Боиси дастгирӣ ва ифтихор аст, ки устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар роҳи мушкили илм устуворона қадам ниҳода, натиҷаи тадқиқоти худро ба сифати рисолаҳо ҳимоя менамоянд.
Муаллими калони кафедраи «Системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ» Бадалова Мамлакат Абдулхайровна дар мавзӯи «Ҳосил кардан, хосиятҳои физикӣ-химиявии интерметаллидҳои системаҳои Ln — Sb, Yb14-ХLnХМnSb11 (Ln – La, Nd ва Sm) ва моделикунонии қонуниятҳои тағйирёбии онҳо» (аз рӯйи ихтисоси 05.02.01 – маводшиносӣ (дар электротехника)) (ҳимоя рӯзи 24-уми апрели соли 2019 дар базаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-007 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид), аспиранти

Боиси дастгирӣ ва ифтихор аст, ки устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар роҳи мушкили илм устуворона қадам ниҳода, натиҷаи тадқиқоти худро ба сифати рисолаҳо ҳимоя менамоянд.

Муаллими калони кафедраи «Системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ» Бадалова Мамлакат Абдулхайровна дар мавзӯи «Ҳосил кардан, хосиятҳои физикӣ-химиявии интерметаллидҳои системаҳои Ln — Sb, Yb14-ХLnХМnSb11 (Ln – La, Nd ва Sm) ва моделикунонии қонуниятҳои тағйирёбии онҳо» (аз рӯйи ихтисоси 05.02.01 – маводшиносӣ (дар электротехника)) (ҳимоя рӯзи 24-уми апрели соли 2019 дар базаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-007 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид), аспиранти кафедраи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ» Сафарова Фарзона Раҷабалиевна дар мавзӯи «Таъсири элементҳои зергурӯҳи галлий ба рафтори коррозионии хӯлаҳои Zn5Al ва Zn0.5Al» (аз рӯйи ихтисоси 05.17.03 – технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия) (ҳимоя рӯзи 24-уми апрели соли 2019 дар базаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-007 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид) ва аспиранти кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ» Ҳасанзода Насрулло дар мавзӯи «Оптимизация режимов электропотребления в интеллектуальных сетях с двусторонним потоком энергии методами искусственного интеллекта» (аз рӯйи ихтисоси 05.14.02 – Неругоҳҳои барқӣ ва системаҳои электроэнергетикӣ) (ҳимоя рӯзи 25-уми апрели соли 2019 дар базаи Шӯрои диссертатсионии Д 212.173.01-и назди Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск баргузор гардид) рисолаи илмии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, деканати факултетҳои «Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ», «Технологияҳои инноватсионӣ» ва «Энергетикӣ» олимони ҷавонро бо ин муваффақият самимона муборакбод менамояд.

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ

Leave a Comment