Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад,ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2019 миёни олимони ҷавон озмун эълон менамояд.
Довталабон метавонанд ҳуҷатҳоро тибқи талаботи Низомномаи озмуни мазкур омода намуда, аз 10 феврал то 6 майи соли 2019 ба унвони кумита пешниҳод намоянд.