ки ба истифода додани агрегати аввали ин иншооти аср моҳи ноябри соли равон бештар аз 100 мегават нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Дар ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо менамояд, ки ҳам талаботи дохилиро бо барқ таъмин ва ҳам ба кишварҳои хориҷ барқ содир созад.

Инчунин аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ташхиси бозрасии фанниву зистмуҳитии НБО-и Роғун гузаронида шуд ва коршиносон ба хулосае омаданд, ки аз лиҳози экологӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва бехатарӣ бунёди НБО-и Роғун мувофиқи мақсад аст ва ба стандартҳои байналмиллаӣ мувофиқат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ба неруи барқи арзон эҳтиёҷ доранд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содир мекунад. Ҳамчунин ба як қисмати ғарбии Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар он бештар аз 100 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, камбудии неруи барқ эҳсос мегардад. Тоҷикистон солона 1,5 миллиард соат ба кишварҳои хориҷ неруи барқ содир менамояд. Таъмини аҳолии кишвар бо неруи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ буда, соли 2015 маҳдудияти неруи барқ аз байн бардошта шуд. Инчунин, дар стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зиёд намудани неруи барқ сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи он соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 45 миллиард киловатт неруи барқ истеҳсол карда мешавад. Ин омор дар қиёс бо соли 2015 се маротиба зиёд мебошад.

Соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавлиди барқ ба ҳар як нафар аҳолии мамлакат ҳудуди 2000 киловатт соатро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда то соли 2030 4 маротиба афзуда, ба 4000 киловатт соат баробар мегардад. Он имкон медиҳад, ки таъминоти мардум бо неруи барқ ҳам дар минтақаҳо ва ҳам дар пойтахти мамлакат дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Инчунин, имконият фароҳам меояд, ки корхонаҳои муштараки бузурги саноатӣ бо кишварҳои хориҷ ташкил карда шаванд, ки дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми бузург хоҳад гузошт.

Мусаллам аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 амалӣ мегардад. CASA – 1000 лоиҳаест, ки тибқи он интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад ва дар ин самт созишнома ба имзо расонида шудааст. Ин имконият медиҳад, ки ҳар сол ҳудуди 5 миллиард киловатт соат неруи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содир карда шавад, ки аз он 3 миллиард киловатт соат ба Тоҷикистон рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи CASA – 1000-ро бештар аз 10 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ҷонибдорӣ кардаанд, ки тибқи ин лоиҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар тавлид, фурӯш ва ҳам дар содироти неруи барқ афзалияти бештар дорад, зеро дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳо неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад.

Дар маҷмӯъ бунёди НБО-и Роғун барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург буда, агрегати нахустини ин иншооти бузурги аср моҳи ноябри соли равон ба истифода дода шуда, агрегати 2-юмаш моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди Тоҷикистонро мебояд, ки бобати  бунёди ин нерӯгоҳи аср саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзӣ барои ҳар фарди ватандӯст – коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф дар сарнавишти рушди миллату давлат ба шумор меравад.

Хулоса фардои дурахшони мо тоҷикон аз бунёди Роғун вобаста аст, зеро Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёту пешравиҳои бузург мерасонад.

Абдулваҳобзода Аҳмадҷон – донишҷӯйи курси 2-юми

факултети Энергетикӣ, г. 530105-01А.