МУҲТАРАМ ДОНИШҶӮЁН, МАГИСТРАНТҲО ВА АСПИРАНТОНУ УНВОНҶӮЁН,

бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар Конференсияи Ҷумҳуриявии IV илмӣ-амалии донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантону унвонҷӯён таҳти унвони

«ИЛМ – АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ»

ки бахшида ба Рӯзи илм санаи 24-25-уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор мегардад, даъват менамоем.

Конференсияи мазкур бо мақсади мубодилаи иттилоотии илмӣ-амалӣ, ки роҳҳои пешрафти техника ва технологияи навин, рушди ҳамкориҳо дар татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва инноватсионӣ, роҳандозии робитаҳои корӣ ва муносибатҳои тиҷоратиро дар ин самт муайян месозад, баргузор мегардад.

Самтҳои кории КОНФЕРЕНСИЯ:

  1. ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ МУҲАНДИСӢ;
  2. ЭНЕРГЕТИКА;
  3. ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛЛОТӢ;
  4. СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ;
  5. НАҚЛИЁТ ВА СОХТМОНИ НАҚЛИЁТӢ;
  6. ТЕХНОЛОГИЯИ ХИМИЯВӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ;
  7. МОШИНСОЗӢ, МАСОЛЕҲШИНОСӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МАВОД;
  8. ИЛМҲОИ БУНЁДӢ (МАТЕМАТИКА, ФИЗИКА, ХИМИЯ);
  9. ИҚТИСОДИЁТ;
  10. ФАНҲОИ ИҶТИМОӢГУМАНИТАРӢ;
  11. ЭКОЛОГИЯ.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Давомнокии маърӯза:

-баромади пленарӣ – 15-20 дақиқа;

-баромади сексионӣ – 10 дақиқа;

-гузориши стендӣ – 5 дақиқа.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯ

Ҳаҷми маводҳои пешниҳодшуда то 4 (чаҳор) саҳифаи пурра (на кам аз 2 саҳифа) бошад. Барои қабули маърӯзаҳо ва сари вақт бақайдгирӣ иштирокчиёнро зарур аст, ки то санаи 30 марти соли 2019 мақолаи матраҳшудаи худро ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар шакли электронӣ ба почтаи kamol-1804@mail.ru ва чопӣ пешниҳод намоянд. Пас аз санҷиши мақолаҳо аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ва гирифтани тақризи мусбӣ мақолаи Шумо ба маҷмуаи маводи конференсия ҷой дода мешавад.

ТАЛАБОТ ОИД БА ТАРТИБИ ОРОИШИ МАВОД

  1. Маводҳо то 4 саҳифаи пура (дар варақи сафеди формати А4 бо ҳошияҳои 25 мм аз ҳама тарафҳо) пешниҳод карда мешавад. Саҳифаҳо рақамгузорӣ карда намешаванд. Маводи маърӯзаро бо истифода аз редактори Word, бо шрифти Times New Roman, Times New Roman Tj (кегел 14), бо як фосилаи байни сатрҳо (одинарный интервал) тартиб дода мешавад. Нусхаи якуми матни чопии мавод аз тарафи ҳамаи муаллифон имзо карда мешавад. Мавод бояд ҷавобгӯи нақшаи сохтории зерин бошад: номгӯй, ному насаби муаллифон, номи ташкилот, шаҳр, давлат, матни асосӣ, хулосаҳо, номгӯйи адабиёт, шарҳи мухтасар (аннотация), маълумот дар бораи муаллифон. Номгӯй бо ҳарфҳои калони равшан, бе фосила аз ҳошияи боло, бе кӯчонидан ба сатри дигар, дар марказ навишта шавад. Баъд аз як сатри холӣ, бо ҳарфҳои калон ному насаби муаллифон бо шрифти равшан, дар қавсҳои гирд бо курсив номи ихтисори ташкилот, шаҳр, давлат бо вергул ҷудо намуда, марказонида шавад. Баъдан матни асосиро оваред. Шарҳи мухтасар (аннотация) бо забони маърӯзаи пешниҳодшуда ва бо забонҳои рӯсӣ ва англисӣ оварда шавад (нигаред ба намуна).
  2. Расмҳо, тасвирҳо, диаграммаҳо ва нақшаҳоро дар формати *bmp, *gif, *jpg, *dwg, бо андозаи на кам аз 6060 мм ва бо ҷо ба ҷогузории объектҳо аз рӯйи равиши мавод омода намоед.

Ҷадвалҳо бояд номгузорӣ карда шаванд. Зери ҳар расм ва болои ҷадвали объектҳои сохташуда ном ва рақамгузорӣ карда шавад. Ҳар як расм ва ҷадвали овардашуда аз боло ва поёни матн як интервал фосила гузошта шавад.

  1. Формулаҳоро бо курсив навишта, аз матни асосӣ бо як интервал ҷудо ва рақамгузорӣ намоед ва дар марказ қарор диҳед. Рақамҳо дар қавсҳои гирд навишта шуда, дар тарафи рости ҳошия қарор дода шавад. Таҳриргари формулаҳо Microsoft Equation мебошад. Услуби формулаҳо барои Microsoft Equation: Full — 12 pt, Subscript/Superscript — 10 pt, Sub-Subscript/Superscript — 8 pt, Symbol — 12 pt, Sub-Symbol — 10 pt.
  2. Маводе, ки мувофиқи талабот омода нашудааст ва ба мавзӯи конфронс мувофиқ нест, инчунин ба кумитаи тадорукот дер ирсол шудааст, барои чоп тавсия намешавад.

Суроғаи мо

  1. ш. Душанбе, хиёбони акад. Раҷабовҳо, 10,

2 ошёна, утоқи. 204 – маркази иттилоот ва нашр.

(Тел/факс: (992 37) 227 15 36; (992) 93-913-92-92

* E-mail: kamol-1804@mail.ru

ШАХСОНИ МАСЪУЛ:

— Раҳмонзода А.Ҷ. – сардори Раёсати илм ва инноватсия.

— Бабаева А.Ҳ. — мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ.

— Саъдуллода Шаҳриёр – мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ.

— Юнусов Ф.М. – сардори маркази иттилоот ва нашр.

— Гулямов К.Ҳ. – мутахассиси пешбари шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ.

— Самиев Ш.Ф. – мутахассиси пешбари шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ.

НАМУНАИ ОРОИШИ МАВОД