Озмуни “Полиграфисти беҳтарин” бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, 15-солагии таъсисёбии кафедраи “Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ” оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни кафедра имрӯз ҷамъбаст гардид.

Ҳайати комиссия оид ба гузаронидани озмуни мазкур бо фармоиши Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти рақами №119 – 3/4, аз 9.02.2019 сол ба тасвиб расида буд. Ба ҳайси раиси комиссия н.и.т., и.в., дотсент, мудири кафедра Равшанов Д.Ч., аъзоён – муовини декани факултети “Технологияи инноватсионӣ” оид ба илм ва донишҷӯёни шартномавӣ Тошев М.Т., муаллими калони кафедра Сафаров Б.С., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Акрамов С.С. ва котиби озмун Хоҷаназаров Х.М. интихоб шуданд.

Комиссияи мазкур мутобиқи талаботи зерин озмунро доир намуд:

-фаъолнокии донишҷӯ дар дарсҳо ва корҳои ҷамъиятӣ;

-маҳорати корӣ бо яке аз барномаҳои полиграфӣ;

-донистани забони хориҷӣ;

-омодасозии маърӯза дар мавзӯи “Полиграфияи муосир”;

-корҳои илмии ба анҷом расонида.

Сараввал Равшанов Д.Ч. – Раиси комиссия баромад намуда, озмуни мазкурро кушода эълон намуд. Баъдан ҳамаи донишҷӯён ва иштирокчиёнро бо идҳои дарпешистода – 11-уми март – “Рӯзи матбуоти тоҷик”, Иди “Наврӯз” ва бонувонро бо “Рӯзи Модарон” табрик намуда, ба ҳамаи онҳо сиҳату саломатӣ, хонаи обод, хониши аъло ва ба иштирокчиёни озмун бурдбориро таманно намуд.

Баъдан сухан ба котиби озмун Ҳоҷаназаров Х.М. дода шуд. Хоҷаназаров Х.М. ҳозиринро бо ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи донишҷӯён шинос намуд.

Донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра Шомансурова Б.А. (дар мавзӯи “Роль давления в печатном процессе”), Саидов Қ.Р. (дар мавзӯи “Востанавление деталей полиграфических из полимерных материалов”), Мирзозода Файзулло (дар мавзӯи “Наука – аснова инновационного развития”), Сатторов А.К. (дар мавзӯи “Влияние вязкости на качество печати”), Неъматуллоев К.Ҳ. (дар мавзӯи «Оборудования и ее технологическая схема изготовление бумаги»), Одинамамадов Ҷ.Ш. (дар мавзӯи ”Разработка дизайна полиграфической продукции”), Давлатшоев Алидин (дар мавзӯи “Планшетный сканер”) ва Дӯстов Зоиршо (дар мавзӯи “Adobe photoshop”) маърӯза намуданд.

Дар охир раиси комиссия Равшанов Д.Ч. бори дигар ҳамаи иштирокчиёнро барои омодагии хубашон миннатдорӣ намуда, ба онҳо барои боз ҳам хубтар аз худ кардани соҳаи интихобкардаашон маслиҳатҳои муфид дод.

Тошев М.Т. – муовини декани факултети “Технологияи инноватсионӣ” оид ба илм ва донишҷӯёни шартномавӣ баромад намуд. Ӯ қайд кард, ки имрӯз шогирдон бо баромадҳои хуби худ моро хушҳол карданд. Як пешниҳод дорам. Дар пеш конференсияи илмӣ-амалӣ донишҷӯён, аспирантон, магистрон таҳти унвони «Илми тоҷик – пешбарандаи тараққиёти ҷомеа» дар донишгоҳ баргузор мегардад. Мехостам ҳамаи ин иштирокчиён бо маърӯзаҳои хуби худ дар ин конференсия фаъолона иштирок варзида, муаррифгари кафедраи худ бошанд.

Акрамов С.С. мудири шуъбаи кор бо ҷавонон низ миннатдории худро ба мудири кафедраи ТМ ва ТИП Равшанов Д.Ч. ва муовини декани факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” оид ба илм ва донишҷӯёни шартномавӣ Тошев М.Т. барои ташкил ва гузаронидани чунин озмун расонид. У қайд кард, ки чунин озмунҳо метавонанд савияи дониш, ахлоқу кирдори донишҷӯёнро боло бардошта, аз ҳар гуна рафтору кирдори бад онҳоро нигоҳ дорад.

Шомансурова Б.А. – донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 360601 зикр намуд, ки ман аз номи худ ва аз номи баромадкунандагон миннатдории худро ба ташкилкунандагони озмуни “Полиграфисти беҳтарин” мерасонам. Маҳз ин озмун метавонад савияи дониши моро мукаммалтар намуда, ҳамаи донишҷӯёни кафедраро чӣ дар курси якум ва чӣ дар курси чорум сарҷам намояд. Инчунин ҳамчун хатмкунанда ба донишҷӯёни курсҳои поёнӣ ҳаминро гуфтаниам, ки вақтҳои холигии худро дар истеҳсолоти полиграфӣ гузаронед. Чунонки гуфтаанд “Шунидан кай бувад монанди дидан”. Бисёртар оид ба техника ва технологияи муосир мавод ҷӯед, онҳоро аз худ кунед. Бори дигар ба ҳамаи шумоён рӯзи “Матбуоти тоҷик” муборак бошад.

Баромад ва фаъолияти донишҷӯёнро ба назар гирифта, бо қарори ҳайати комиссияи озмуни “Полиграфисти беҳтарин” бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, 15-солагии таъсисёбии кафедраи “Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ” оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмун бо ифтихорнома ва сипосномаи декани факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” қадрдонӣ шуданд:

-Ифтихорнома барои ишғоли ҷойи аввал ба донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи 470201А, Мирзозода Файзулло;

-Ифтихорнома барои ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи 3-юми гурӯҳи 470201, Одинамамадов Ҷаҳонгир Шанбеевич;

-Ифтихорнома барои ишғоли ҷойи сеюм ба донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи 470201, Саидов Қаландаршо Расулович;

-Сипоснома барои иштироки фаъолона ба донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 360601, Сатторов Азимҷон Каримҷонович;

-Сипоснома барои иштироки фаъолона ба донишҷӯи курси 1-уми гурӯҳи 470201, Дӯстов Зоиршо.

Равшанов Д.Ч. – мудири кафедраи ТМ ва ТИП

Leave a Comment