Варзиш сарчашмаҳои таърихии дуру дароз дошта, онро беҳтарин воситаи зебоӣ, тавоноӣ, доноӣ ва инчунин солимии ҷомеа меноманд. Шахси ба варзиш машғулшаванда метавонад, ки худро ҷавону солим ва зебою доно нигоҳ дорад. Дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо кӯмаку дастгириҳои бевоситаи Раёсати донишгоҳ ҳамасола барои пешрафти корҳои илмию варзишӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, нигоҳ доштани солимии ҷомеа дар кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ” Спартакиада аз рӯйи 5 намуди варзиш байни омӯзгорону кормандон, аз рӯйи 7 намуди варзиш байни донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида мешавад. Соли хониши 2018-2019 Спартакиадаи 60-уми донишгоҳ доир шуд. Омӯзгорон ва кормандон аз худ маҳорату малакаи баланди касбии варзишӣ нишон дода, ҷойҳои намоёнро ишғол карда истодаанд. Дар спартакиадаи байни кормандон ва омӯзгорон ҳашт даста иштирок намуда, аз байни ин дастаҳо дар ҷойи аввал бо гирифтани ду медали тилло дастаи “Раёсат”-и донишгоҳ ва ҷойи дуюм бошад, насиби дастаи факултети СваМ, дар ҷой сеюми спартакиада дастаи факултети ТИ ва дар ҷой чаҳорум бошад, дастаи факултети энергетикии донишгоҳ қарор доранд.

Омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ бошанд, ҳамарӯза фориғ аз кори донишгоҳ боз ҳам барои сайқал додани маҳорату малакаи варзишӣ ва ба хотири беҳтар нигоҳ доштани саломатии худ дар толорҳои варзишии донишгоҳ машқу тамринҳо менамоянд. Ғолибони ин спартакиада аз тарафи раёсати донишгоҳ низ бо туҳфа ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд. Омӯзгорони кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ” бошанд, аз рӯйи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ спартакиадаро пеш мебаранд. Бозиҳои спартакиада аз рӯйи қоидаҳои байналмилалӣ гирифта шуда, тибқи қоидаҳои байналмиллалӣ гузаронида мешаванд.

Омӯзгорони кафедра бо мақсади боз ҳам дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои варзишии донишгоҳ аз худ маҳорату малакаи олии касбӣ-варзишӣ нишон дода, дар ин бозиҳо доварӣ менамоянд.

Наҷмуддинов А.С. – мудири кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ”

Маҳмадалиев Н.Э. – муаллими кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ”

Leave a Comment