Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, деканати факултетҳои «Нақлиёт», «Технологияҳои инноватсионӣ» ва «Сохтмон ва меъморӣ» устодони кафедраи худро ба муносибати ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмиашон самимона муборакбод мегӯяд.

Хотиррасон мешавем, ки муаллими кафедраи «Ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ»-и факултети «Нақлиёт» — БОБОБЕКОВ ОРИФҶОН ҚОБИЛОВИЧ дар мавзӯи “мЕТОДИКА ФОРМИРОВАНИЯ ПAРКA МAШИН КРУПНОГО ГОРОДА ДЛЯ СОДЕРЖАНИЯ ДОРОГ И ОБЕСПЕЧЕНИЯ ЕГО РАБОТОСПОСОБНОСТИ (на примере города Душанбе) аз рӯйи ихтисоси 05.05.04 – Дорожные, строительные и подъемно-транспортные мaшины (ҳимоя рӯзи 31-уми январи соли 2019 соати 1500 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии Д 212.223.02-и назди Донишгоҳи давлатии меъморию сохтмонии шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид), ассистенти кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология» ДАНИЯРОВА ФАРЗОНА ИЛҲОМҶОНОВНА дар мавзӯи «ЭКОЛОГИЧЕСКИЕ АСПЕКТЫ УПРАВЛЕНИЯ УСТОЙЧИВОГО РАЗВИТИЯ ГОРОДОСТРОИТЕЛЬСТВА В КЛИМАТИЧЕСКИХ УСЛОВИЯХ ТАДЖИКИСТАНА» аз рӯйи ихтисоси — 03.02.08-экология (ҳимоя рӯзи 28-уми феврали соли 2019 соати 900 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-041-и назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид) ва муаллими калони кафедраи «Газугармитаъминкунӣ, вентилятсия ва энергетикаи гармо» ПИРМАДОВ МУРОДМАД ДАВЛАТОВИЧ дар мавзӯи «ХУСУСИЯТҲОИ ГАРМОФИЗИКӢ ВА ДИФФУЗИОНИИ ХОКАҲО БАРОИ РӮЙПӮШКУНИИ МЕТАЛЛҲО ДАР АСОСИ МИС ВА НИКЕЛ ВОБАСТА АЗ ҲАРОРАТ ВА НАМНОКӢ» аз рӯйи ихтисоси — 01.04. 14-гармофизика ва назарияи техникаи гармо (ҳимоя рӯзи 28-уми феврали соли 2019 соати 1100 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-041-и назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид) рисолаи илмиашонро ҳимоя намуданд.

Донишгоҳ умедвор аст, ки дар ин роҳи пурмашаққати илм бо иродаи қавӣ дигар унвонҷӯён ва аспирантони донишгоҳ низ гавҳари мақсуди худро меёбанд. Дар ин роҳ ба тамоми раҳнавардони илм муваффақият хоҳонем.

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment