Ҳар як рафтор доираи лозимаи худро дорад. Маҳз як талабот ҳаст, ки дар чорчӯбаи хусусиятҳои нек касро нигоҳ медорад ва ҳамаи онро бо ахлоқ, одоб, этика, маданият ва монанди ин калимаҳо ифода менамоянд.
Либоспӯшӣ низ яке аз хусусиятҳои назарраси инсон буда, доир ба он талаботи гуногун аст. Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо – тоҷикон низ тарзи либоспӯшиҳои гуногун роиҷ аст. Нафаре мехоҳад, ки либоси аврупоӣ пӯшад, вале дигаре либоси миллиро дӯст медорад.

Ҳар як рафтор доираи лозимаи худро дорад. Маҳз як талабот ҳаст, ки дар чорчӯбаи хусусиятҳои нек касро нигоҳ медорад ва ҳамаи онро бо ахлоқ, одоб, этика, маданият ва монанди ин калимаҳо ифода менамоянд.

Либоспӯшӣ низ яке аз хусусиятҳои назарраси инсон буда, доир ба он талаботи гуногун аст. Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо – тоҷикон низ тарзи либоспӯшиҳои гуногун роиҷ аст. Нафаре мехоҳад, ки либоси аврупоӣ пӯшад, вале дигаре либоси миллиро дӯст медорад.

Барои занҳо интихоби либос ниҳоят зиёд ва ҳарранга аст. Барои мардон бошад, асосан намудҳои гуногуни шиму костюм ва пӯстину палтоҳои сохташон фарқкунанда мавҷуд аст. Аммо ҳоло дар кӯчаҳои шаҳр нафароне бо либосҳои таҳпӯши хонагӣ, варзишӣ ё либосҳои муллоҳои мутаассиб бо риши борику нозебон, саллаҳои асримиёнагӣ, яктаҳҳои ночаспон ва поҷомаҳои кӯтоҳи бабаркардаи ҷавонон ба чашм мерасанд. Албатта ҳамаи ин завқи либоспӯшро возеҳ нишон медиҳад.

Хушбахтона, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ пешниҳод шуда, бо қарори махсуси мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ки тарзи рафтор ва либоспӯшии тамоми хонандагон, шунавандагон ва илмомӯзонро дар чорчӯбаи муайян нигоҳ медорад.

Имрӯзҳо кас ба донишгоҳҳо ва мактабу омӯзишгоҳҳои Тоҷикистони азиз қадам ниҳода, аз сару либоси зебою шинам, оддию мафтункунанда ва бомаданияти ҳар нафар шодмон мегардад.

Барои духтарону занҳо пӯшидани чашмбанду фаранҷӣ ва барои мардону ҷавонписарон пӯшидани ҷомаву салла ва маҳсиву калӯш камоли аз замона пасмондагӣ ва дар асорати таассубу руҳоният қарор доштани онҳост.

Дар навбати худ мо маводи заруриро доир ба ин мавзӯи тарбиявӣ ба таври зер меоварем, ки бештар аз “Бунёди маданияти шахс” ном асари Одинаев Ё. истифода бурдаем.

«Одаму либос – хонаву палос». Аз замонҳои қадим то ба айёми мо дар байни мардуми тоҷик дар хусуси либосу либоспӯшӣ ақидаҳои ба ҳам зид вуҷуд дорад.

Гурӯҳе мегӯянд, ки инсон дорои сифату сират аст. Сират ҳамчун маҷмӯи хусусиятҳои маънавии инсон – хулқу атвор, маданияту истеъдод ҷиҳати асосии инсон аст.

Ҳар фард бояд барои такмилу инкишофи ҷиҳатҳои маънавии худ саъю кӯшиш намояд. Аммо либос бошад, яке аз унсурҳои ороиши сурати зоҳирӣ – қаду қомат, рангу рӯй аст. Ҳангоми соҳиби сифат будан эҳтиёҷ ба некӯ намудани сифати зоҳирӣ нест.

Масалан, сӯфиён ва дарвешон ҳаёти худро бо як либоси ҷанда гузаронида, ба шахсоне, ки ба молу мулк, либосу ороиши хона аҳамият медоданд, бо назари таҳқир нигоҳ мекарданд.

Баъзе рафиқони дигаре ҳастанд, ки «ҳар чи пеш омад, хуш омад», — гӯён ба сарулибоси худ ва фарзандон қариб аҳамият намедиҳанд.

Баръакс, касоне ҳастанд, ки фақат ба сарулибос аҳамият дода, ҳатто ба сарулибоси дигарон назар карда, мувофиқи он ба шахс баҳо медиҳанд ё муносибат мекунанд, ба ҷиҳати ботинӣ қариб, ки аҳамият намедиҳанд. Нисбат ба ин гуна одамони либоспараст гуфтаанд:

Эй, ки мекӯшӣ, зеботар аз ҳама бошӣ,

Чаро намекӯшӣ, ки донотар аз ҳама бошӣ?!

Ҳатто касоне ҳастанд, ки кору борашон аз паси мӯди нав рафтан аст. Шиори ин гуна одамон «Хоҷаи Хизрро бо либос шинохтаанд» аст. Пас «барои соҳиби обрӯ, эҳтирому ҳурмат ва дар маърака болонишин шудан бояд ки ҳамеша либоси беҳтаринро ёфта пӯшидан лозим аст», — мегӯянд. Либос бояд нишонаи бою камбағалӣ набошад. Дар ҷамъияти мо барои ҳар як шахс имконияти мувофиқи табъу хоҳиш пӯшидан муҳайёст.

Ҳоло ҳар яки мо дар кӯчаю бозор, кинову театр, боғу истироҳатгоҳҳо, маҳфилу маҷлис, идораву мактаб ҳис мекунем, ки аксарияти одамон оқилона, ботамкин ва одоби накӯ ба сару либоси худ ва аҳли оилаашон назар мекунанд.

Ҳатто касоне ҳастанд, ки табъи хеле баланди эстетикӣ дошта, либосашонро чунон интихоб мекунанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо эрод гирифтан имконнопазир аст.

Саволе ба миён меояд, ки оё либоспӯшӣ ягон меъёру андоза дорад ё не? Дар ҳақиқати ҳол дар ҳаёти инсонӣ либос нақши маданӣ дорад ё не? Оё дар байни сифату сурати инсон робитае вуҷуд дорад?

Оре, масъалаи либосу либоспӯшӣ аз ҷумлаи муҳимтарин талаботи зиндагӣ буда, ба ҳаёти шахсӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии ҳар фард дахл дорад. Ба фикрам, ҳоло дар замони мо одамоне нестанд, ки бо ин мавзуъ сарукор надошта бошанд ва мувофиқи салиқаи худ либосвориро интихоб нанамоянд. Чунки ин мавзуъ ба вазъияти иқтисодӣ, оилавӣ, маишӣ, корӣ, ҷамъиятӣ, синну соли ҳар як одам вобастагӣ дорад.

Барои фаҳмо шудани масъала ба ҷиҳатҳои мухталифи он аз назари муосир таваққуф мекунем. Масалан, пеш аз ҳама либос ҳамчун мол барои қонеъ намудани талаботи моддӣ, воситаи ҳимоя намудани аъзои бадани инсон аз ҳодисаҳои табиат аст. Дар навбати худ либос ашёи талаботи ахлоқи ҷамъиятӣ ва оилавист. Ҳангоми амиқтар назар кардан либос ҳамчун воситаи зебу зинат ҷиҳати эстетикӣ ҳам дорад. Чи тавре ки мебинем, либоси мо фақат аз ҷиҳати зоҳирӣ як чизи оддӣ будааст. Аммо дар вақти бо диққат андеша намудан ин чизи оддӣ дорои вазифаҳои хеле зиёд буда, дар ҳаёти инсон ба худ мақоми хос доштааст.

Қайд кардан зарур аст, ки пеш аз ҳама либос яке аз неъматҳои моддӣ – мол барои қонеъ намудани талаботи моддии инсон истифода мешавад. Лекин инсонро фақат як талаботи моддии неъматҳои моддӣ қаноатбахш карда наметавонад.

Инсони ҷамъиятӣ – соҳиби ақлу хирад, истеъдоду эҷодиёт, андешаву номус, ҳурмату эҳтиром буда, боз талаботи маънавӣ низ дорад.

Ӯ ба либосворӣ на фақат чун олоти ҳимоякунанда аз гармию сардӣ назар менамояд, балки бар замми он ҳар шахс мехоҳад, ки либоси ӯ зебо, мувофиқи қаду қоматаш, мутобиқ ба фасли сол, мувофиқи талаботи вақту замон, мавқеву маврид бошад.

Ҳатто ранги либос барои мардумон воситаи ифодакунандаи вазъи руҳӣ, оилавӣ, шодӣ ё андуҳ гардидааст. Фикрҳои зикршуда ба он далолат мекунанд, ки дар хусуси тарзу талаботи умумии либоспӯшӣ чанд сухан гуфта шавад.

Тарзи либоспӯшӣ. Сирату сурати инсон бояд чун ширу шакар якдигарро пурра намоянд. Инсон бояд ҳам ба сифатҳои ботинию ҳам бо зоҳирӣ зебо бошад. Маънои чунин ҳикмати халқ «одаму либос, хонаву палос» дар ҳамин аст. Либоси зебо дӯхташуда ва ба тану вақту мавқеъ мувофиқ, ба синну сол мутобиқ ҳусну ҷамоли ҳар як фардро афзун намуда, руҳу илҳоми хуб мебахшад. Беҳуда нест, ки мардумон дар вақти ба тӯй, меҳмонӣ, сайру гашт рафтан либоси покиза пӯшида мебароянд.

Дар вақти мушоҳида намудани либоси нави якдигар «муборак шавад», «насиб кунад», «ба қаду қомататон зебидааст» — мегӯянд. Он шахс бошад, «ташаккур ба диққататон» гуфта, хурсандона ҷавоб мегардонад.

Аммо либоси ба синну сол, ба мавқеву вақт номуносиб ҳам ба фаъолияти кас зарар мерасонаду ҳам ҳусни онро қабеҳ менамояд. Пас, барои ба мавқеу шароит муносиб ва хушсифату зебо пӯшидан талаботе, ки дар тӯли таърих дар байни халқҳои ҷаҳон ба вуҷуд омадаанд, риоя кардан лозим аст. Арбобони илму маърифат ва тиббу ҳикмат аз замонҳои қадим пеш аз ҳама ба тозагии либос диққат додаанд. Тозагии либосро чун гарави саломатӣ ва дараҷаи хуштабиатии инсон номидаанд.

Инак, ҳар рӯз либоси наву қиматбаҳо пӯшидан шарти асосӣ набуда, балки риоя намудани тозагии либоси ҳаррӯза шарти асосист.

Либосро дар баробари тоза нигоҳ доштан боз дарзмол намудан зарур аст. Дарзмол на фақат либосро зебову хушнамуд менамояд, балки аз микробу бактерияҳои сирояткунанда тоза мекунад.

Дар табиат ҳамеша мутобиқати ранг зебоиро афзуну дилчасп менамояд. Дар вақти бо ҳам мутобиқат намудани ранги пӯсту либос ҳусни инсон зеботар мегардад. Бояд ҳар як фард ранги ба худаш муносибу дилкашашро донад. Ҳатто ранги либос бояд ба синну сол, ба талаботи фаъолияти меҳнатӣ, ба талаботи ҷамъиятӣ, замона муносибу мувофиқ бошад ва сабаби маломату монеаи кор нагардад.

Либос набояд василаи ифтихору мағрурӣ, намоиши сарвату мансаб гардад.

Дар баробари риоя намудани ҷиҳатҳои эстетикию гигиении либос ба ин чанд масъалаи ҷузъӣ аҳамият додан лозим аст, ки баъзан дар вақти саросемавор аз хона баромадан сабаби шармсорӣ шудан мумкин аст. Масалан, барои мардҳо тугмаҳои шим, галстук ва гиребон сабаби хиҷолат шуданашон мумкин аст. Барои занҳо бошад, дарозии доман (юбка), ҷӯроб ва тартиби рӯй дар ҳолати хиҷолатовар мононданашон эҳтимол дорад.

Барои ин бояд пеш аз хона баромадан шахс дар назди ойина бори дигар худро аз назар гузаронида, ба тартиб оварад.

Дар хонадон аҳли оила, дар хобгоҳ рафиқон бояд ки ойинаи якдигар бошанд, камбудиҳои якдигарро оид ба сарулибос бартараф намоянд. Дар ин ҳолат зарбулмасали «Дӯстон ойинаи якдигаранд» ёдрас мешавад.

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо либоси даридаю чиркин, бадбӯю доруолуд ва ранголуд даромадан лозим нест, то ки табъи дигаронро хираю либосашонро ифлос накунед.

Роҳбарияти ташкилот вазифадор аст, ки аз хизматчиёни ташкилоти худ риоя намудани тартиби муайяншудаи либоспӯширо талаб кунад ва вайронкунандаи интизоми ҷоришударо дар ин робита огоҳ намояд.

Дар беморхона, дорухона, озмоишгоҳ, мактаб, муассисаҳои савдо, сохтмон ва корхонаҳо риоя намудани сарулибоси муайяншуда ва тавсиявӣ барои ҳама ҳатмист.

Риоя намудани интизоми либоспӯшӣ сабақи амалӣ барои наврасон ва кӯдакон хоҳад шуд.

Ҳар як шахс дар як рӯз чанд вазифаро иҷро мекунад. Дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо чандин ҳодиса рух медиҳад. Баъзан мо пеш ё баъди кор ба тӯй, маҳфил, машқ ё сайру гашт меравем. Ё ин ки вақти холии худро дар хона мегузаронем. Аммо шароиту талаботи тӯй дигар асту шароит ва талаботи кор ё машқҳои варзишӣ дигар аст. Барои ҳамин дар баробари донистани рангу мӯд ва андозаи либоси ба худ зебанда, боз донистан ва риоя намудани дар куҷо кадом либосро пӯшидан зарур аст.

Масалан, либосро дар мавқеи истифодашавандааш ба либоси хона, хоб, рӯзмарра, корӣ, идона, сафарӣ, варзишӣ, тӯёна ва ғайра тақсим намудан мумкин аст. Ҳар яке аз онҳо мувофиқи талаботу шароити зарурӣ интихоб шудаанд. Аз ҷиҳати зоҳирии худ – пӯст, ранг, матоъ, дошт, талаботи расму ойин, урфу одат истифода мешаванд. Ҳатто ба дараҷае нишонаи миллӣ ҳам доранд.

Барои фаҳмотару возеҳ шудани масъала шаклҳои мазкури либосҳоро алоҳида-алоҳида дида мебароем.

Либоси миллӣ. Ҳамаи он либосҳои занонаю мардонае, ки бо нақшу нигор, тарзи дӯхт, таносуби ранги худ чун ҷузъи маданияти миллӣ ба ин ё он халқ тааллуқ дорад, либоси миллӣ меноманд. Либоси миллӣ дар тӯли асрҳо мутобиқ ба шароити ҷуғрофӣ, тарзи истеҳсолот, дараҷаи инкишофи санъату маданияти халқ ба вуҷуд омада, дар натиҷаи муносибати иқтисодию маданӣ бо халқҳои дигар, талаботи нави истеҳсолот ва санъату техника инкишофу тараққӣ меёбад.

Либоси миллӣ ҳамеша бо унсурҳои шаклии худ фарқ карда меистад. Аз ин ҷиҳат либосҳоро ба ду қисм: аврупоӣ ва шарқӣ тақсим намудаанд. Либосҳои аврупоиву шарқӣ дар навбати худ боз ба либосҳои миллӣ тақсим мешаванд. Ин ҷиҳатҳои либос ба ҳар шахс маълум аст.

Либоси миллии ҳар халқ ганҷинаи гаронбаҳои маданияти умумиҷаҳонист. Маҳз бо таъсиру ҷиҳатҳои пешқадами либосҳои миллӣ шакли нави либосҳое баромада, хусусияти умумӣ – байналмилалиро гирифтаанд. Ба монанди костюму шим, палтову боронӣ, мӯзаю туфлӣ, куртаю майка ва ғайра.

Либосҳои мазкур дар зери таъсири завқи эстетикии фабрикаҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ ва муносибатҳои маданию иқтисодии мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон рӯз ба рӯз такмилу тағйир ёфта, вобаста ба талаботи умумиинсонӣ дар байни миллат ва халқҳои гуногун паҳн гардида истодаанд. Дар навбати худ комёбиҳои нав ба нави санъати бофандагию дӯзандагӣ ба шаклу дӯхти либосҳои миллӣ, тағйирёбию ташкилёбии он ёрии калон расонида истодааст.

Баъзе либосҳое, ки ба талаботи иқтисодӣ, корӣ, техникаи ҳозира ҷавоб дода наметавонанд, хоҳу нохоҳ аз байн мераванд ё эҳтиёҷ ба дигаргунсозӣ доранд. Бар ивази онҳо либосҳои ба шароити нав мутобиқ ба вуҷуд меоянд.

Бояд гуфт, ки эҳтироми миллати худ дар куҳнапарастию хурофотпарастӣ, кӯр-кӯрона ҳимоя намудани урфу одатҳои ба талаботи вақту шароити замона номувофиқ вобаста нест. Балки эҳтироми ҳисси миллӣ, маданияти миллӣ дар эътироф намудани ҷиҳатҳои пешқадами маданияти миллату халқҳои дигар, мутобиқ бо талаботи инкишофи илму техника, иқтисодиёту маданият такмилу инкишоф додани урфу одат, либосу либоспӯшӣ, муносибату рафтор аст.

Намудҳои гуногуни либосҳову тарзу талаботи истифодаи онҳо дар ҳаёти мадании халқи тоҷик дигаргунии бузургро ба амал овард.

Ҳамаи ин мисолҳо ба он шаҳодат медиҳад, ки ташвиқу тарғиби маданияту тарзи либосу либоспӯшӣ низ яке аз вазифаҳои радиою телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ба забони тоҷикӣ мебошад.

Либоси хонагӣ. Дар зери мафҳуми либоси хонагӣ курта, поҷома, ҷома, тоқӣ, сарафан, шим, шимҳои кӯтоҳ, шалвор ва дигар чизеро, ки фақат дар хона ва ҳавлӣ пӯшида мешавад, дар назар дошта шудааст. Дар навбати худ либосҳои мазкурро ба баҳорона, тобистона, тирамоҳа, зимистона, вақти хоб ва саҳарӣ низ тақсим кардан мумкин аст.

Одатан шахс пас аз кор либосашро иваз намуда, мувофиқи талаботи шароити хонааш либоси дигар мепӯшад. Бо ин либос ӯ дар сари мизи хӯрок ва кориаш менишинад, фарзандашро мебардорад, об меорад, дар назди аҳли оилааш мегардад, ҳамроҳ менишинанд, ба рӯйи ҳавлӣ мебароянд. Барои ҳамин ба интизому вазъи либоси хонагӣ аҳамият додан лозим аст. Аз рӯйи одоб ва гигиена пас аз шустани дасту пой, либоси хонагиро мепӯшанд, то ин ки бадан нафаси тоза кашида, каме роҳат намояд. Кас бо фарзандону аҳли оила ба табъи хушу дасти тоза вохӯрӣ намояд. Риоя намудани ин гуна тартибот ба кӯдакон таъсири маданӣ мерасонад.

Аз ин ҷиҳат либоси хона бояд ки тоза, зебо, ба синну сол ва фаслу вақту соати рӯз мувофиқ бошад.

Дар интихобу омода намудани либоси хона нақши зан хеле калон аст. Чунки бештари занҳо нозуктабъу ҳассос буда, ба ин кор хубтар сарфаҳм мераванд. Зану шавҳари ҷавон дар ин хусус бояд бо маслиҳату ёрии ҳамдигар рафтор кунанд.

Агар падару модар солхӯрда ё серкор бошанд, духтарону писарони ба камол расидаашон дар омода намудани сарулибоси онҳо дасти ёрӣ дароз намоянд. Чунки шахсони куҳансол камҳавсала мешаванд.

Ин гуна рафтор падару модарро руҳбаланд менамояд. Дар навбати худ, бобою бибӣ ҳам интизор нашуда, вақти холии худашонро дар вақти аз боғча ё мактаб баргаштани набераҳояшон барои иваз намудани либосҳои онҳо сарф намоянд, хеле хуб мешавад. Ин рафтори онҳо барои кӯдакон ба дарси адаб табдил меёбад. Ҳам муҳаббату эҳтироми байни ҳамдигарии онҳо афзун мегардад.

Беҳуда нест, ки аксарияти бобою бибиҳои гузаштагон ва муосирон тарбияву назорати набераҳои худро ба уҳда мегирифтанд.

Ногуфта намонад, ки беҳтарин либоси хонагӣ аз матои пахтагист. Хоксорона пӯшидан маънои бетартибу дарвешона пӯшиданро надорад.

Либоси хоб ва таҳпӯш. Курта, поҷома, майка ва дигар либосҳои таҳпӯш ба гурӯҳи либоси хоб дохил мешаванд. Ин либосҳоро фақат дар хонаи хоб истифода менамоянд. Бо ин либосҳо дар даҳлез, вагон ва кӯчаву бозор гаштан нишонаи бемаданиятист. Либосҳои мазкурро ҳамеша тоза нигоҳ доштан лозим аст. Бо ин либосҳо ба долон баромада, вохӯрӣ намудан ҳам аз рӯйи одоб нест. Одатан либоси хоб ва таҳпӯш хусусияти фардӣ дорад ва аҳли оила бо ҳам онҳоро омехта намекунанд ва аз они ҳамдигариро намепӯшанд.

Либоси рӯзмарра ва кӯча. Ҳамаи он либосҳоро, ки дар вақти ба кор, кӯча, идора, сайру гашт, кинову театр, осорхонаву боғ рафтан мепӯшанд, либоси рӯзмарраву кӯча меноманд. Ба ин либосҳо пироҳан, костюм, пиджак, шим, тоқӣ, галстук, гарданбанд (шарф), боронӣ (плаш), палто, пӯстин, яктаҳ (кител) ва ғайраҳо дохил мешаванд. Либосҳои мазкур бояд мувофиқи қаду қомат, мутобиқи рангу ҷинс, фаслу вазъи обу ҳаво бошад. Ҳатман бо талаботи замона, коллективе, ки вомехӯред, ҷое, ки меравед, мувофиқ бошад. Дар вақти интихоби ин қабил либосҳо ҳар як шахс синну сол, вазъияти саломатиашро бояд худаш ба назар гирад. Хусусан, роҳбар, педагог ва мутахассис аз карру фарри зиёдатӣ даст кашида, диққат ба ҷиҳати ботамкинӣ, мавзунӣ, тозагӣ ва интизоми либоси хеш диҳад. Чунки рафтору кирдор, одобу интизоми сардор барои ҳамаи ҳамкорону шогирдонаш низ сабақи амалист.

Роҳбару педагог бояд маҳорати артистӣ дошта бошад, лекин артиствор напӯшад. Ин масъала ҷиҳати ҳам ахлоқӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам психологӣ дорад.

Рангу гули хати либос бо қомат ва фарбеҳию харобӣ муносибати зич дорад. Масалан, костюму шими якранг, ростхаттаи амудӣ қомати шахсони миёнақад ва фарбеҳро мавзун нишон медиҳад. Баръакс, шиму костюми гуногунранг, чорхата, ё ба таври уфуқӣ хат-хат – қомати одамони миёнақад ва фарбеҳро кӯтоҳтар карда нишон медиҳад.

Дар вақти интихоби либос муқоиса карда дидан лозим аст, ки ранги он бо ранги пӯсту рӯйи шумо мутобиқат мекунад ё не. Ҳатто либоси хеле зебо дӯхташудаи ба қаду қомат мувофиқ агар бо ранги пӯст ва мӯй муносиб наояд, ҳусни касро мекоҳонад.

Дар ин ҳолат мегӯянд, ки рангаш ба шумо назебидааст.

Дар вақти омехта пӯшидани либоси шарқиёнаю аврупоӣ диққати махсус додан лозим аст, ки бо ҳамдигар мутобиқат мекунанд ё не. Оё симои шуморо ба масхарабоз табдил намедиҳанд?

Дар оила ҳар як шахс бояд дарзмол кардан, дӯхтани тугма, бастани галстук, дӯхтани рахҳои кандагии либосашро донад. Омӯзондани он ба фарзандон вазифаи падару модар аст.

Дар баробари ин ба кӯдакон аз хурдӣ тозаю ба тартиб ва ба таври оддию зебо пӯшидани либосро тарбия кардан зарур аст.

Риояи одоби либоспӯшӣ сурати касро зебо, саломатиашро устувор, баданашро нарм ва асабашро ором менамояд.

Тарзи либоспӯшӣ, риояи тартибу интизом ва тозагию оддигии он нишонаи маданиятнокии ҳар як фарду оила ва миллат аст.

Либоси корӣ. Кашфиёти илмӣ нишон додааст, ки ҳосилнокӣ ва сифати меҳнат то дараҷае ба муҳити корӣ, дараҷаи ҳарорати он ҷо, либоси корию рангу бӯйи ҷойи кор вобастагӣ дорад. Масалан, дараҷаи ҳарорати муносиби байни бадану либос 28-300С будааст. Аз ин баланд ё паст будани ҳарорат сабаби тез-тез хасташавии коргар мегардад.

Аз тарафи дигар, ифлосӣ, рангҳои дилгиркунандаи сиёҳ, кабуд, ҷигарии баланд ва монанди инҳо ба руҳияи одамон ба таври манфӣ таъсир намуда, фаъолияти кории онҳоро паст менамояд. Аз ҷумла, либоси номуносиб, танг ё аз ҳад зиёд кушод ҳам ба натиҷаи фаъолияти меҳнатии коргар ва асабу саломатии вай таъсири бад хоҳад кард.

Гуфтаҳои мазкур ба он далолат мекунад, ки барои озодона кор кардан, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати меҳнат, нигоҳ доштани саломатӣ, либоси корӣ бояд ба шароити кор, фасли сол, дараҷаи ҳарорат мувофиқ бошад, ба тамоми аъзои бадан имконияти озодона ҳаво гирифтан дода тавонад.

Агар дар ташкилот либос ва ранги муайяни он таъйин шуда бошад, риояи он барои ҳама ҳатмист. Дар навбати худ тозагӣ, назокати либоси корӣ на фақат гарави устувории саломатист, балки дараҷаи интизому одоби коргарро нишон медиҳад. Ҳурмату эҳтироми ӯро нисбат ба касб ва ташкилоташ муайян менамояд.

Бо либоси махсуси корӣ ба кинову театр, ҷойҳои ҷамъиятӣ, автобус, троллейбус ё хона намедароянд. Онро дар ҷойи кор нигоҳ медоранд.

