Дар толори варзишии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ 15-уми январи соли 2019 Ректори донишгоҳ – аъзо-корр. АИ ҶТ, доктори илмҳои техникӣ Одиназода Ҳайдар ба дастаҳои ҳозирин – омӯзгорон ва кормандони 7 факултет ва Раёсати донишгоҳ, ки ҷамъ омада буданд, суханронӣ намуда, оғози Спартакиадаи 60-уминро эълон ва ба ҳозирин барои ғалаба муваффақиятҳо орзу намуданд.

Сардовари мусобиқа устоди спорт Обидов С. ба Ректори донишгоҳ рапорт дод, ки дастаҳо барои оғоз намудани Спартакиадаи 60-ум саф кашидаанд.

Пас аз суханронии Ректори донишгоҳ 15-уми январ мусобиқаҳои тенниси рӯйи миз ва шоҳмот оғоз гардид.

Мусобиқаи шоҳмотбозӣ. Дар бинои асосии донишгоҳ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида рӯзҳои 15-18-уми январи соли 2019 Спартакиадаи 60-уми устодон ва кормандон бо мусобиқаи шоҳмотбозон оғоз гардид. Пеш аз оғози мусобиқа сардовари он — Устоди варзидаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев С. гурӯҳи дастаҳоро бо низомномаи мусобиқа ва қоидаҳои шоҳмот шинос намуд.

Сипас сардовари мусобиқа ва сардори дастаҳо ба воситаи қуръапартоӣ рақами дастаҳоро муайян намуданд.

Дар Спартакиадаи 60-ум аз рӯйи намуди шоҳмот 8 даста аз 7 факултет ва Раёсати донишгоҳ иштирок доштанд.

Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи мазкур як нафар доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор – муовини аввали Ректори донишгоҳ Саидзода Р.Ҳ. (аз дастаи Раёсат), 3 нафар номзадони илм, аз он ҷумла – номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи “Геодезияи муҳандисӣ” – Муниев Ҷ.Д. (аз дастаи факултети “СваМ”), номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи “Сохтмони роҳ, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ – Сайраҳмонов Р.Ҳ. ва номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи “СРИваКН” – Нумонов О.Р. (аз дастаи факултети “МваКН”) ширкат варзиданд.

Мувофиқи Низомнома мусобиқаи шоҳмот аз 7 давр иборат буд, ки то даври ниҳоӣ дастаҳои ғолиб муайян набуданд ва танҳо пас аз анҷоми даври 7-ум ғолибон муайян гардиданд, ки дар ҷадвали зерин оварда шудаанд.

Ҷадвали спартакиадаи 60-ум оид ба шоҳмот байни устодону кормандони ДТТ номи академик М.С. Осимӣ

№ р/т Номи дастаҳо 1 2 3 4 5 6 7 8 Хол Ҷой
1 Факултети

«М ва КН»

00000

00000

3 2 1 2 1 3 3 15 IІІ
2 Факултети

«М Б Т»

0 00000

00000

0 0 0 0 0 0 0 VІІІ
3 Факултети

«Нақлиёт»

1 3 00000

00000

0 1 2 0 1 8 ІV
4 Раёсати

ДТТ

2 3 3 00000

00000

1 3 3 3 18 I
5 Факултети

«С ва М»

1 3 2 2 00000

00000

3 3 2 16 ІІ
6 Факултети

«ТИ ва К»

2 2 1 0 0 00000

00000

0 2 7 V
7 Факултети «ТИ» 0 1 1 0 0 2 00000

00000

2 6 VI
8 Факултети «Энергетикӣ» 0 3 1 0 1 1 0 00000

00000

6 VІІ

Мусобиқаи тенниси рӯйи миз. Рӯзи 15-17-уми январ дар толори варзишии донишгоҳ мусобиқаи тенниси рӯйи миз баргузор гардид, ки дар он 7 даста аз факултетҳо ва як даста аз кормандони Раёсати донишгоҳ бо ҳам қувва озмуданд.

Дар натиҷа дастаҳо дар ҷадвал чунин ҷойгир шуданд:

  1. Факултети“С ва М” –– 21 хол.
  2. Факултети“Энергетикӣ” –– 20 хол.
  3. Факултети“М ва КН” –– 16 хол.
  4. Факултети“ТИ” –– 14 хол.
  5. Факултети“МТБ” –– 9 хол.
  6. Раёсати Донишгоҳ –– 7 хол.
  7. Факултети“ТИК” –– 3 хол.
  8. Факултети“Нақлиёт” –– 0 хол.

 

Мусобиқаи волейболбозон. Рӯзи 17-19-уми январ дар толори варзишии донишгоҳ мусобиқаи волейболбозон баргузор гардид, ки дар он 7 даста аз факултетҳо ва як даста аз кормандони Раёсати донишгоҳ бо ҳам қувва озмуданд.

Ҳангоми мусобиқа байни дастаҳои факултети “Сохтмон ва меъморӣ” ва факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи “МваКН” анҷом ёфт.

Дар натиҷа дастаҳо дар ҷадвал чунин ҷойгир шуданд.

  1. Факултети“ТИ” –– 8 хол.
  2. Факултети“Энергетикӣ” –– 7 хол.
  3. Факултети“Раёсати донишгоҳ” –– 6 хол.
  4. Факултети“М ва КН” –– 5 хол.
  5. Факултети“ТИК” –– 4 хол.
  6. Факултети“С ва М” –– 3 хол.
  7. Факултети“МТБ” –– 2 хол.
  8. Факултети“Нақлиёт” –– 1 хол.

Ҳангоми мусобиқа байни дастаҳои факултети “Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия” ва факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи “М ва КН” анҷом ёфт.

Мусобиқаи бастекболбозон. Рӯзҳои 21-24-уми январ дар толори таҷдидгардидаи варзишии донишгоҳ мусобиқаи баскетболбозон баргузор гардид, ки дар он 7 даста аз факултетҳо ва як даста аз кормандони Раёсати донишгоҳ бо ҳам қувва озмуданд.

Мувофиқи қуръапартоӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд.

Дар гурӯҳи “А” – дастаҳои

  1. “М ва КН”;
  2. “С ва М”;
  3. “МБТ”;
  4. “ТИК”.

Дар гурӯҳи “Б” – дастаҳои

  1. “Энергетикӣ”;
  2. “Нақлиёт”;
  3. “ТИ”;
  4. “Раёсати донишгоҳ”.

Рӯзи 23-юми январ дастаҳои “Энергетикӣ” бо “Нақлиёт”, “МваКН” бо “СваМ”, “ТИ” ва “Раёсати донишгоҳ” ва “МБТ” бо “ТИК” қувваозмоӣ намуданд.

Рӯзи 24-уми январ дастаҳои “Энергетикӣ” бо “ТИ”, “ТИК” бо “СваМ”, “Раёсати донишгоҳ” ва “Нақлиёт”, “МБТ” бо “МваКН” қувваозмоӣ намуданд.

Ҳолати ғайричашмдошт дар спартакиадаи донишгоҳӣ. Ҳангоми ба анҷом расидани қисми дуюми бозии “МБТ” бо “МваКН” ҳисоб мусовӣ, яъне баробар 10:10 шуд. Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ ба хулосае омаданд, ки бояд ҳар як нафар тӯби ҷаримавӣ партояд. Дар натиҷа як нафар аз дастаи “МТБ” соҳиби 1 хол гардид ва бозӣ бо ҳисоби 11:10 ба фоидаи дастаи “МТБ” анҷом ёфт. Пас аз бозӣ маълум гардид, ки бояд боз иловагӣ 3 дақиқа бозӣ бояд кард, дар ҳолати такрор боз 3 дақиқа, то ҳамон лаҳзае, ки ягон даста ғолиб ояд.

Рӯзи 25-уми январ дастаҳои “Энергетикӣ” бо “Раёсати донишгоҳ” “ТИ” бо “Нақлиёт”, “МваКН” бо“ТИК”, “СваМ” ва “МБТ” бо қувваозмоӣ намуданд.

Рӯзи 26-уми январ барои ҷойи 3-юм ва 4-ум дастаҳои “Энергетикӣ” ва “СваМ” қувваозмоӣ намуданд. Барои ҷойи 1-ум “Раёсати донишгоҳ” ва “МБТ” бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Дар натиҷа ҷойи якум насиби дастаи “Раёсати донишгоҳ”, дар ҷойи 2-юм дастаи“МБТ”, ҷойи 3-юм насиби дастаи “Энергетикӣ” ва ҷойи 4-умро дастаи “СваМ” соҳиб шуд.

Дар ҳолати ба дастае, ки ҷойи 1-умро ишғол намудааст, 8 хол, ба дастае, ки ҷойи 2-юмро ишғол намудааст, 7 хол ва ҳамин тариқ ба дастае, ки ҷойи 8-умро ишғол намудааст, 1 хол гузошта шавад, пас аз бозиҳои шоҳмот, тенниси рӯйи миз, волейбол ва баскетбол (бе назардошти бозии футболи хурд) дастаҳо дар ҷадвали спартакиадаи 60-уми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ чунин ҷойгир мешаванд.

 

Ҷадвали спартакиадаи 60-уми ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ (26-уми январи соли 2019)

№ р/т Номи дастаҳо Шоҳмот Теннис Волейбол Баскетбол Хол Ҷой
1 Раёсати

ДТТ

Ҷойи 1

8 хол

Ҷойи 6

3 хол

Ҷойи 3

6 хол

Ҷойи1

8 хол

25 I
2 Факултети

«СваМ»

Ҷойи 2

7 хол

Ҷойи 1

8 хол

Ҷойи 6

3 хол

Ҷойи 4

5 хол

23 ІІ
3 Факултети «Энергетикӣ» Ҷойи 7

2 хол

Ҷойи 2

7 хол

Ҷойи 2

7 хол

Ҷойи3

6 хол

22 IІІ
4 Факултети

«МваКН»

Ҷойи 3

6 хол

Ҷойи 3

6 хол

Ҷойи 4

5 хол

Ҷойи 5

4 хол

21 ІV
5 Факултети «ТИ» Ҷойи 6

3 хол

Ҷойи 4

5 хол

Ҷойи 1

8 хол

Ҷойи 6

3 хол

19 V
6 Факултети

«МБТ»

Ҷойи 8

1 хол

Ҷойи 5

4 хол

Ҷойи 7

2 хол

Ҷойи 2

7 хол

14 VI
7 Факултети

«ТИваК»

Ҷойи 5

4 хол

Ҷойи 7

2 хол

Ҷойи 5

4 хол

Ҷойи 7

2 хол

12 VІІ
8 Факултети

«Нақлиёт»

Ҷойи 4

5 хол

Ҷойи 8

1 хол

Ҷойи 8

1 хол

Ҷойи 8

1 хол

8 VІІІ

 

Бояд қайд намуд, ки байни бонувони донишгоҳ мусобиқаи тенниси рӯйи миз ва шашкабозӣ ба охир расид. Дар ин мусобиқаҳо дастаи “МваКН”, “Раёсат” ва “Энергетикӣ” пешсаф мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки Раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо роҳбарии Ректори донишгоҳ – аъзо-корр. АИ ҶТ, доктори илмҳои техникӣ Одиназода Ҳайдар баҳри солимгардонии донишҷӯён, устодону кормандон ва беҳтар гардидани муҳити варзишӣ дар донишгоҳ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд ва барои татбиқи ин ниятҳои наҷиб чорабиниҳои зиёдро баргузор менамояд, ки яке аз онҳо ҳамасола дар сатҳи баланд гузаронидани Спартакиадаи мазкур мебошад.

Мақола ва расмҳо аз муаллиф.

Нӯъмонов О.Р. – н.и.т., дотсенти кафедраи “СРИваКН”.