КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ IV ИЛМӢ-АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁН, МАГИСТРАНТҲО ВА АСПИРАНТОНУ УНВОНҶӮЁН ТАҲТИ УНВОНИ «ИЛМ – АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ» ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКӢ

Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Конференсияи ҷумҳуриявии IV илмӣ-амалии донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантону унвонҷӯён таҳти унвони «Илм – асоси рушди инноватсионӣ» баргузор гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия аз Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ (ЮУрГУ) меҳмонон – Лапина Л.С.-сардори Идораи равобити байналмилалӣ, Потороко И.Ю.-д.и.т., профессор, мудири кафедраи “Хӯрока ва биотехнология”, Рухтин М.-мутахассиси Раёсати муносибатҳои

Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Конференсияи ҷумҳуриявии IV илмӣ-амалии донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантону унвонҷӯён таҳти унвони «Илм – асоси рушди инноватсионӣ» баргузор гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия аз Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ (ЮУрГУ) меҳмонон – Лапина Л.С.-сардори Идораи равобити байналмилалӣ, Потороко И.Ю.-д.и.т., профессор, мудири кафедраи “Хӯрока ва биотехнология”, Рухтин М.-мутахассиси Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, Муфтахов В.-декани факултети геологияи филиали Миассии донишгоҳи мазкур ва Умарова Р.З.-хатмкардаи Донишгоҳи техникӣ, собиқадори пурмаҳсули соҳаи сохтмону нақлиёт ширкат намуданд.

Дар оғоз сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. шунида шуд. Баъдан Лапина Л.С., Саидова Ш.Н.-магистранти курси 2-юм маърӯза намуданд.

Дар охир ба як қатор кормандони фаъоли донишгоҳ ифтихорномаҳо супорида шуд.

Мавриди қайд аст, ки конференсия кори худро баъди маҷлиси ифтитоҳӣ дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ идома медиҳад. Ҷамъбасти кори конференсия 26-уми апрели соли 2019, соати 1400 дар толори бинои асосии донишгоҳ баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва нашр.

Маводҳои конференсия:

Қисми 1. ФАНҲОИ ИҶТИМОӢ-ГУМАНИТАРӢ, ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ МУҲАНДИСӢ, ИҚТИСОДИЁТ, ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ва КОММУНИКАТСИОНӢ
Қисми 2. ЭНЕРГЕТИКА, НАҚЛИЁТ, ТЕХНОЛОГИЯИ ХИМИЯВӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ, МОШИНСОЗӢ, МАСОЛЕҲШИНОСӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МАВОД ВА ЭКОЛОГИЯ, ИЛМҲОИ БУНЁДИ (МАТЕМАТИКА, ФИЗИКА, ХИМИЯ)
Қисми 3. СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ. СОХТМОНИ НАҚЛИЁТӢ
 

Leave a Comment