Мӯҳтарам донишҷӯён, магистрон, аспирантов ва олимон!

Бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар Конференсияи байналмимлалии илмӣ – амалии  донишҷӯён, магистрон, унвончён  ва олимони ҷавон «Мухандис-2019» бо нашри маҷмӯи мақолаҳо   даъват мекунем.

Конференсия 14-16 марти соли 2019 дар ш. Душанбе, хиёбони ак. Рачабовҳо, 10 баргузор мегардад (нишонӣ: бинои асосии донишгоҳ).

Бақайдгирии иштирокчиён: соати 08-30.

Оѓози кори конференсия: соати 9-00.

Барои иштирок дар конференсия даъват мешаванд:

Дар Конференсия доир ба ҳар як сексия донишҷӯён, магистрон, унвонҷуён  ва олимони ҷавон ё кормандони муассисаи олии Ҷумҳурии Точикистон  иштирок карда метавонанд.

Мақсади конференсия: баҳри баланд бардоштани савияи дониш, малака ва  ҷалби донишчуён, магистрон, унвончуён ва олимон барои ҳалли муаммоҳои илмӣ  бо истифода аз техника ва технологияҳои ҷаҳонӣ иборат мебошад.

Маърӯзаҳо дар самтҳои зерин дар Конференсия қабул карда мешаванд:

  1. Илмҳои бунёдӣ
  2. Техника ва таҷҳизотҳои технологӣ.
  3. Энергетика, Сохтмон ва меьморӣ.
  4. Технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ.
  5. Нақлиёт ва коммуникатсияи нақлиётӣ.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Барои иштирок дар конференсия зарур аст, ки то мӯҳлати муайяншуда ба кумитаи тадорукот мақолаҳоро мувофиқи талаботҳои дар поён нишондодашуда, ирсол намоед

Маводи маърӯзаҳоро бо ҳаҷми 4-8 саҳифаи пурра дар намуди файл дар формати MS WORD WINDOWS то 1-уми марти соли 2019 ба суроғаи почтаи электронии зерин фиристед: mirzo85@inbox.ru, dilnem@mail.ru дар намуди файл бо фамилия ва инициалҳо ва рақами самт.

Барои мисол:

           Раҳимов М.С.doc.

           Телефон барои тамос:

(+992)935018854,

(+992) 900992235

         Иштирок дар конференсия ройгон аст.

Талабот оид ба тартиби ороиши мавод:

          Сархати матн: Мавод 4 – 8 саҳифаи пурра (дар варақи сафеди формати А4 бо ҳошияҳои 25 мм аз ҳар тараф) пешниҳод карда мешавад. Шрифт: андозаи 14, Times New Roman, Times New Roman Tj, фосилаи байни сатрҳо якка (одинарный), автоматӣ ба сатр гузаронидани калима, расмҳо дар формати JPG, ҷадвалҳо дар формати Word, формулаҳо дар таҳрири Math Type, диаграммаҳо дар формати Microsoft Excel.  Саҳифаҳо рақамбандӣ нашаванд.

Шакли дастнавис. Сарлавҳа бо ҳарфҳои калон, шрифти ғафс. Рӯйхати муаллифон (ному насаб) шаҳр, номгӯи муассиса, мактаби олӣ, поёнтар e-mail, баробаркунӣ аз чап. Як сатр фосила. Матни мақола: баробар намудан аз рӯи паҳноӣ (по ширине). Рӯйхати адабиёт (то 5 манбаъ) бо тартиби иқтибос, ки мувофиқи навишти библиографии ГОСТ 7.0.5-2008 иҷро шудааст.

Аз як муаллиф пешниҳод намудани то 3 маърӯза имконпазир аст. Матн бо таҳрири муаллиф чоп мешавад ва бояд аз ҷониби муаллифон хонда ва тафтиш карда шавад.

 Маводҳое, ки ба талаботи ороиш мувофиқ нестанд аз ҷониби ҳайати муҳаррирон барои чоп дар маҷмӯа роҳ дода намешаванд. 

Беҳтарин маводҳое, ки бо забони англисӣ навишта шудаанд ва бо назорати кумитаи тадорукот аз озмўни беҳтаринхо мегўзаранд дар нашрияи Nova – и  Амрико, ки маҷмаи илмии Scopus дохил мешавад ба чоп мерасанд…

 

       НАМУНАИ ОРОИШИ МАВОД:

 

МАВЗӮЪ:

МОЛЕКУЛЯРНО ДИНАМИЧЕСКОЕ МОДЕЛИРОВАНИЕ ВЗАИМОДЕЙСТВИЕ НАНОЧАСТИЦЫ ЗОЛОТА С НУКЛЕОТИДОМ ВНУТРИ  УНТ

Д.Д. Нематов, А.С. Бурхонзода, М.А. Хусенов,

г. Душанбе, ТТУ имени ак. М.С. Осими

e-mail:

Матн

Молекулярно-динамические (МД) моделирования проводились для исследования процессов взаимодействии и динамических изменений ……..  …………………..        ……………….  …………………

…матн…       матн…         матн…

…………            …………..           …………..

 

…………………..        ……………….  …………………

…матн…       матн…         матн…

…………            …………..           …………..

 

Адабиёт

  1. Хусенов М.А., Холмуродов Х.Т. Молекулярно-динамическое моделирование из нуклеотидной цепочки с наночастицами золота в матрице углеродной нанотрубки с периодическими границами. — Доклады АН Республики Таджикистан, 2015.-Т.58.-No12.-С.1100-1105.

 

Leave a Comment