Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо аксари кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин ҳолати ҳуқуқӣ, аз як ҷиҳат, боиси пешрафти ҳамкории судманди дуҷониба ба манфиати тарафҳо гардида бошад, аз ҷиҳати дигар, дар заминаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ баъзе мушкилиҳоро дар назди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои тоза баистиқлолрасида пеш овардааст. Бархӯрди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар байни қавму миллатҳои гуногун боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии ойинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад. Дар чунин вазъият зарурати таҳияи низоми дуруст ва оқилонаи муносибатҳои миллию фарҳангӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу субот ба миён меояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо аксари кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин ҳолати ҳуқуқӣ, аз як ҷиҳат, боиси пешрафти ҳамкории судманди дуҷониба ба манфиати тарафҳо гардида бошад, аз ҷиҳати дигар, дар заминаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ баъзе мушкилиҳоро дар назди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои тоза баистиқлолрасида пеш овардааст. Бархӯрди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар байни қавму миллатҳои гуногун боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии ойинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад. Дар чунин вазъият зарурати таҳияи низоми дуруст ва оқилонаи муносибатҳои миллию фарҳангӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу субот ба миён меояд.

Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос яке аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамонро ба осонӣ муайян мекунад. Ҳарчанд масъалаи эҳтиром гузоштан ба пероҳани миллӣ дар назари аввал ҳамчун як падидаи маъмулӣ ва муқаррарӣ пазируфта шавад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯшишҳои дигаргунӣ ворид намудан ба сохтори шаклгирифтаи он оҳиста-оҳиста хусусияти намоишкорӣ ва таҳдидовар касб мекунанд. Дар ниҳояти кор, фориғболӣ нисбат ба ин падида метавонад дар кохи бегазанди фарҳанги миллӣ рахнаи ноҷо ворид намояд. Аз ҳамин сабаб буд, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар тамоюли нохушоянди бегонапарастӣ, тарғиби либосҳои бегона ва анъанаҳои фарҳанги дигарон моҳиятан “як раванди ташвишовар” баҳогузорӣ карда шуд: “Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

Дар воқеъ, ин рафтори номатлуби як идда занону духтарони мо, аз як тараф ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо далолат кунад, аз тарафи дигар бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳоро дар донистани моҳияту таъйиноти пероҳанҳои гуногун нишон медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки ҷанбаи муҳими фарҳанги мардумӣ ва намуди зоҳирии пӯшиши одамон баробари пайдоиши муносибатҳои синфӣ ва давлатҳои нахустин дар умқи таърихи бостон ҳамрадифи кору зиндагонии бани башар будааст. Вобаста ба вазъу шароит ва идеологияи сиёсию фарҳангӣ сатҳи рушди иҷтимоии давлатҳои даврони куҳанро аз рӯйи дар кадом сатҳу дараҷа қарор доштани сарулибос ва намудҳои он баҳогузорӣ мекардаанд. Пешрафти баъдинаи тарҳи либос ва анвои он ба таъсиси давлату империяҳои муқтадир ва кишваркушоиҳои онҳо вобаста будааст.

Дар минтақаи ҷуғрофии Моварроуннаҳр, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, занону бонувон пероҳанҳои шаклу муҳтавои комилан миллидоштаро ба бар мекарданд. Ин сарулибос дар як вақт ҳам ифодагари баланди фарҳанги миллӣ ва ҳам гӯёи мансубияти динии мо буданд. Дар айни замон пероҳани мардумии тоҷикон дар марҳалаҳои гуногун андаруни худ табиати зебо ва идомаи анъанаҳои нотакрори ниёгонро ғунҷоиш медод. Масалан, сарулибос ва пероҳанҳои зебои миллие, ки дар ноҳияҳои Суғду Хатлон, Бадахшону Зарафшон, Рашту Ҳисор мепӯшиданд, дар маҷмӯъ як сиккаи зарандуди суннати аҷдодӣ бошанд, дар алоҳидагӣ бозгӯяндаи розҳои нуҳуфта ва зебоиҳои табиати пурғановати ҳар як водию иқлими Тоҷикистони азизу маҳбуб низ ба шумор мерафтанд. Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар суннати пероҳани мардумии тоҷикон он аст, ки либоси мардонаву занонаи онҳо ҳамеша кушоду гулранг ва шинаму дилнавоз будааст. Газвору шалвор, пероҳан ва рӯсарию сарандози мо дар ҳеҷ як давру замон аз нигоҳи равонию шаҳвонӣ риққатовару хушунатангез набудааст, ки матои атласу адраси рангоранг ва карбосу алочаи якранг намунаҳои беҳтарини онҳост.

Ҳамчунин бояд ёдовар шавем, ки гузаштагони мо дар пазируфтани шакли сарулибоси муосир низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд.

Ҷойи шубҳа нест, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ҷумҳурии мо бо тамоми давлатҳои дунё, ба хусус кишварҳои арабию мусулмонӣ дар масъалаи шаклу намуд ва тарзи либоспӯшии миллии мо таъсири носозгор ва ташвишовар расонида истодааст.

Пас дар вазъияти баамаломада ҷумҳурии мо барои ҳифзи асолати сарулибоси миллии худ бояд чӣ гуна рафтор намояд ва кадом тадбирҳои заруриро анҷом диҳад?

Аз ин ҷиҳат танҳо истеҳсоли маҳсулоти ватании хушсифат ва дизайни муваффақонаи ин қабил либосҳо аз ҷониби тарроҳон дар асоси анъанаҳои миллӣ пеши роҳи воридшавӣ ва тадриҷан маҳдуд кардани онҳоро гирифта метавонад. Анъанаи аз чашми каси бегона пинҳон доштани баъзе аъзои занону бонувон дар суннати тоисломии тоҷикон вуҷуд доштааст, ки дар он ҳеҷ ифроту қаҷравӣ набуд.

Ба мушоҳидаи мо то имрӯз аз ҷониби тарроҳони ватанӣ дарёфти намунаи беҳтарини либоси ягонаи миллие рӯйи кор наомадааст, ки ҳам ба анъанаҳои фарҳанги миллӣ комилан созгор бошанд. Зарурати ҳифзи амнияти миллӣ шадидан тақозо менамояд, ки тарроҳони мо дизайнҳои “тоза ба тоза, нав ба нав”-и пероҳанҳоеро пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт ниёзҳои динию дунявии занону бонувони тоҷикро баровардаи хайр гардонанд, аз нигоҳи завқу салиқа дилкашу рӯҳнавоз бошанд ва таваҷҷуҳи онҳоро аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд.

Дар суннати мардумию мазҳабии миллати тоҷик ва халқҳои порснажод анъанаи сиёҳ пӯшидан дар ҳеҷ давру замон ривоҷ надоштааст. Ҳатто дар маросими мотам ҳам гузаштагони мо либоси кабуд ба бар мекардаанд, ки то имрӯз пайгирона идома дорад. Дар пӯшидани либоси сиёҳ дар таҷрибаи динҳои ҷаҳонӣ се бидъати пуртаассуб вуҷуд дорад.

Имрӯз низ дар масъалаи истифодаи либосҳои бешармонаю ношоиста ва таблиғи сатру ҳиҷоб аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор, мутаассифона, қишрҳои аз нигоҳи тарбияи ахлоқӣ ноустувор ва эҳтиёҷманди аҳолӣ васеъ ҷалб карда мешаванд. Ин қабил бесатрону сатрпӯшон ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобастагие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ чизи дигаре нест. Дар паҳнкунии сатри арабишуда ва либосҳои динии саропо сиёҳ нақши таблиғотии ҳаракатҳои гуногуни тундгаро ва бегонапараст сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва моҳвора низ бисёр қавӣ аст.

Дар пешгирӣ намудани раванди нохушоянди либоспӯшӣ нашри маводи илмӣ-оммавӣ оид ба заруриёти тарғиби тарзи солими ҳаёти ҷамъиятию дунявӣ тариқи воситаҳои ахбори омма омили таъсиргузор маҳсуб меёбад.

Сироҷиддинзода М.М.

Абдуллоев А.

Leave a Comment