Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид. Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи Одиназода Ҳ.О. – Ректори донишгоҳ таҳти унвони “Натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2018 ва муайян намудани самтҳои асосии рушди он барои солҳои минбаъда” шунида шуд.

Ҳамасола дар охири соли тақвимӣ фаъолияти донишгоҳ дар намуди ҳисоботи муфассал ҷамъбаст гардида, дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимон муҳокима мешавад.

Имсол низ ҳисоботи ректор шунида шуда, мувофиқи он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар рафти музокирот аъзоёни Шӯрои олимон ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, андешаву пешниҳодоташонро баён намуданд. Дар охир ҳисоботи ректор барои соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.

 

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment