Ҷараёни ҷаҳонишавӣ ба ташаккулу инкишофи фарҳанги миллӣ хатар эҷод карда, доираи истифодаю рушди онҳоро хеле маҳдуд сохта истода буд. Аз ин рӯ, иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ибтикори зарурӣ ҷиҳати ҳифз ва нигоҳдошти ин сарвати гаронмояи миллат мебошад.

«Таърих дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат, пешомадҳои давлатро равшан мекунад»,- таъкид намудаанд Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Таърихи миллати тоҷик худ гувоҳи он аст, ки сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо марзи ҳунару ҳунармандист. Дар ҳар оилаи тоҷик нафаре ба ҳунари бобоӣ дилбастагӣ дошта, дар ҳолатҳои фориғ аз кор ва барои дарёфти ризқи фарзандон рӯй ба ин ҳунар меорад. Ба хотири болида гардидани рӯҳи гузаштагон аз асбобҳои онҳо истифода карда, ашёи рӯзгорро месозанд, ки дар рӯзгори ҳаррӯза ба кор меоянд. Бинобар ин замони он расидааст, ки ба воситаи омӯзонидани касбу ҳунарҳои аҷдодӣ, ки то имрӯз дар байни мардум чун анъана ҷо-ҷо идома доранд, насли худро ҳунар омӯзонда, ба ин восита сатҳи иқтисодии оиларо баланд бардорем.

Яке аз ҳунарҳои машҳуре, ки дар байни тоҷикон аз қадим маъруфу маълум будааст, кулолӣ мебошад. Кулолӣ ҳунари воло буда, усулҳои коркарди гилро дар бар мегирад. Аз аҳди бостон миёни халқи мо кулолӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт – дар рӯзгори одамон (кӯза, табақ, коса, пиёла, хум, танӯр, гулдон,) барои меъморӣ (хишт, кошикорӣ, муҷассамасозӣ ва дигар ҷузъҳои меъморӣ), дар ҳайкалтарошию санъати ороиш истифода шудааст. Аз гили махсус (хоки ширадори бо об омехтаву лагадмолу муштмолшуда) тайёр кардани зарфҳои гуногунро барои таъмини эҳтиёҷоти худ одамон ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш аз милод аз худ карда буданд. Тибқи маъхазҳои таърихӣ таъкид шудааст, ки нахуст ба кори кулолгарӣ танҳо занон машғул мешудаанд. Ин пеша ба ихтиёри мардон танҳо пас аз ихтирои дастгоҳҳои кулолӣ гузаштааст. Дар кашфиёти бостоншиносии ҳудуди Тоҷикистон намунаҳои зиёди осори кулолӣ – зарфҳои сафолӣ, махсусан хумҳои хурду калон дарёфт шудаанд, ки аз рушди ин ҳунар  дар байни ниёгони мо гувоҳӣ медиҳанд. Ҷомҳои маҳсули дасти кулолон, кӯзаҳои гарданборику дудаста, пиёлаҳои нафис санъати баланду таҷрибаи зиёди кулолонро собит менамояд. Тадриҷан дар олоти сохтаи кулолон нақшу нигор, сурати ҷонварону паррандаҳо ва ниҳоят катибаҳо пайдо мешаванд. Боз ҳам бозёфтҳои археологӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки санъати кулолӣ дар соҳаи бинокорӣ – ороиши иншооти гуногун, нақшпартоӣ дар сохтмон низ истифода мешудааст. Дар асрҳои миёна кулолӣ дар Мовароуннаҳр рушд меёбад. Дар Самарқанд ба оро додани зарфҳои сафолӣ таваҷҷуҳи зиёд доштаанд. Ин ҷо чунин зарфҳо бо сурбу қалъагӣ, рангҳои сабз, кабуду қаҳвагӣ пардоз меёфтанд. Дар асрҳои 1Х-Х истеҳсоли зарфҳои сирдор дар санъати кулолӣ расм мешавад. Катибаҳо бештар дар зарфҳои сафолии амсоли коса, пиёла, хум, кӯза навишта мешуданд. Кулолҳо барои нақшпартоӣ низ асбобҳои махсус сохта буданд. Кулолгарон дар миёни мардум чун ҳунармандони чирадаст эҳтирому эътибори зиёд доштанд. Азбаски онҳо барои кӯдакон низ олоти гуногун – бозичаҳо, монанди ҳуштак, лӯхтак, аспак, ҳайвончаҳои афсонавӣ… месохтаанд, обрӯю нуфузашон дучанд меафзуд. Бахусус кӯдакон онҳоро зиёд дӯст медоштанд.

Имрӯзҳо низ ин ҳунар густариш ёфтааст. Ҳоло барои кулолгарон дастгоҳҳои хеле тавонову дақиқкор офарида шудааст, заҳмати кулогарро даҳчанд сабук месозад. Кулолгарони даврони истиқлол тибқи дастгириҳои Пешвои муаззам кӯшиш доранд, ки усулҳои дерину аҷдодии кулолиро бо эҷодкории худ ғанитар бисозанд.

Зардӯзӣ мансуб ба санъатҳои ороишию амалӣ буда, дар рушди он нақши занҳо бештар дида мешавад. Зардӯзӣ ҳунарест, таввасути риштаҳои заррин (бештар зарду сафед) рӯйи матоъ нақшҳои гуногун дӯхта мешаванд. Нақшҳоро маъмулан дар рӯйи бахмал ва шоҳӣ медӯзанд. Муҳаққиқон бар он назаранд, ки дар гузаштаҳои дур зардӯзӣ дар рӯйи матоъҳои карбосӣ, пашмӣ ва дар рӯйи чарм низ маъмул будааст. Дар гузашта шоҳону вазирон ва амалдорони дарбор дар давлатҳои Осиёи Марказӣ бештар либосҳои зардӯзӣ ба бар мекарданд. Ҷомаи зардӯзии онҳо сайёҳони зиёдеро ба ҳайрат меовард. Аз ин рӯ, амирон дар марказҳо беҳтарин зардӯзҳоро даъват намуда, коргоҳҳои дӯзандагӣ месохтанд. Дар шаҳру маҳалҳои атрофи марказ низ зардӯзони мумтоз зиндагию кор мекарданд. Пас аз инқилоби октябр зардӯзон дар корхонаҳои давлатии зардӯзӣ дар як иттиҳодия бо нақшҳои ҷолиб ҷома, куртаҳои занона, тоқӣ, камарбанд, камзӯл, кафш, чойхалта, сарандозӣ арӯсӣ, ҷомаи домодиро зиннат мебахшиданд. Онҳо махсусан дар ороиши либосҳои арӯсию домодӣ заҳмати зиёд ба харҷ медоданд. Риштаҳои зарин бо истифода аз нахи босифат ва иловаи маҳлули нуқраю тилло ва бо ороиши сангҳои ҷилодори ватанӣ омода мешуданд. Зардӯзӣ низ дар замони мо рушд дорад ва дар бисёр намоишгоҳҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ва берун аз он маҳсули дасти ҳунармандони зардӯз ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҳунари оҳангарӣ, низ дорои таърихи ҳазорсола буда, ривоят аст, ки Ҳазрати Довуд дорои ҳунари оҳангарӣ буд. Бо тақозои замон аксари ин коргоҳҳо аз байн рафта буданд. Имрӯзҳо ин ҳунар ҷойгоҳ ва қадру манзалати худро боз дубора пайдо кард.

Ин ҳунармандон на танҳо олоти рӯзгор (дос, табар, теша, бел, каланд, панҷшоха, занҷир, наъл, узангу ва ғайра) месозанд, инчунин асбобҳои замонавӣ (дарвозаю панҷараҳои нақшину зебо ва барои пӯшонидани пешайвон болопӯшҳои мустаҳкам, барои кӯдакон гаҳвораю арғунчакҳои рангин) сохта ба истифода медиҳанд.

Чеҳраи фарҳангии халқи тоҷик дар ҳунарҳои мардумии он равшантар инъикос ёфтааст. Аз ин рӯ ҳунарҳои мардумиро ҳифз бояд карду барои равнақу ташаккули онҳо шароити созгор муҳайё намуд. “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2019-2021” аз ҷониби Пешвои миллат муҳимтарин иқдомест дар ин самт.

Бо такя ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои муааззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси арҷгузорӣ ба ҳунарҳои мардумӣ моро лозим меояд, ки ин иқдоми некӯро дастгирӣ намоем ва тарғибу ташвиқи манзараҳои зебои диёр, табиати афсункори Тоҷикистонро тибқи расму оини тоҷиконаи худ ба роҳ монда, диққати саёҳонро ҷалб намоем. Ҳар як сайёҳи ба кишвар воридшударо бо туҳфае ва бо хотираи нек гусел намоем.

Ҷалби сайёҳони хориҷиро ба кишварамон таввасути ворид намудани аксу наворҳои манзараҳои дилкаш чун дараи Варзобу Анзоб, Ромит, Сарихосору Муъминобод, дараҳои пайдарҳами Сангвор ва ғайра дар сайтҳои иҷтимоӣ, ролику рекламаҳо ба воситаи васоити ахбори оммаи кишвар ва бурунмарзӣ метавон ҷалб намуд. Дар ин самт месазад, ки сатҳу сифати хизматрасониро низ беҳтару хубтар ба роҳ монд. Зеро имконоти хуби ҷалби сармояи хориҷиро метавон тибқи воридшавии сайёҳон афзоиш дод.

Саторова М.Қ. – мудири Шӯъба ташкилию тарбиявӣ