Имрӯз муаллими калони кафедраи «Металлургия»-и факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» — ХОҶАЕВ ФИРӮЗ КАМОЛОВИЧ рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «ДИАГРАММАҲОИ ҲОЛАТ ВА ХОСИЯТҲОИ ТЕРМОДИНАМИКИИ ХӮЛАҲО ДАР АСОСИ СУРБ» аз рӯйи ихтисоси — 05.16.02 – металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир бомуваффақият ҳимоя намуд. Ҳимоя дар базаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-009-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид.

Инчунин боиси ёдоварист, ки муаллими калони кафедраи “Забонҳо”-и факултети «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» — ИКРОМОВА ГУЛАНДОМ ХОЛОВНА рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «ЯЗЫКИ НАРОДОВ ЗАРУБЕЖНЫХ СТРАН ЕВРОПЫ, АЗИИ, АФРИКИ И АБОРИГЕНОВ АМЕРИКИ И АВСТРАЛИИ (ТАДЖИКСКИЙ ЯЗЫК)» рӯзи 25-уми январи соли 2019 дар базаи Шӯрои диссертатсионии Д 737.004.03-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ кард.

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ ин муваффақияти навбатии устодонро самимона муборакбод гуфта, дар фаъолияти ояндаи онҳо ва роҳи пурзаҳмату ифтихорманди илм пешравию комёбиҳо таманно менамояд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment