Устодон, ҳамкорон, донишҷӯён – бонувони гиромӣ!

Шуморо аз номи Раёсат, коллективи устодону кормандон ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ бо фарорасии ҷашни муборак, дилнишин, зебо ва ҳамешаҷавони Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, ба якояки Шумо тансиҳативу хонаи обод ва бурдбориҳо таманно менамоям.

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Зан – Модар шахсияти муқаддас аст. Вақте симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ҳарфи Модар аст, каломи поктарине, ки мо бар забон меорем, Модар аст.

Зан – Модар ҳамчун сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти инсоният, рафиқи бовафои мард, модари меҳрубони фарзанд, хоҳари дилсӯзи бародар ва сутуни асосии хонадон барои мо мавқеи мустаҳкам дорад. Маҳз Рӯзи Модар унвон гирифтани ин рӯзро, ки дар тамоми ҷаҳон бо унвонҳои гуногун ном гирифта мешавад, моро ба дарки олами бепоёне раҳнамун месозад, ки он дунёи Меҳр, дунёи Модар аст. Ин Меҳр поён надорад, ҳатто он замоне, ки фарзанд хатогие мекунад, танҳо Модар метавонад бубахшад. Бахшандагию меҳрубонӣ, дилсӯзию шафқат барин хусусиятҳои Модар ӯро барои мо азизтарин гардонидааст.

Дар ситоиши занон бузургони олам андарзҳои безавол офаридаанд. Ҳазрати Муҳаммад (с.а. ва с.) дар васфи Зан – Модар чунин фармудаанд: “Биҳишт зери қудуми модарон аст”. Аз ин рӯ, ҳар касе Зан – Модарро хор медорад, ӯ назди Худованд гунаҳкор аст. Ба қавли Муҳаммади Ҳиҷозӣ “Ягона доваре, ки гуноҳҳои мо ҳар чӣ бошад, мебахшад, Модар аст”. Ва ин гуна бахшиданро фақат Худованди Пок метавонад. Аз ин рӯ, Модар офаранда аст, бахшанда аст.

Шоирон бо меҳр ашъорашонро ба модарон бахшидаанд:

Меҳрубоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст,

Қаҳрамоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст.

Аввалин рафтору гуфторам бувад аз дасти ӯ

Нуктадоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст.

Ҳазрати Лоиқ ба васфаш ёдгор эҷод кард,

Ҷовидоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст…

Рӯзи Модар рӯзи накӯю меҳру навозиш аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми марти соли 2009 дар Паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон пешниҳод намуданд, ки аз ин баъд 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил гардад. Зеро аз суханронии Роҳбари давлат бармеояд, ки “Иди занон, ки як замон онро байналмилалӣ эълон карда буданд, собиқаи ҳамагӣ садсола дорад. Вале имрӯз мо бояд донем, ки аҷдоди пуршарафи тоҷикон – мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд.

Чунон ки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абӯрайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдодии мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд.

Яъне тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое, ки алҳол мо ҷашн мегирем. Берунӣ менависад: “Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору хайрхоҳ ваколатдор аст.

Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Ва ин расм ҳанӯз дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла боқӣ мондааст. Ва онро ба форсӣ “муждагирон” мегӯянд”.

Маълум мешавад, ки ин таомул аз замонҳои хеле қадим тақрибан то асри дувоздаҳ боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими қадим, ки дар он ҷо ҷашни занон вуҷуд доштааст, баъзе олимон тахмин кардаанд, ки ин расм ба он кишвар аз ватани ориёиҳо рафтааст.

Пас имрӯз – дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аҷдодии аз хотирҳо рафтаи худ – Иди Модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми Зан – Модарро пос медорад. Зеро

Ин назокат, ин латофат, ин муҳаббат, ин вафо

Аз ҳамоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст.

Роздони қалби ман, роҳатрасони қалби ман,

Қадрдоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст.

Эҳтимол дар таърих кам мардуме вуҷуд дорад, ки соҳиби чунин фарҳанги қадимаи иззати занон бошад. Аз ин лиҳоз, мо чунин суннату таомулҳои миллиамонро хеле бузургу боарзиш медонем ва бовар дорем, ки эҳё кардани ин ҷашн ба манфиати маънавии миллатамон хоҳад буд.

Ҷашн гирифтани Рӯзи Модар на чун ҷашни сунъие, ки ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад, балки ҳамчун идомаи анъанаҳои бостонии халқи худамон, бо асолат ва муҳтавои азалиаш таҷлил мегардад. Итминон дорам, ки ҷомеаи мо ба чунин иқдом, ки боз як падидаи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои ниёгонамон мебошад, омода аст”.

Бонувони гиромӣ!

Иди бонувон баробари оғози эҳёи табиат – фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дар маҷмуъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд.

Аслан сиришти занону модарони рӯйи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст.

Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.

Гузашта аз ин, Зан – Модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад.

Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ аст, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад, сахтҷониву бурдбориро пеша карда, фарзандашро некӯ медорад, ӯ ҷаҳоне дар ҷаҳони мо аст:

Дар ҷаҳони неку бад, дар ҷаҳони хайру шарр,

Ман ҷаҳоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст.

Аз сабуриҳои Модар мефизояд хайри ман,

Сахтҷоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш Модар аст.

Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми Модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои Модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.

Имрӯз занон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохтори давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин дар донишгоҳи азизи мо фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Аз ин рӯ, бори дигар Шумо ва дар симои Шумо тамоми модаронро дар ин рӯзи фархунда табрик гуфта, саломатии бардавом, хандаю табассуми абадӣ, зебогии ҷовидонаро бароятон таманно дорам. Бигзор ҳамчун гулҳои шукуфони баҳорони Тоҷикистони азиз доимо бехазон бошед.

Leave a Comment