7-уми марти соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи асосии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро Президенти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Саидмуродов Л.Х. ифтитоҳ бахшида, доир ба фаъолияти академия ҳисобот пешниҳод намуд. Дар ҷаласаи умумии академия Иванов Л.А. – н.и.т., академики Академияи муҳандисии Россия, Копытков В.В. – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи Филиали донишгоҳи ҳифзи шаҳрвандии ш. Гомели ВҲФ Ҷумҳурии Беларус ва Шапакидзе Э.Д. – д.и.т., профессор, академики илмҳои хоҷагии деҳоти Гурҷистон, академики Академияи муҳандисии Гурҷистон ҳамчун академики ифтихорӣ (хориҷӣ) интихоб гардиданд.

Инчунин тариқи овоздиҳии махфӣ ба аъзои пайваста – Саидмуродов Л.Х., Одиназода Ҳ.О., Қаландаров А.Х. ва ба аъзои вобаста Саидӣ Д.Р., Бобоҷонов Р.М., Алимов А.Л., Фохаков А.С., Назарзода Х.Х., Боқиев Б.Р., Насриддинов З.З., Султонов Ш.М. пазируфта шуданд.

Академияи мазкур нияти онро дорад, ки тамоми муҳандисони ҷумҳуриро дар фазои эҷодию навоварӣ, ихтироъкориву табодули таҷриба муттаҳид намояд.

Маркази иттилоот ва нашр.