Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣи – Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳли ҷомеа ба хушнудӣ қабул намуда, тибқи роҳнамоиҳои он корҳоро бо нигоҳи наву иродаи устувор дар самтҳои мақбули низоми муосир ва дурнамои рушди марҳилаи нав иҷро хоҳанд намуд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Аз нахустин рӯзҳои истиқлолият муҳимтарин ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се самт: таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ равона гардида буд.

Пешвои миллат расман расидан ба ҳадафи стратегии аввалро дар Паёми имсола баён намуданд: “Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад”.

Дар фосилаи ками таърихи давраи истиқлолият барои расидан ба ин ҳадафҳо корҳои зиёде анҷом гардид, ки бештари онҳо бевосита бо ташвиқ ва ё ташаббуси шахсии Пешвои миллат ва он ҷасорату шаҳомат ва муҳаббати гарму ҷӯшони он ба миллат анҷом ёфтааст, ки имрӯз кишвар аз ҳар рӯзи дигар бештар мешукуфаду ба дастовардҳои бузурги нав ба нав ноил мегардад. Хусусан дар самти ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқии обӣ оғоз гардиданд. Ба кор андохтани агрегати аввали НБО-и “Роғун” намунаи олии онҳост. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд, ки “Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодаем.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт.

Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Вобаста ба ин зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад”.

Масъалаи муҳими дигар ки дар Паём мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин раҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ буд, зеро бидуни ҳалли ин масъала ба рушди босуботи иқтисодии мамлакат умед бастан мушкил аст. Инчунин аз минбари баланд Пешвои миллат баён намуданд, ки “Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид”.

Масъалаи дигаре, ки хеле ташвишовар мебошад, ин таъмини амнияти озуқаворӣ ба шумор меравад, ки бевосита ба инсонҳо равона гардидааст ва дар сурати пастсифат будан ё ба стандартҳои санитарию экологӣ мутобиқ набудан ба саломатии миллат зарари ҷиддӣ ворид менамояд. Хусусан дар ин масъала бештар истода таъкид намуданд “Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст”.

Пешрафти соҳаи кишоварзӣ амнияти озуқавориро пешбинӣ менамояд, ки дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд мегузорад.

Амалӣ гардидани ин ҳадафҳоро ба инобат гирифта, Пешвои миллат бо боварӣ ҳадафи чоруми миллиро саноатикунонии мамлакат муайян намуда, ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат карда гуфтанд: “Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти худро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вусъат бахшанд ва доир ба вазъи иҷрои корҳо ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.

Мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб мебошад.

Вобаста ба ин пешниҳод менамоям, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад ва сохторҳои марбута дар давоми як моҳ тартиби татбиқи имтиёзи мазкурро муайян намоянд.

Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад.

Соли ҷорӣ аз 20 номгӯйи молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда афзоиши истеҳсоли 15 номгӯйи он таъмин гардид.

Вале ба рақобат тобовар набудан ва баланд будани арзиши аслии маҳсулоти баъзе корхонаҳо, номукаммал будани роҳҳои ҳифзи манфиатҳои содиркунандагон дар хориҷи кишвар то ҳол ба таъмин намудани гуногунсамтии истеҳсолот ва содирот мусоидат накарда истодааст”.

Пешвои миллат дар мавриди мушкилоти асри XXI терроризму экстермизм мавқеи худро баён дошта, зикр карданд, ки “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”. Ин хатари афзоянда тақрибан давлатҳои ними сайёраро фаро гирифтааст ва аз таҳдидҳои замони муосир ба шумор рафта, ҳар давлати миллиро таҳдид мекунад. Аз ин рӯ қайд карданд, ки “Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд.

Илова намуданд, ки “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Хулоса, Паём тамоми масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати кишварамонро инъикос менамояд. Дар охир Пешвои миллат ба ҳар фарди ҷомеа таъкид намуданд, ки “Соли 2021 мо ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем.

Мо барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем.

Дар ин марҳалаи барои ояндаи кишварамон сарнавиштсоз ҳар яки мо – аз Роҳбари давлат, аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент сар карда, то роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хизматчиёни давлатӣ вазифадорем, ки як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем: тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад.

Бинобар ин, ҳар яки мо – роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо.

Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.

Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем.

Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Ин аст, муроҷиати ман ба шумо – мардуми азизу шарафманди Тоҷикистон, вакилони мақоми олии қонунгузори мамлакат, аъзои Ҳукумат ва кулли хизматчиёни давлатӣ!”

Сироҷиддинзода М.М. – номзади илмҳои фалсафа.

Leave a Comment