Кафедраи “Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли полиграфӣ”-и донишгоҳ 15-сола шуд.

Ба ин муносибат ва бахшида ба “Рӯзи матбуот” дар донишгоҳ семинари 4-уми илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Дирӯз, имрӯз ва фардои матбуоти тоҷик” баргузор шуд.

Дар оғоз декани факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” Маҳмадизода М.М. баромад карда, ба устодон ва кормандони фаъоли кафедра, соҳа ва ғолибони озмуни “Полиграфисти беҳтарин” ифтихорномаву сипосномаҳо супурд. Баъдан устодони кафедра бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ баромад намуданд.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки чорабинии мазкур бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ ва кӯшишу талошҳои мудири кафедраи мазкур – Равшанов Д.Ч. доир гардид.

Рафти чорабинӣ аз ҷониби ВАО пурра наворбардорӣ ва пахш гардид.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment