Имрӯз дар донишгоҳ бо Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам вобаста ба мулоҳизаҳо дар партави Паёми Пешвои миллат вохӯрии судманд доир гардид.

Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ – профессор Одиназода Ҳ.О. иброз намуда, паҳлӯҳои зиёди омӯзишии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд. Баъдан сухан ба Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А.Р. дода шуд, ки аҳли нишаст аз баромади муфассали ӯ баҳраманд шуданд.

Инчунин муовини раиси кумита – Аҳмадзода Д.Д., Сардори раёсати кор бо чавонон дар шаҳри душанбе – Мирзозода И., номзади илмҳои техникӣ, дотсент Зулфонов С.З., иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология” Расулов О.Э., номзади илмҳои фалсафа Сироҷиддинзода М., муаллими калони кафедраи “Ҷомеашиносӣ” Самадов Ҳ., мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Акрамов С.С., раиси созмони ҷавонони факултети “Сохтмон ва меъморӣ” Шерзодов А. Баромад намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ суҳбати озоду самимӣ ва ибрози ақида аз ҷониби аҳли нишаст низ доир гардид.

Дар охир аз ҷониби Раиси кумита ба як қатор устодон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment