Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки Қурбонов Бадриддин Маҳмадҷонович – муаллими калони кафедраи “Нақшакашии муҳандисӣ”-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ғолиби озмуни кушод оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ дар пойтахт гардид. Мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ имрӯз ба ғолиби озмун аз ҷониби бахши муҳосиботи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати шаҳри Душанбе барои таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ аз 10-уми ноябр то 10-уми декабри соли 2018 озмуни кушод эълон карда буд. Озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир гардид.

Раёсати донишгоҳ Қурбонов Б.М.-ро бо ин ғолибият табрик намуда, дар оянда низ умедвор аст, ки маҳсули эҷодию андешаҳои навоваронаи ӯ сазовори ҷоизаву мукофоти зиёди дигар хоҳад шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.