Бадахшон бо номи «Боми Ҷаҳон» машҳури оламиён гардидааст. Ҷаҳониён Бадахшонро аз рӯйи «ёдгориҳои қадимаи таърихӣ» хуб мешиносанд. Ёдгориҳои таърихии Бадахшон ва махсусан водии Вахон ба ташкилоти ЮНЕСКО шомил гардидааст.

Воқеан, водии Вахон аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои зебои табиат, кӯҳҳои сарбарфалаккашида, обҳои шифобахш (нарзан), чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту наботот, шароити хуби кӯҳнавардӣ, мавзеъҳои табиии сайру саёҳатиаш ва урфу одатҳои мардумӣ дар рӯйи олам яке аз водиҳои беҳтарин ба шумор меравад.

Соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни муддаост.

Оре, сайёӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ишкошим дар қисмати ҷануби ҷумҳурӣ дар соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буда, аз самти шимол бо ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъа, аз шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва аз ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афгонистон ҳамсарҳад мебошад. Бештари масоҳати ноҳияро қаторкӯҳҳои Шоҳдара аз шимол ва дарёи Панҷ — аз ҷануб водиҳои Ғорону Вахон ташкил медиҳанд. Қуллаҳои баландтарини ноҳия Маяковский (6096 метр аз сатҳи баҳр) ва Карл Маркс (6726 метр аз сатҳи баҳр) ба шумор мераванд.

Водии Вахон дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим буда, диққатҷалбкунанда аст. Ҳамасола аз тамоми гӯшаю канори мамолики дуру наздик теъдоди зиёди беморон барои табобат, сайёҳони зиёде барои сайёҳат ба ноҳияи Ишкошим ташриф меоваранд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ноҳияи Ишкошим дорои 103 ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, 26 чашмаҳои гарму дармонбахш ва зиёда аз 118 намуди гиёҳҳои шифобахш мебошад.

Дар ноҳияи Ишкошим минтақаҳои истироҳатӣ барои ҷалби сайёҳон, ба монанди истироҳатгоҳҳои Гармчашма, Авҷ, Биби Фотимаи Заҳро ва мавзеъҳои тамошобоб – қалъаи Қаҳқаҳаи деҳаи Намадгут, қалъаи Буддоии деҳаи Вранг, қалъаи Ямчун, Петроглиф (навиштаҳои рӯйи санг)-и деҳаи Лангар, Аждаҳорсанги деҳаи Ширгин, осорхонаи Муборакқадами Вахонӣ дар деҳаи Ямг, Шоҳқамбари Офтоби деҳаи Лангар, осорхонаи Ансории деҳаи Вранг ва осорхонаи муассисаи таҳсилоти умумии №21-и ба номи Иброҳим Исмоилови маркази ноҳия мавҷуданд.

Ҳар сол қариб 100 то 1100 нафар сайёҳони дохилию хориҷии кишвар аз ин ҷойҳо ва манзараҳо дидан мекунанд.

Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қалъаи «Қаҳқаҳа»-и Ямчун дар баробари дигар осорҳои пурарзиши таърихии ҷаҳон ба рӯйхати феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин низ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин мавзеъ бештар мегардонад.

Хусусан Петроглифҳои Лангар, қалъаи Абрешим дар деҳаи Зонг, маъбади Буддоӣ дар деҳаи Вранг, Умбуқ дар деҳаи Вранг, Тақвими сангӣ ва чиллахона дар деҳаи Ямг, Қалъаи Ямчун, Тупхона дар деҳаи Даршай, қалъаи Қаҳқаҳаи деҳаи Намадгут, Қалъа дар деҳаи Рэн диққати сайёҳонро ба худ зиёд ҷалб мекунад.

Сайёҳони хориҷӣ ҳама вақт ба табиати зебои Вахонзамин таваҷҷуҳи зиёд доранд. Онҳоро қуллаҳои Карл Маркс, Носири Хисрав, кӯлҳои Дирч (дар Лангар), Зоркӯл (Помири Шарқӣ) ва соҳаи ҳунармандӣ, ба монанди ҷӯроббофӣ, барандагӣ, кандакорӣ ва ғайра мафтун сохтааст. Сайёҳон чунон дилбастагӣ ба фарҳанги қадимаи мардуми Вахон доранд, ки дар сар тоқии Вахонӣ дар тан либоси хоси тоҷикона, ҷӯроби Помирӣ дошта, худро чун Бадахшонӣ ҳис мекунанд. Хулоса дари ширкатҳои сайёҳӣ дар Бадахшон, ба монанди ҶДММ «Вахон-Дискове-Тур», минтақаҳои моҳигирии Зоркӯл, Иматкӯл ҳамеша барои тамошо боз аст.

Қайд карданиам, ки имрӯз барои ҷалби бештари сайёҳон ва муаррихони ҷойҳои таърихӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, эҳё гардидани осорҳои қадима ва фарҳанги миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Айдаралиева Мунира Давлатовна – омӯзгори кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ”