Баробари фарорасии фасли зебои баҳор талабот аз ҷониби занону духтарон ба лисбосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атлас зиёд мегардад. Либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Моро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиамон мешиносанд. Бинобар ин мо бояд унсурҳои миллию хосаи худро дошта бошем. Бояд қайд намоем, ки ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хосро талаб намуда, дар ҷойҳои хосса ба бар карда мешавад, ки донистани ин барои занону духтарон хело ҳам муҳим мебошад.

Баробари фарорасии фасли зебои баҳор талабот аз ҷониби занону духтарон ба лисбосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атлас зиёд мегардад. Либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Моро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиамон мешиносанд. Бинобар ин мо бояд унсурҳои миллию хосаи худро дошта бошем. Бояд қайд намоем, ки ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хосро талаб намуда, дар ҷойҳои хосса ба бар карда мешавад, ки донистани ин барои занону духтарон хело ҳам муҳим мебошад.

Либоси шинаму зебо инсонро зеботар, ҷаҳони зоҳирии ӯро рангинтар, дилкаш ва ҳатто мафтункунанда менамояд. Аввал бояд хотиррасон намоем, ки инсон, аз ҷумла занҳо қабл аз ҳама бояд олами ботинии худро ғаниву зебо созанд. Чун олами ботинӣ аз ҳар лиҳоз зебо шуд, пӯшида намемонад, ки нишонаи оқилӣ ин ҷо ҷой ёфтааст.

Мо дар мамлакате зиндагӣ мекунем, ки мутобиқи Конститутсияи он соҳиби ҳама ҳуқуқҳо ҳастем. Имконияти дар донишгоҳи дилхоҳ таҳсил намудан, касби дилхоҳро аз худ кардан, дар вазифаҳои гуногун кор кардан, озод изҳори хоҳиш кардан, зери ҳимояи давлат будан ва мисли инҳоро дорем. Яъне майдони амал ва ба орзуҳои худ расидан хеле ҳам фарох аст. Ин қадар бартариҳо ва сабукиҳоро соҳиб будан худ бахти баланд аст. Аз ҳама муҳим ин аст, ки пас аз талошҳои зиёду сангин оромие насибамон шудааст, ки миллионҳо ашхоси дигар мамлакатҳои пурфоҷиаву фардояш норавшан рӯзу шаб орзу мекунанд. Чаро аз ин оромии руҳбахш шукрона карда, андешаи онро накунем, ки нангбардори миллати бофарҳангамон набошем. Чаро талоши онро накунем, ки ба воситаи меҳнат, мубориза, хушбаёнӣ, хушмуомилагӣ, дурандешӣ ва дар бар доштани қабои зебои миллӣ эътибори фарҳанги худро даҳчанд накунем?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июли соли 2017 махсус ба мо – занон муроҷиат карда, дилсӯзона гуфтанд, ки як бор ба тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла рӯймолбандии бибиҳову модарони худамон нигоҳ кунем, магар нуқсоне дорад? Чӣ айбе он ҷо ба назар мерасад, ки боиси ор бошад? Чӣ зарурати хориҷиёнро тақлид кардан аст? Мо аз сарватҳои фарҳангии худамон ор не, балки бояд ифтихор кунем. Мо ин таъкидро чун ғамхорие нисбат ба қадрдониву нигаҳдории анъанаҳои миллӣ бояд пазироӣ намоем ва бо амалҳои худ боманфиат будани онро аз хотир набарорем. Пӯшидани либоси миллӣ моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Либос зеби одам аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «одаму либос, хонаву палос». Либос дар ҳамон вақт одамро зеб медиҳад, ки шинам, мувофиқ ва оддӣ бошад. Мутаассифона, на ҳама ба ин ҷиҳатҳо эътибор медиҳанд ва гоҳо тарзи либоспӯшиашон ҳолати ҳайратоварро ҷилва менамоёнад. Пӯшидани либос фарҳанги хос дорад. Либос нақши зебоипарастиро бозида, вобаста ба намуди фаъолияти инсон, маросиму ҷашнвораҳо, синну сол интихоб карда мешавад. Инчунин интихоби либос ба синну сол ва мавқеи ҷуғрофии маҳал низ вобаста аст. Либос на танҳо ҷисми моро мепӯшонад, онро пероста мегардонад, балки ҳамчун нишонаи фарҳанги миллӣ моро ба дигарон мешиносонад. Сайёҳони хориҷие, ки либосҳои миллии моро дида, ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ҳатман дар онҳо майли харидории чунин либос пайдо мешавад. Аз ин рӯ, тарғиби либосҳои миллӣ аз ҷониби худи мо метавонад барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бахши сайёҳӣ таъсири нек гузорад ва ин амал хурдтарин хизмати ҳар як шахси ватандӯст хоҳад буд. Чуноне ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат омадааст: Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.

Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки либоспӯшии расмӣ-хизматӣ иҷозат дода шуда аст, танҳо зебову шинам бошад ва мувофиқи қаду баст ва синну сол бошад. Мо бонувони тоҷик бояд дорои шарму ҳаёи тоҷикона ва хоксории тоҷикона бошем, ки ин яке аз хислатҳои неки инсонии ниёгонамон буд. Либоси миллӣ муаррифгари халқи ҳар давлати мустақилу миллатпарвар мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ва расидан ба қадри арзишҳои миллӣ ифодагари тамаддуни ҳар як кишвар аст, вале имрӯз мавзӯи баҳснок фарҳанги либоспӯшии мо – тоҷикон аст.

Мо мардуми тоҷик расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишварамон аз солҳои пешин доштем. Баъди он солҳои охир мо мебинем, ки аз тарафи занони тоҷик пӯшидани либосҳои ба миллати мо бегона хеле зиёд шуд. Гуфтанӣ ҳастам, ки модарону хоҳарони мо бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд ва барои равнақи расму анъанаҳои гузаштаи мо вобаста ба пӯшидани сару либоси миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, на балки либоси мардуми бегонаро тақлидкорӣ намоянд.

Чӣ тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд. Имрӯзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мӯди хориҷии барои мо носозгор рафта, либосҳоеро ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс, ҳусни зебои онҳоро мекоҳонад. Дар робита ба ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рӯзи модарон чунин таъкид карданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Яке аз рукнҳои ҳуввияти миллӣ агар забон бошад, рукни дигараш либос ба ҳисоб меравад.

Мо анъанаҳои миллии худро дорем, аз ҷумла либоси миллӣ чакан, атлас ва рӯймол, ки зебо ва тоҷикона ҳастанд, ин гуна либосҳо пурра метавонанд ба талаботи замона ҷавоб диҳанд. Дар анъанаи миллии мо либосҳои тоҷикидӯхт ва тоҷикшинам дар зебоишиносии миллии мо нақши муҳим гузоштаанд. Мо – тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пӯшидани либосҳои миллии худро дорем ва бояд ин гуна арзишҳоро ҷонибдорӣ намоем. Либоспӯшии тоҷикӣ бо такя ба назокати хоси матлуб моро дар роҳи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.

Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯр-кӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Шоқурбонова Ҷ. – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Гадоева И.С. – омӯзгори Донишкадаи технология

ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб

Leave a Comment