Салом донишгоҳ! Туро дӯст медорам, ту беҳамтоӣ.

Боз ба дидорат мушарраф шудаму аз ин шодам. Дидоратро доимо интизорӣ мекашам. Мана имрӯз ҳам аз хурсандӣ ба кӯдакони кӯчаамон ширинӣ тақсим карда, ба дидорат шитофтам. Инсон гоҳо пулу моли зиёд ҷамъ карда, ба тамошои хориҷи кишвар мераванд. Ман бошам, бо як ихлоси махсус ҳар боре, ки ба сӯят меоям, ба кӯдакону пиронсолони кӯчаамон шириниҳои гуногун пӯхта, тақсим карда, хушҳолона ба дидорат мешитобаму худро ончунон хушбахт ҳис мекунам, ки барои тасвираш сухан намеёбам. Ҳар боре ки ба дохил ва саҳни ҳавлиат медароям, худро дар биҳишт ҳис мекунам. Деворҳоятро даст-даст карда, беҳтарин суханҳоро бароят гуфта, фарзандвор навозишат мекунам.

Донишгоҳи азизам, туро бениҳоят дӯст медорам. Муҳимтарин марҳилаи ҳаёти ман таҳсил дар оғӯши гарму гуворои ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад ва бениҳоят ифтихор аз он менамоям, ки бо шарофати меҳру муҳаббат ва хиради волои беҳтарин мутахассисони соҳа дониши фаровон ва касб меомӯзам.

Ту дар худ беҳтарин устодонро ба монанди Одиназода Ҳ.О., Маҳмадизода М.М., Паҳлавонов К.М., Раҷабова Б.Н., Раҷабова З.С., Каримова З.М., Шарипова А.Б. ва дигаронро чун беҳтарин гулдастаи илму маърифат ҷамъ овардаию беҳтарин шогирдонро тарбия намуда, ба шоҳроҳи касбӣ раҳсипор кардаию мекунӣ.

Мехоҳам махсусан қайд кунам, ки дар дунё 20 фоизи инсонҳо на ҳунари гӯш кардан доранду на ҳунари шунидан, 70 фоизи инсонҳо фақат ҳунари гӯш кардан доранд ва ҳамагӣ 10 фоизи инсонҳо ҳунари волои гӯш кардану шунидани дили инсонҳоро доранд, ки яке аз ин инсонҳои бузургдил, олими шинохта, Ректори донишгоҳи мо муҳтарам Одиназода Ҳ.О. мебошанд. Хислатҳои наҷибу неки он кас намунаи ибратанд. Чунки ман ҷавон бошам ҳам, ба ҳама чизе ки дар атрофи ман ба вуқӯъ меоянд, эътибор медиҳаму мебинам. Мебинам, ки он кас барои ҳар як корманд ва ҳар як донишҷӯй вақт ёфта, вақт ҷудо карда, ба садои дилашон гӯш медиҳанд. Дар ҳақиқат ин марди илмошнои некӯхисоли дарёдилу ошиқу шефтаи касби худ, устоди беназир Одиназода Ҳ.О. падари маънавии донишҷӯён ҳастанд. Ректори ятимпарвари мо ҳамасола дар соли нави мелодӣ ба ятимон ширинӣ харидорӣ намуда, туҳфа мекунанд.

Имрӯзҳо мардуми ҷумҳурии азизамон барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида истодаанд. Ин ҷашнест, ки барои ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ муборак ва муқаддас аст. Зеро Истиқлолият ва сулҳу Ваҳдат ба мардуми шарафманди мо озодӣ, хушбахтию устуворӣ, дӯстиву бародариро ҳадя намуд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзҳо мардум зиндагии орому осуда дошта, баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон кӯшишу ғайрат доранд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам ба устодони азизам ташаккур гуфта, онҳо ва донишҷӯёни донишгоҳи азизамро бо ҷашнҳои бошукуҳи Ватани азизамон ва Соли нави мелодӣ самимона табрик намуда, барояшон умри дарозу саодатмандӣ таманно намоям.

Ва таманно мекунам, ин сулҳу ваҳдате, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон пойдор аст, ҳамеша ва садсолаҳо шикастнопазир бимонад.

Анварова Шаҳло – донишҷӯйи курси 4-уми шӯъбаи ғойибона, факултети ТИ.