Наврӯз аз ҷашнҳои бостони тоҷикон аст, ки то ба имрӯзи пирӯзиҳо ҷон ба саломат бурдаву расидааст. Наврӯз шиносномаи миллат ва тулуи офтоби ҳастии мост. Мо бо Наврӯз тулуъ кардаем ва бо Наврӯз ғуруб хоҳем кард. Ҷовидонии Наврӯз рамзи ҳастии миллати мост. Зеро ҳар аҷнабие, ки омад, танҳо ба сари миллати мо кулфатҳову офатҳо овард. Аммо Наврӯз ва миллати моро аз байн бурда натавонист. И.В. Сталин қайд кардааст, ки «Ин миллати ҷонсахт аз қаъри асрҳо ва офатҳои осмониву заминӣ борҳо растааст. Андак имконият кофист, ки боз миллати тоҷик қоматашро рост кунад…». Доир ба Наврӯзе, ки рамзи миллати бостонии мост, бузургон андешаҳои зиёде доранд. Аз дарё қатрае овардаем, то хонандаи гиромӣ баҳраманд бошад.

 

«…Ва эрониёнро ҷашнҳои фаровон будааст андар рӯзгори қадим ва ман он чӣ ёфтам, ин ҷо биёварам: ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро ки сари сол бошад ва шабу рӯз баробар шавад ва офтобҳо аз равзанаҳо уфтад…».

Муаллифи асари таърихии «Зайн-ул-ахбор» Абу Саиди Гардезӣ, асар байни солҳои 1048-1050 бо забони тоҷикӣ навишта шудааст.

«Аз расмҳои порсиён Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва з-ин чиҳат Рӯзи Нав ном кардаанд, зеро ки пешонии Соли Нав аст, он чӣ аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз, ҳама ҷашнҳо ва шодмониҳост».

Муаллифи «Ат-тафҳим» Абурайҳони Берунӣ.

«Наврӯз ба маънии рӯзи нав аст ва он ду бошад: яке Наврӯзи омма ва дигаре Наврӯзи хоса. Наврӯзи омма рӯзи аввали Фарвардинмоҳ аст, ки омадани офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал бошад ва расидани ӯ ба он нуқта аввали баҳор бошад».

Муаллифи «Бурҳони қотеъ» Ибни Халифи Табрезӣ.

«Чун Ҷамшед ба тахти подшоҳӣ нишаст, нек бар бад пирӯз шуд ва ӯ ин рӯзро «Наврӯз» ном ниҳод».

Муаллифи «Наврӯзнома» Умари Хайём.

«Воқеан, ҷашни Наврӯз аз замони пайдоишаш то имрӯз моломоли зебоиву накӯӣ буда, бузург доштани инсону табиат ва сифатҳои эҳёгарӣ ҷузъи ҷудонопазири он будааст. Бинобар ин, фасли баҳорро арӯси сол ва Наврӯзро зебу ҷалоли он гуфтаанд».

Эмомалӣ Раҳмон

«Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд. Аҷдоди мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнуъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯйи орзуву ормонҳои деринаашон бо ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд».

Эмомалӣ Раҳмон

«Ҷамшед, ки сайри олам мекард, чун ба Озарбойҷон расид, фармуд, тахти гавҳарнишоне ба ҷои баланде рӯ ба ҷониби Ховар гузоранд. Ва худ тоҷи гавҳарнишоне бар сар ниҳода, бар он тахт биншаст. Ҳамин ки офтоб рух намуд ва партаваш бар он тоҷу тахт афтод, фурӯғе дар ниҳояти рӯшноӣ падид омад, мардумон аз он шод шуданду гуфтанд: «Ин рӯзи нав аст»! Ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро «шед» мегӯянд, ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он ин расм (Наврӯз) пайдо шуд.»

«Фарҳанги Деҳхудо»

«Ҷамшед – подшоҳи Пешдодӣ фармон дод, то барои ӯ гардунае бисозанд ва бар он нишаст ва бо он дар фазо, ҳар ҷо ки мехост, ба гардиш пардохт. Нахустин рӯзе, ки вай бар он нишаст, нахустин рӯзи фарвардинмоҳ буд, ки бо фарру фурӯғи худ ошкор омад ва он рӯзро Наврӯз хонданд.

Мақдисӣ (муаррихи араб)

 

«Наврӯз ва Меҳргон ду фасли сол ҳастанд. Меҳргон духули зимистон ва Наврӯз фарорасии фасли гармост».

«Ат-тоҷи ҷиҳоз»

«Наврӯз ҳақиқат бувад ва Ҷамшед дар аввали подшоҳӣ сахт одилу худотарс буд ва ҷаҳониён ӯро дӯстдор буданд ва бад-ӯ хуррам. Эзиди таоло ӯро фарре ва ақле дода буд, ки чандин чизҳо биниҳод ва ҷаҳониёнро ба зару гавҳару дебову атрҳо ва чаҳорпоён биорост…

Чун аз мулки ӯ чаҳору саду чанд сол бигузашт, дев бад-ӯ роҳ ёфт ва дунё дар дили ӯ ширин гардид ва дунё дар дили касе ширин мабод, манӣ дар хештан овард, бузургманишиву бедодгарӣ пеша кард ва аз хостаи мардумон ганҷ ниҳодан гирифт. Ҷаҳониён аз ӯ ба ранҷ афтоданд ва шабу рӯз аз Эзиди таоло заволи мулки ӯро мехостанд, он фарри эзидӣ аз ӯ бирафт…».

Умари Хайём «Наврӯзнома»

«Аҳримани нопок хайру баракатро аз мардум дур кард, чандон ки ҳар чӣ мехӯрданду меошомиданд, серу сероб намешуданд. Бод аз вазиш истод ва борон наборид. Гиёҳон хушкиданд ва хушксоливу қаҳтӣ падид омад ва наздик буд, ҷаҳон нобуд гардад. Пас Ҷамшед бо фармони Худованд ба қасди ҷойгоҳи Аҳриман ба ҷануб равон шуд. Муддате он ҷо монд, то хайру баракат бозгашт ва мардум аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ва Ҷамшед дар ин ҳангом ба дунё бозгашт! Дар ин рӯз ҳар гиёҳе, ки хушк шуда буд, сабз гардид ва мардум гуфтанд: «Инак, рӯзи нав!» ва ҳар кас аз роҳи табаррук ба ин рӯз дар ташт ҷав кошт. Сипас ин расм миёни эрониён пойдор монд, ки дар Наврӯз канори хона ҳафт навъ аз донаҳо дар ҳафт сутун бикоранд ва аз рӯйидани ин ғалладонаҳо ба хубӣ ва бадии зироат ва ҳосил пай баранд».

Абурайҳон Берунӣ «Ат-тафҳим»

 

«Ҷамшед донишварон ва андешамандонро гирд кард ва аз эшон пурсид: — Чист, ки мулкро боқӣ ва поянда дорад? Гуфтанд: — Дод кардан ва дар миёни халқ некӣ кардан. Пас Ҷамшед доду адл густариш дод ва донишмандонро бифармуд: — Ман ба додрасӣ биншинам, шумо назди ман биёед, то ҳар чӣ дар ӯ дод бошад, маро бинамоед, то ман он кунам.

Ва нахустин рӯз, ки Ҷамшед ба додрасӣ биншаст, ҳурмуздрӯз буд аз моҳи фарвардин… Пас он рӯзро Наврӯз ном карданд».

Аз «Таърихи Балъамӣ»

 

«Наврӯз ҳамон рӯзест, ки Хуршед ба бурҷи Ҳамал мерасад. Дар таини ин рӯз қавлҳои мухталиф аст. Ва феълан қавли маъруфу машҳур он аст, ки Наврӯз ҳамон рӯзест, ки Хуршед пас аз завол дар аввалин дараҷаи бурҷи Ҳамал қapop мегирад, агар баъд аз заволи зуҳр хуршед ба аввалин дараҷаи бурҷи Ҳамал бирасад, Наврӯз баъди он хоҳад буд».

Аз «Алмилал ва ванниҳал»-и Шаҳристонӣ

«Агар рӯзе Худованд ҷаҳонро оғоз кардааст, мусалламан он рӯз ин Наврӯз будааст. Мусалламан баҳор нахустин фасл ва фарвардин нахустин моҳ ва Наврӯз нахустин рӯзи офариниш аст».

Алии Шариатӣ

 

«Дар рӯзи аввали Наврӯз дар он замони дерин низ мардум субҳ зуд бархоста, ба канори наҳру ҷӯйборҳо рафта, шустушӯй мекарданд, ба ҳамдигар ҳамчун пайғоми поки рӯшноӣ об мепошиданд, ширинӣ медоданд.

Қабл аз он ки бо ҳам сухане бигӯянд, аввалтар аз ҳама шакар мехӯрданд ва ё асал мечашиданд, равған ба бадан мемолиданд, оташ меафрӯхтанд. Дар ин рӯз шоҳон сиккаи нав мезаданд, ба мардум инъому туҳфаҳо мекарданд».

Артур Кристенсен

 

«Ба сабаби аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо рост омадани ин ид (Наврӯз) табиати инсон ҳам ба ҳаракат меояд. Дар ҳақиқат, ин ид ба ҳаракат омадани киштҳои ғалладона ва оғози киштукор ва дигар маҳсулоти заминист, ки инсонро сер карда ва сабаб барфи ӯ мешавад…

Дар Бухоро Наврӯзро, ки иди миллии умумии форсизабонон буда, бисёр ҳурмат мекарданд, ҳатто уламои динӣ ин идро, ки пеш аз ислом одати миллӣ буда, баъд аз мусалмон шудан ҳам тарк накарданд, ҳатто ранги динӣ – исломӣ дода, аз вай фоида мебурданд».

Садриддин Айнӣ

 

«Наврӯзро рӯзе фархунда аз аҳди бостон медонистанд ва ривоят мекарданд, ки дар ин рӯз чунин воқеоти фараҳбор рух дода: Каюмарс, ки нахустин подшоҳ ва ба ривояти дигар нахустин инсон дониста шуда, дар Наврӯз ба дунё омад; Ҳушангшоҳи Пешдодӣ дар ҳамин рӯзи фархунда мутаваллид шуд; Таҳмурас дар ин рӯзи фаррух девони табаҳкор ва мардумозорро ба банд кашид ва асир кард; Фаридуншоҳ дар ин рӯз кишвари паҳновари Эронро дар миёни се фарзанди худ, яъне Эраҷ, Салм ва Тур тақсим кард; Соми Наримон, қаҳрамони форснажодон, дар ин рӯз дар паи саркӯбии мардумозорон бархост ва бунёди табаҳкориро вожгун намуд ва осоиши мардуми кишварро пойдор сохт; Кайхусрав, фарзанди Сиёвуш, дар ин рӯз аз модар зоида шудааст; Кайхусрав дар ин рӯзи фархунда афсори подшоҳиро ба Луҳросп бахшидааст; Зардушт дар ҳамин рӯз мутаваллид шудааст; Зардушт дар ҳамин рӯз аз сӯйи Аҳурамаздо ба пайғомбарӣ баргузида шудааст; Шоҳ Гуштосп ва бону Катоюн ва Ҷомосп дар ҳамин рӯз ойини Маздоясноро пазируфта ва аз Зардушт пайравӣ кардаанд».

Аз «Таърихи ҳумоюн»

«Фарроши боди сабо фарши зумуррадӣ мегустарад ва дояи баҳорӣ баноти набот дар шаҳди замин мепарварад ва дарахтон ба хилъати наврӯзӣ қабои сабзварақ дарбар мегиранд».

Шайх Саъдӣ «Гулистон»

«Дар давраи исломӣ Наврӯзро ба Сулаймон пайғамбар нисбат додаанд ва гуфтаанд, ки чун ангуштарини вай рабуда шуд, подшоҳӣ аз дасташ берун рафт. Ва пас аз чиҳил рӯз онро боз ёфт. Ва фараҳи пешин ба ӯ боз гашт ва подшоҳон назди ӯ рафтанд ва мурғон ба ӯ бозгаштанд ва эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!»

Муртазо Ҳунарӣ, «Ойинҳои Наврӯзӣ»

«Ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро ки сари сол бошад ва шабу рӯз баробар шавад ва сояҳо аз деворҳо бигзарад ва офтоб аз равзанҳо уфтад… ва аҷамиён чунин гӯянд: андарин рӯз Ҷамшед ба ҷануб рафт, ба ҳарби девон… бо эшон корзор кард ва ҳамаро маҳкур кард».

Абусаиди Гардезӣ – муаррихи асри XI форс-тоҷик, «Зайн-ул-ахбор»

«Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамал боз ояд. Ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард».

Умари Хайём, «Наврӯзнома»

«Рӯзе, ки мардум Ҷамшедро ба тахти шоҳӣ мешинонданд, он рӯз ҷашни бошукуҳе доир гардид ва онро Наврӯз номиданд».

Ибни Балхӣ, ҷуғрофидон ва сайёҳи нимаи аввали асри XII форс-тоҷик, «Форснома»

«Чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, ойини қадимро таҷдид кард ва ин кор хеле бузург ба назар омад. Он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ойин гирифт. Агарчӣ пеш аз ин ҳам рӯзи бузург ва муаззам буд».

Алиакбари Деҳхудо (1878-1956), «Луғатнома»

Чун сипарам ба миёни базм ба Наврӯз.

Дар маҳи Баҳман битозу ҷони адӯ сӯз.

Абуабдуллои Рӯдакӣ

Наврӯзи фаррух омаду нағз омаду хутир.

Бо толеи саодату бо кавкаби мунир.

Манучеҳрии Домғонӣ

Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯз хуш аст.

Дар тарфи чаман рӯйи дилафрӯз хуш аст.

Аз дай, ки гузашт, ҳар чи гӯйӣ, хуш нест,

Хуш бошу зи дай магӯ, ки имрӯз хуш аст.

Умари Хайём

 

Бархез, ки меравад зимистон

Бикшой дари саройи бӯстон…

Бархез, ки боди субҳи Наврӯз

Дар боғча мекунад гулафшон.

Бӯйи гули бомдоди Наврӯз

З-овози хуши ҳазордастон.

Саъдии Шерозӣ

Рӯзи Наврӯз аст, сарви гулъузори ман куҷост?

Дар чаман ёрон ҳама ҷамъанд, ёри ман куҷост?

Ҳилолӣ

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,

Бархезу ба ҷоми бода кун аҳди дуруст,

К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,

Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳанд руст.

Хайём

 

Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод, ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Чу гул гар хӯрдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ.

Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти майи лаъл аст,

Ки зад бар чархи фирӯза сафири тахти фирӯзӣ.

Тариқи комбахшӣ чист – тарки коми худ гуфтан,

Кулоҳи сарварӣ он аст к-аз ин тарк бардӯзӣ.

Ба уҷби илм натвон шуд зи асбоби тараб маҳрум,

Биё соқӣ, ки ҷоҳилро зиёда мерасад рӯзӣ.

Майе дорам чу ҷон софею сӯфӣ мекунад айбаш,

Худоё, ҳеҷ оқилро мабодо бахти бадрӯзӣ!

Надонам навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист,

Магар ӯ низ ҳамчун ман ғаме дорад шабонрӯзӣ,

Ҷудо шуд ёри ширинат, кунун танҳо нишин, эй шамъ,

Ки ҳукми осмон ин аст, агар созӣ в-агар сӯзӣ.

Ба бӯстон рав, ки аз булбул рамузи ишқ гирӣ ёд,

Ба маҷлис ой, к-аз Ҳофиз ғазал гуфтан биёмӯзӣ.

Ҳофизи Шерозӣ

 

Навбаҳор он беҳ, ки азми ишратободе кунем,

Бигзарем аз бӯстон в-аз дӯстон ёде кунем,

Булбулон аз бӯйи Наврӯзӣ ба фарёд омаданд,

Кам наем аз булбуле, мо низ фарёде кунем,

Навбаҳор асту чаман равнақи дигаргун ёфт,

Шоҳи анҷум ба ҷаҳон давлати рӯзафзун ёфт.

Ғании Кашмирӣ

 

Дар орзуи бӯйи гули Наврӯзам,

Дар ҳасрати он нигори оламсӯзам.

Аз шамъ се гуна кор меомӯзам,

Мегиряму мегудозаму месӯзам.

Масъуди Саъди Салмон

Фасли Наврӯз, ки овард тараб бар ҳама халқ,

Чашми бадрӯзи маро навбати борон овард.

Амир Хусрави Деҳлавӣ

Арӯси гул ба Наврӯзи ҳумоюн,

Зи мадҳи ғунча рӯ овард берун.

Яҳёи Себак

 

Фасли рӯз асту меояд ҳавои тозае,

Булбулу гулро шуда баргу навои тозае…

Дода хуршеди фалак табдил ҷои хешро,

То шавад ойинарӯёнро сафои тозае.

Сайидои Насафӣ

Гирифт аз моҳи фарвардин ҷаҳон фар,

Чу фирдавси барин шуд ҳафт кишвар.

Унсурӣ

 

Ҷашни фархундаи фарвардин аст,

Рӯзи бозору гули насрин аст.

Об чун оташи удафрӯз аст,

Бод чун хок абирогин аст.

Саноӣ

 

Чун нофа кушод боди Наврӯз,

Бишкуфт баҳори оламафрӯз.

Амир Хусрави Деҳлавӣ

 

ЁДИ НИЁГОН

Чу Наврӯз ояд, аз аҳди Ҷаму Сосон ёд ояд,

Зи бӯйи гул маро «Шаҳнома»-ву «Бӯстон» ёд ояд.

Зи хониши ҳазорону насими субҳи куҳистон

Суруди Борбад, панди Анӯшервон ёд ояд.

Зи нури шеди оламтобу гармии сафобахшаш

Маро тоҷи Каёну суҳбати риндон ёд ояд.

Чу сабза зери по нарму гуворо мешавад, он гаҳ

Чаманзори Бухоро бо бани Сомон ёд ояд.

Ба ҷӯйю чашма чун оби мусаффо ҷорӣ мебинам,

«Авасто» бар кафи Зардушт нурафшон ёд ояд.

Чу дида бар самои тозаи беабр медӯзам,

Ҳама паҳнои беохири Ориён ёд ояд.

В-агар булбул ба шохи гул сарояд тоза овое,

Зи шеъри Рӯдакиву Бӯйи Мӯлиён ёд ояд.

Ба майдон чун ба чавгону ба гӯштин пой бигзоранд,

Абумуслиму Деваштичу ҳам Дастон ёд ояд.

Ба хубрӯйёни раънои Ватан садҳо ҳавас дорам,

Маро Ширини маҳваш дар раҳи паймон ёд ояд.

Чу модар сабзаи навхези гандум рӯйи каф гирад,

Замини зарнисори мардуми деҳқон ёд ояд.

Машомамро расад гар бӯйи нони гарму навпӯхта,

Маро Шоҳони хушбодам зи бӯйи нон ёд ояд.

Фаридуншоҳи Шоҳонӣ

 Гирдоваранда Юнусов Ф.М.