Агар имконият набошад, дар ҷомадон, халта ва ё ягон сумка ҳамроҳи худ бурда меоранд.

Ташкилоти касбии ҳар як идора бояд бо маслиҳати мутахассисон, дӯзандагон, тадқиқоти тиббӣ барои коргарони худ либос, ранг ва матоъро интихоб намуда, кӯшиш кунад, ки рангу дӯхти либоси махсус ба тамоми талаботи муҳити кории ташкилот мутобиқат кунад, аъзоёни ташкилотро руҳбаланд намояд, намуди зоҳирии онҳоро зебо нишон диҳад ва он то дараҷае бошад, ки коргарон аз пӯшидани он лаззат баранд.

Матои бо ном ҷинс яке аз матоъҳое ба шумор мерафт, ки барои устуворию бадоштиаш аз он дар шахтаю заводҳои шароити кориаш вазнин либоси махсуси корӣ медӯхтанд. Аммо имрӯз ин матоъ боиси мӯди ҷавонон гардидааст ва ҳатто қисматҳои махсус дарондаи он мӯд ҳисоб мешавад, ки пӯшидани он ба ҷуз корхонаҳои истеҳсолию заводу карйерҳо дар дигар ҷойҳо номуносиб аст.

Либосҳои маросимӣ. Дар ҳаёти ҳар шахс дар баробари рӯзҳои хушу хурсандӣ инчунин лаҳзаҳои сахту нохуш низ ҳастанд. Ин ҳодисаи тасодуфӣ набуда, балки қонунияти табиии умри инсон аст. Тифли навзод барои аҳли оила шодиву хушбахтии беканор меорад. Ӯ ба воя расида, саҳми худро дар зиндагӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ мегузорад, соҳиби фарзанд шуда, онҳоро чун ворис тарбия менамояд. Гӯё вазифаи таърихии умрои худро ба анҷом расонида рӯзе аз олам чашм мепӯшад.

Ғамгинии ботинии шахси мусибатдорро на фақат аз қиёфаи ӯ пай бурдан мумкин аст, балки ин ҳолат аз либосу либоспӯшии он низ зоҳир мегардад.

Мардумон шояд бо мақсади дар зоҳир ифода намудани ғамҳои ботинии хеш либоси азодориро офарида бошанд, то ки ҳангоми рафтору муносибат ҳолату вазъияти ҳамдигарро ба инобат гиранд.

Аз рӯйи урфият шахсони азодор дар рӯзҳои таъзия либосҳои махсусеро мепӯшанд, ки он рамзи мусибатдорист.

Мувофиқи расми тоҷикон азодор дар рӯзи дафн либоси кабуд, сабз ва ё сиёҳ мепӯшад, ки онро либоси азодорӣ меноманд. Масалан, мардон ҷомаву тоқӣ пӯшида, миёнбанди кабуд мебанданд. Занҳо бошанд, куртаи кабуд мепӯшанд, рӯймоли сафед ва ё кабуд мебанданд.

Баъзан занҳо куртаву рӯймоли сиёҳро низ истифода мебаранд, ки он дараҷаи азодории онҳоро ифода мекунад.

Шубҳае нест, ки либоси азодорӣ хусусияти хурофотпарастӣ надошта, балки аломатест барои ифода намудани вазъияти руҳиву зиндагии шахси мазкур ва нишонаест барои шинос намудани шахсони дигар аз мусибати худ. Чунки ин лаҳзаи мудҳишу ғамгини ҳаёти ҳар як фард аст. Дили азодор дар ин ҳолат пурхуну рухсорааш зард аст.

Либоси азодорӣ ҳам ҷузъи либоси миллӣ буда, дар байни миллату халқҳои гуногун маъмул аст. Риоя намудан ё нанамудани он дар ихтиёри худи шахси азодор, имконияту вазъияти ӯст.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми маросими дафн иштироккунандагон чун рамзи ҳамдардию азодорӣ дастбанди сиёҳу сурхро истифода мебаранд, ки ранги сиёҳ ифодаи ғамгинист. Аммо ранги сурх маънои дар хотир нигоҳ доштани хотираи неки мардумро дорад.

Имрӯзҳо, мутаассифона анъанаи бегонапарастӣ дар либоспӯшии занону духтарони мо бештар ба мушоҳида мерасад. Яке доманҳои кӯтоҳу тани нимурён дораду дигаре сатру ҳиҷоби сиёҳ, ки ба фарҳанги миллиамон бегона аст. Гоҳо ҳамон сатру ҳиҷоб чунон танг аст, ки барҷастагиҳои бадани он зан ё духтар аз чашми мардон пинҳон намемонад ва иффати тоҷиконаи ин шахсро паст мекунад.

Тӯй. Тӯй маросими изҳори шодиву хурсандӣ, рӯзҳои таърихии ҳар як фарде, ки дар он рӯз хешовандону дӯстон, ҳамкорону ҳамсоягон аз дуру наздик гирд омада, ин рӯзи фирӯзро якҷоя дар сари мизи нозу неъмат бо мусиқию суруд, рақсу бозӣ, аскияву хушгӯйиҳо мегузаронанд.

Иштироккунандагони тӯю хешовандон соҳиби тӯйро табрику таҳният гуфта, орзуҳои неки худро изҳор менамоянд ва ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аз суханони якдигар, суҳбати ширин, мусиқии форам, суруду рақсҳои зебо иштироккунандагон ҳаловат бурда, ғизои руҳӣ мегиранд. Истироҳат мекунанд, дилшоду хушнуд мешаванд.

Ҳар як шахс кӯшиш мекунад, ки дар чунин рӯзи хуш либоси тозаву зебо ва ба худ муносиб пӯшида ояд. Дар ин хусус ҳам вай соҳибихтиёр аст.

Оре, либоси тӯёнаву идона ифодакунандаи вазъияти хушу хурсандии ботинии шахс аст. Бигзор, ҳама ҳамеша шоду хуррам бошанд, зебову хушрӯ пӯшанд! Аммо бояд ки либоси зебо воситаи кибру худнамоӣ ва нописандӣ нисбат ба дигарон нагардад. Инак, нишонаи зебоии либоси тӯёна тозагӣ, ба тан муносибу қоим ва хушдарзу дӯхти он аст.

Ба ҳама маълум аст, ки либоси тӯйшавандагон – арӯсу домод ё соҳибҷашн онҳоро аз дигарон фарқ кунонида меистад. Дар айёми мо ду шакли либоси арӯсу домод маъмул аст. Яке миллӣ, анъанавӣ, дигаре муосиру умумӣ.

Албатта, арӯсу домод дар интихоби либос соҳибихтиёранд. Кадоме аз ин шакли либосҳо ба табъи онҳо маъқул ояд, интихоб менамоянд, дар вақти никоҳ ва маҳфил онро мепӯшанд. Масалан, либоси анъанавӣ-миллии тӯёнаи тоҷикон барои домод ҷомаи беқасаб, рӯймоли шоҳии сурх барои камар ва тоқӣ аст, ки аз болои костюму шим мепӯшанд.

Шакли анъанавии либоси арӯс бошад, хеле ҳам бою мураккаб аст. Масалан, камзӯли зардӯзӣ, рӯймол, тоҷу қош, пойафзол ва ғайра. Ҳоло бошад, куртаи сафеди тӯёна, фата ё шарф ва туфлии сафед шакли оммавиро гирифтааст, ки ин ба замонавӣ гардидани ин мӯд низ шаҳодат медиҳад. Аммо ин ҷо боиси қайд аст, ки дар ҳама давр ва имрӯзҳо низ арӯсу домоди миллати ҳинду ҳатман бо либоси миллии худ гирди оташи муқаддас давр зада, бо ин амал ба тамоми арзишҳои миллию бостонии худ ва оилаи навбунёди худ арҷгузорӣ менамоянд.

Хуллас, интихоби либос ифодакунандаи завқи шахсият ва батанзимдарорандаи доираи тарбия ё маданияти инсон аст. Тамоми либосҳое, ки имрӯзҳо дар мағозаву бозорҳо мавриди пешниҳод қарор мегиранд, мӯду замонавӣ буда, танҳо аз харидорон завқи баланди онҳоро тақозо карда, имконияти васеи интихобро медиҳад. Аммо гуфтан бамаврид аст, ки мо бояд ба аврупою бегонагон ва даврони асримиёнагиву таассуб пайравӣ накарда, босалиқа пӯшидани либосро ба ҳамагон талқин намоем.

Адабиёти истифодашуда:

  1. Қоидаҳои донишҷӯйӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, №14/2. – Душанбе, 2007.
  2. Ҷӯраева Х. Одобнома // китоби дарсӣ барои синфҳои 5-6, «Ношир», Хуҷанд, 2001.
  3. Низомномаи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ».
  1. Ҳакимова С. Одоб. Этика. Қоидаҳои умумии одоб дар ҷамъият. – Душанбе, «Адиб», 2004.
  2. Одинаев Ё. Бунёди маданияти шахс, Маориф, — Душанбе, 1989.

Фаридун ЮНУСОВ

Leave a Comment