Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти раёсати муовини ректор оид ба корҳои тарбия – Ашӯров А.Н. маҷлиси тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ нисбат ба риояи одоб ва фарҳанги либоспӯшии занон доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур, ки тамоми донишҷӯдухтарон ва омӯзгорзанону коргарзанони донишгоҳ ширкат доштанд, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азимова М.А. иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар маҷлис баромадкунандагон қайд намуданд, ки яке аз омилҳои муаррификунандаи ҳар як миллат агар забонаш бошад, омили дигари муҳиму шиносномаи миллат тарзи либоспӯшии мардум аст. Ба тарзи либоспӯшии бегонагон пайравӣ кардан, анъанаҳои миллати бегонаро тарғиб кардан, сиёҳу бемаврид ба бар кардани ҳар гуна либос ҳусни миллатро коста мегардонад. Ва ин махсусан ба занон тааллуқ дорад, ки бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва ё доманҳои тангу кӯтоҳ тарғиби анъаноти миллати ба мо тамоман бегонаро бар дӯш доранд.

Ҳамчунин дар рафти ҷаласа ба иштирокдорон ҳушдор дода шуд, ки риояи Қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ ҳатмист ва яке аз рукнҳои пӯшидани либоси дуруст аст.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment