Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯён, магистрон, унвонҷӯёну аспирантон – “Муҳандис-2019” баргузор шуд.

Сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби муовини ректор оид ба таълим. Муовини аввал – Саидзода Р.Ҳ. ироа гардид, ки дар он инчунин табрикот ва таманниёти ректори донишгоҳ узви пайвастаи АИ ҶТ, профессор, д.и.т.– Одиназода Ҳ.О. доир ба кушодашавии кори конференсия аз ҷониби муовини ректор хонда шуд.

Дар қисмати пленарии конференсия якчанд маърӯзаҳо ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ҷониби маърӯзакунандагон хеле таъсирбахш ва мароқангез баромад карда шуд. Махсусан маърӯзаи меҳмонон-иштирокчиёни конференсия – корманди пешбари илмии озмоишгоҳи физикаи нейтронии ба номи Франки Донишкадаи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи ФР, профессор Холмуродов Х.Т., маърӯзаи профессори кафедраи системаи электронӣ ва физикии Донишгоҳи Васэдаи шаҳри Токио – Томоюки Ямамото, дотсенти кафедраи “Конструксиясозӣ ва истеҳсоли дастгоҳҳо”, декани муҳандисӣ-техникии ДМТБ — Луговой В.П., аспиранти Донишкадаи муҳандисӣ-физикии Маскав – Рахмонов Х. ва дигарон ҷолиб ва аз навгониҳои илмию техникӣ бархӯрдор буд.

Пас аз қисмати ифтитоҳии конференсия кори конференсия дар сексияҳо идома ёфт. Боиси зикр аст, ки аз ҷониби олимони донишгоҳ ва аспирантону унвонҷӯён ба конференсия беш аз сад мақолаҳои илмӣ пешниҳод гардид, ки дар назар аст, дар намуди маҷмуи маводи конференсия нашр хоҳад шуд.

 

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment