Раванди ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар Шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ ва берун аз он аз ҷониби устодони доишгоҳ хуб арзёбӣ мегардад.
Рӯзи 18-уми апрели соли 2019 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-009-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи муаллими калони кафедраи «Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти металлургӣ» — Бадурдинов Садуло Тоҷидинович дар мавзӯи «Свойства литейного

Раванди ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар Шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ ва берун аз он аз ҷониби устодони доишгоҳ хуб арзёбӣ мегардад.

Рӯзи 18-уми апрели соли 2019 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-009-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи муаллими калони кафедраи «Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти металлургӣ» — Бадурдинов Садуло Тоҷидинович дар мавзӯи «Свойства литейного алюминиевого сплава АК12 со кандием, иттрием, неодимом и иттербием» аз рӯйи ихтисоси 05.16.09- масолеҳшиносӣ баргузор гардид.

Ҳамчунин рӯзи чоршанбе – 17-уми апрели соли равон муаллими калони ҳамин кафедра – Шарифов Дилшод Абдусамадович дар мавзӯи «Хосиятҳои термодинамикӣ ва адсорбсионии хокаҳои намнок кардашудаи кислотаи силитсий бо назардошти таъсири онҳо ба тағйирёбии параметрҳои баъзе равғанҳои техникӣ» рисолаи илмии худро дар Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-041-и назди Институти проблемаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ намуд.

Раёсат, ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва деканати факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» ин дастоварди устодонро самимона муборакбод менамояд.

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ.

Leave a Comment