Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА – 032-и назди ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аввалин ҳимояи рисолаи илмӣ дар соли 2019 доир гардид.

Бандишоева Рисолат Мирзошоевна дар мавзӯи “Таҳияи системаи автоматонидашудаи идоракунии обёрии қатрагии пахта дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.13.01 – “Таҳлили системавӣ, идоракунӣ ва коркарди иттилоот” кори илмии худро пешниҳод ва ҳимоя намуд.

Раёсати донишгоҳ ин муваффақияти устоди донишгоҳро ба номзад муборак гуфта, дар фаъолияти ояндаи илмии ӯ барору комёбиҳо орзу менамояд.

Боиси дастгирӣ ва ифтихормандист, ки дар Шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ олимони ҷавон корҳои илмии худро ҳимоя менамоянд ва аз ин дастгирии Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон – таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ изҳори сипос менамоянд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment