Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳое, ки ба ҳайати он дохил буданд, ҳар кадом давлатҳои мустақилу соҳибихтиёр шуданд.

Дар байни онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 соҳибистиқлол эълон карда шуд, сарзамине, ки халлқи онро таърих чун халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ эътироф кардааст.

Давлати ҷавони Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ баҳри пешрафти тамоми соҳаҳо чораҳо андешид. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат сулҳу осоиштагӣ, ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ барқарор гашт. Баъди ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён тоҷикон боз соҳиби давлати миллии худ гардиданд ва боварӣ доранд, ки асри XXI барои миллати тоҷик чун давраи Сомониён асри тиллоӣ хоҳад шуд. «Мо як Ватан, як модар дорем. Танҳо дар сурате, ки мо муттаҳид бошем, Тоҷикистонро ба давлати воқеан мутараққӣ ва соҳибистиқлол табдил медиҳем», — аз минбар ба тамоми халқи кишвар изҳор карда буд Эмомалӣ Раҳмон.

Дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавиёти ҷумҳурӣ, ки дар солҳои мустаҳкам шудани истиқлолияти миллии мамлакат ба даст омаданд, пояи ифтихори ҳар сокини Тоҷикистон мебошад.

Дар роҳи рушди таълиму тарбияи насли наврас дар даҳ соли охир давлат корҳои зиёдеро анҷом дод. Ғояи тарбияи миллӣ ба вуҷуд омад ва асоси муҳимтарини таълиму тарбия сиёсати давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди ояндаамон мебошад.

Дар ҳақиқат, халқи тоҷик аз қадимулайём ба мардумони Осиёи Марказӣ дониш ва ахлоқ меомӯзонд, чунки оид ба тарбия мероси бой дорад. Ниёгонамон ҳангоми тарбияи фарзандон ба хулқу атвор, ба тарзи сухангӯӣ, дар назди одамон чӣ гуна рафтор кардан ва фикри худро чӣ тавр баён намуданашон эътибор медоданд. Ҳаргиз намегузоштанд, ки фарзандон худбину мағрур бошанд, такаббурӣ кунанд, ба суханони калонсолон беэътиноӣ намоянд, рафтори ба шаъну шарафи авлод доғовар содир намоянд.

Тиллоева П.Р. – ассистенти кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ”

Leave a Comment