НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ИШТИРОКИ ВАСЕИ НАМОЯНДАГОНИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2018 бо иштироки васеи ВАО доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма – хабарнигорон… > >> >>>

АВВАЛИН ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ ДАР СОЛИ 2019

Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА – 032-и назди ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аввалин ҳимояи рисолаи илмӣ дар соли 2019 доир гардид. Бандишоева Рисолат Мирзошоевна дар мавзӯи “Таҳияи системаи автоматонидашудаи идоракунии обёрии қатрагии пахта дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.13.01 – “Таҳлили системавӣ, идоракунӣ… > >> >>>
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо иштироки олимону донишмандони кишвар дар партави супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019) бахшида ба Рӯзи Байналмилалии забони модарӣ 21-уми феврали соли 2019 баргузории конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Забони модарӣ —  мереси фарҳанги соҳибзабоно» ба нақша гирифтааст. Барои иштирок дар  конференсия,… > >> >>>

ҲИМОЯИ ҚАБЛИИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ

Имрӯз дар ҷаласаи васеи кафедраи “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт” ҳимояи қаблии рисолаи доктории н.и.и, дотсенти кафедра Фохаков Абдурауф Сайдалиевич дар мавзӯи «Транспортно-технологические системы обслуживания горных регионов Таджикистана (научные основы формирования и развития)» доир гардид. Дар кафедра пас аз солҳои тӯлонӣ ин нахустин рисолаи илмии докториест, ки барои муҳокима пешниҳод мегардад. Олимони соҳа пас… > >> >>>
Ба иттилои ҳамагон эҳтиромона расонида мешавад, ки рӯзи шанбе, 19-январи соли 2019, соати 10-00 дар кафедраи » Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт » ҳимояи қаблии рисолаи доктории н.и.и, дотсенти кафедра Фохаков Абдурауф Сайдалиевич дар мавзӯи : «Транспортно-технологические системы обслуживания горных регионов Таджикистана (научные основы формирования и развития)» гузаронида мешавад. Макони баргузорь, ошёнаи 2-юми бинои… > >> >>>
Универсиадаи патентии Авруосиёгӣ «Назар ба оянда» бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва баландбардории рағбати онҳо ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ баргузор карда мешавад. Универсиада аз санаи 1 январ то 9 сентябри соли 2019 баргузор мегардад. Маълумоти муфассалро метавонед тибқи телефонҳои 2222153,907762322 ё почтаи электронии bahodur.nazarov@mail.ru дастрас намоед. > >> >>>

СПАРТАКИАДАИ 60-УМИ УСТОДОН ВА КОРМАНДОНИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз бо иштироки Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О., муовинони ректор – Саидзода Р.Ҳ., Ашӯров А.Н., Шарипов Ш.Қ. ва факултету шӯъбаҳои донишгоҳ Спартакиадаи 60-уми донишгоҳ оғоз гардид. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии донишгоҳ ин спартакиадаи варзишӣ ҳамчун нишонаи солимгардонии устодону кормандон доир карда мешавад. Имсол низ чун анъана бо шаҳомату шукуҳ ин чорабинии варзишӣ оғоз ёфт, ки… > >> >>>

ОҒОЗИ ЛОИҲАИ МУКАММАЛГАРДОНИИ СИСТЕМАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАВАССУТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба озмуни Иттиҳоди Аврупо, Еразмус плюс дар соли 2018 шаш лоиҳа пешниҳод намуда буд, ки дар натиҷа як лоиҳа таҳти унвони “Мукаммалгардонии таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияҳои нав” (Modernisation Of Higher Education In Central Asia Through  New  Technologies) аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маъқул дониста шуд. Лоиҳаи… > >> >>>

ҚУРБОНОВ БАДРИДДИН – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ КУШОД ОИД БА ТАҲИЯИ ЛОИҲАИ НАМОИ ЗОҲИРИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ САБУКРАВИ ТАКСӢ ДАР ПОЙТАХТ

Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки Қурбонов Бадриддин Маҳмадҷонович – муаллими калони кафедраи “Нақшакашии муҳандисӣ”-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ғолиби озмуни кушод оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ дар пойтахт гардид. Мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ имрӯз ба ғолиби озмун аз ҷониби бахши муҳосиботи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе… > >> >>>