Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, деканати факултети «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ», кафедраи “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт” бо андӯҳи зиёд хабар медиҳад, ки 4-уми феврали соли 2019 дар синни 64-солагӣ БОБОЕВ МУЗАФАР ГАДОЕВИЧ ба таври нобаҳангом аз олам даргузашт.

Бобоев Музафар Гадоевич 2-юми августи соли 1955 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1972 ба Донишкадаи муҳандисии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Тошканд дохил шуда, донишгоҳи номбурдаро соли 1977 бо ихтисоси “Истифодабарии нақлиёти роҳи оҳан” хатм намуд ва аз ҳамон сол ба фаъолияти меҳнатӣ ҳамчун навбатдори истгоҳи Кӯлоби Иттиҳодияи истеҳсолии роҳи оҳан шурӯъ намудааст.

Солҳои 1977-86 ҳамчун муҳандиси бехатарии роҳ ва техника, муҳандиси калони шӯъбаи ИНА-6, солҳои 1986-1994 ҳамчун сардори шӯъба, муовини директори генералии Иттиҳодияи автомобил, солҳои 1994-1995 сардори муассисаи нақлиёти автомобилии №43-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1995-1998 директори генералии Иттиҳодияи роҳи оҳани камбари Тоҷикистон, солҳои 1998-2015 сардори шӯъбаи роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2015-2018 ҳамчун муаллими калони кафедраи “Ташкили интиқол ва идора дар налиёт” фаъолият намудааст.

Аз фанҳои “Корҳои тиҷоратӣ ва бор”, “САИ мусофирон”, “САИ борҳо”, “Автоматика, телемеханика ва алоқа дар нақлиёти роҳи оҳан”, “Системаи нақлиёту бор”, “Идоракунии тиҷоратӣ ва бор” ва “Этикаи касбӣ” дарс мебурданд.

Дар 3 соли охир бештар аз 10 номгӯйи маводи методиро аз рӯйи ихтисоси «Ташкили ҳамлу нақл ва идора дар нақлиёти роҳи оҳан» таҳия ва таҳрир намудаанд.

Бо Ордени Шараф дараҷаи 2-юм ва Нишони сарисинагии Нақлиётчии фахрӣ мушарраф гардидаанд.

Дар маъракаю чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, дар байни коллективи устодону кормандон ва донишҷӯён обрӯю эътибори хоса доштанд.

Риштаи тақдир ин устоди равшанзамирро аз байни коллективи устодони донишгоҳ бурдааст, вале қадру манзалати Бобоев Музафар чун устод дар байни шогирдон, чун дӯст дар байни рафиқон, боз ҳам бештар гардидааст.

Ӯ зинда аст бо номи неку рафтори мондагор, фарзандону дӯстон, эҷодиёту осораш!

Хокистари сари ту сад баргу шарар арзад,

Як барги хазони ту сад боғу баҳор арзад.

Аз дидаи мо рафтӣ, дар хоки сияҳ хуфтӣ,

Он қуббаи хоки ту, сад бурҷу манор арзад.

Хотири неки Бобоев Музафар ҳамеша дар ёди мо боқӣ хоҳад монд.

Ҷоятон биҳишту хонаи охират обод ва рӯҳатон шод бод, устоди гиромӣ!

Раёсати ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Leave a Comment