Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ниёгони мо ба хисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.

Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Мувофиқи қарори СММ ҳамасола ҷашни Наврӯзро дар тамоми давлатҳои дар ҳайати СММ буда ҷашн мегиранд. Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳама зиёд ва хубтару бештар Наврӯзи хуҷастаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистони худамон ҷашн мегиранд ва тамоми расму русуми дар гузашта мардуми ориёӣ доштаро мо дар ҷашни Наврӯз қайд менамоем ва тамоми он бозиҳое, ки дар ин фасл ҳаст, ҷавонон бо меҳру муҳаббати хос қайд мекунанд.

Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд.

Чунон чи дар асари машҳури Ҳаким Умари Хайём – «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин суханҳои пурмаънӣ омадааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз 1 шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад ӯ ибтидо карданд».

Марселиюс – бозаргони румӣ ки дар даврони Сосониён ба Эрон сафар карда, худ шоҳиди ҷашни Наврӯз будааст, дар сафарномаи худ менависад: “Дар аввалин рӯзи ҷашни Наврӯз духтарону занони пойтахт бо либосҳои абрешими обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдӯхта дар саҳни кох ҷамъ шуда ба пойкӯбӣ ва рақс мепардохтанд. Дар дохили толори салтанатии кохи Нигористони Хусрави Анӯшервон, ки шаш ҳазор метр масоҳат дорад, фарши заминаш сафеди як қитъаи муайян ба ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шудааст”.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз дар байни олимон ва таърихшиносони қадиму муосир фикрҳои зиёд ба чашм мерасад. Наврӯз ҷашнест, ки аз замонҳои хеле қадим ба мо боқӣ мондааст, ба ғайр аз Наврӯз мо ягон ҷашнро ин қадар бошукуҳ ва шаҳомати зиёд ҷашн намегирем. Наврӯз ҷашнест, тамоми пиру барноро ба як рӯзи хуш меоварад ва дар давраи ҷашнгирии он мардум муттаҳид мешаванд, аз аҳволи якдигар хабардор шуда, онро бо тантана ҷашн мегиранд. Дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз санаи аниқ мавҷуд нест, танҳо ҳаминаш маълум аст, ки он таърихи сеҳазорсола дорад. Дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз Абулқосим Фирдавсӣ чунин маълумот додааст: “Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоёт, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд”.

Санаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Дорои 1 ба муносибати Наврӯз дар соли 414 пеш аз қарни мо сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯйи он сарбоз дар ҳолати тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоятҳо аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шудааст. Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мекобад ва дарҳои онҳоро ба рӯйи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Фарқи ҷашни Наврӯз аз дигар идҳо дар он маҳсуб меёбад, ки онро дар фасли баҳор ҷашн мегиранд ва оғози кишту кори баҳорист. Дар ин фасли сол табиат ба зиндашавӣ оғоз менамояд ва аз ҳама фасли зеботарин маҳсуб мешавад. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. На ин ки дар давраи Сосониён, балки дар Тоҷикистони ирӯза ҳам Наврӯзро муддати як моҳ ҷашн мегиранд.

Он замон ҷашнгирӣ ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Ривояти дигаре ҳаст, ки манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро «Наврӯзи кучак», «Наврӯзи омма» ва «Наврӯзи сағир» гӯянд. Худой таъоло дар ин рӯз оламро офарид ва ҳар ҳафт қабат дар авҷи тадвир буданд ва авҷоти ҳама дар нуқтаи аввал Ҳамал буд. Дар ин рӯз ҳукм шуд, ки ба сайру давр дароянд ва Одам алайҳиссаломро низ дар ин рӯз халқ кард ва баъзеҳо гуфтаанд, ки Ҷамшед, ки ӯ аввал Ҷам ном дошт ва арабҳо ӯро Манушалх мегӯянд, сайри олам мекард. Чун ба Озарбойҷон расид, фармуд тахти мурассае бар ҷойи баланде рӯ ба ҷониби машриқ гузоранд ва худ тоҷи мурассае бар cap ниҳода бар он тахт нишаст.

Ҳамин ки офтоб тулӯъ кард ва партаваш бар он тоҷу тахт уфтод, шӯълае дар ғояти равшанӣ падид омад. Мардумон аз он шод шуданд ва гуфтанд «ин рӯзи нав аст» ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро «шед» мегӯянд, ин лафзро бар ҳукм афзуданд ва ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он рӯз ин расм пайдо шуд».

Маълум аст, ки агар ҳам дар дарбори шоҳони Сосонӣ як моҳро ба Наврӯз ихтисос медоданд, ин амр мустаҳками он набуд, ки оҳоди раият низ даст аз кор бикашанду ба айшу нӯш пардозанд. Чун давоми зиндагии аксарияти аҳолии заҳматкаш низ бар кору талоши доим устувор буд ва ҳамон ки сездаҳи Наврӯз ба cap мерасид, ба таври ҷиддӣ кӯшишҳои вақфанопазиру бетакаллуфи худро аз cap мегирифтанд. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма, табақае аз табақоти мардум деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дасти ёрӣ дароз мекард ва дар ин фасли сол бисёр ба мардум муомилаи хубро ба роҳ мемонд. Дар рӯзи шашуми шоҳ ҳаққи табақоти гуногуни мардумро адо карда буд ва дар ин рӯз танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор мегузоштанду тӯли панҷ рӯз мардумро қабул мекарданд, ҳоҷати онҳоро мебароварданд ва ҳадяҳо ба аҳолии маҳаллӣ медоданд. Нахустин касе ки барои дидани подшоҳ меомад, муъбади муъбадон ва пас аз он дигарон, ҳар кадом дар гурӯҳи пешаи худ пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум Наврӯзи Бузург буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён дар майдони назди қаср ҷамъ омада, Наврӯзи хуҷастаро бо тантана ҷашн мегирифтанд.

Асоев Комрон Мирзоевич, Шарифзода Раҳматулло Файзулло – ассистентони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment