Ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба бисёр масъалаҳои муҳим, аз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, инчунин пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба бисёр масъалаҳои муҳим, аз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, инчунин пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар заминаи эътиқодоти динии амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд. Чуноне ки бевосита Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш таъкид доштанд: “Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

Бадбахтона дар чандсолаи охир, ки ифротандешиву таассуб ҷомеаҳои кишварҳои пасошӯравиро ҷиддан таҳдид кард, донишмандони ҷаҳон барои пайдо кардани сабабҳои чунин гаравишҳои хатарнокро ошкор сохтан саъю талош намуда, дар баробари ин якчанд омилҳоро ёдовар шудаанд. Аз ҷумла дар таҳқиқоти худ якчанд сабабҳои гаравиши ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, аз қабили фақр, бекорӣ, таблиғи густурдаи ҳизбу созмонҳои ифротӣ номбар намудаанд. Вале ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар баробари сабабҳои дар боло зикргардида ноогоҳ будан ё дониши динӣ ва дунявӣ надоштани ҷавонон низ мебошад. Камсавод будан ва надоштани маорифи динӣ низ инсонро ба кӯйи гумроҳӣ мебарад. Донишмандон дар тафсири ояти 80-уми сураи Бақара таъкид мекунанд, ки ноогоҳӣ ва бедонишӣ инсонҳоро ба хурофотпарастӣ мерасонад. Ба ин хотир олимону нухбагони миллатҳоро мебояд, ки дар ҷомеа рисолати хешро анҷом дода, барои огоҳӣ бахшидан ва басират ёфтани мардум талош варзанд. Яке аз чунин корҳо бепосух нагзоштани афкору гуфтори нораво мебошад.

Ҳукумати Шӯравӣ ба эътирофи ҳама донишмандон ҷомеаҳои аз нигоҳи маънавӣ фартутро ба ҷой гузошт. Ҳафтод соли сиёсати динбадбинӣ (фобия) боис гардид, ки мардуми ташна ба самти худогоҳӣ шитофта, дину имонро низ чун ҷузви фарҳанг гиромӣ доранд. Шавқу рағбати мардум нисбат ба динро мушоҳида карда, гурӯҳи фурсатталабу моҷароҷӯ бо шиорҳои динӣ хостанд мардуми ноогоҳро ба вартаи гумроҳӣ кашанд. Даҳҳо ҳазор ҷавон дар ҷанги шаҳрвандӣ аз паси сарони фитнаангезу иғвогар рафта, талаф гаштанд. Иддае аз ҷавононро ба дом андохта, ҳизбу созмонҳои террористӣ пойи ҷавонони ноогоҳи тоҷикро ба фитнаҳои бузурги аср гирифтор карданд. Магар падару модари ҷавононе, ки ҷони худро дар фоҷеаҳои Сурияву Ироқ аз даст доданд, бо ҳамин умед онҳоро ба дунё овардаву бузург карданд?!

Аз баракати истиқлол сатҳи худогоҳии аҳолӣ хеле боло рафт. Аз ҷумлаи корҳои бузург дар ин самт нашри китобҳои зарурӣ, аз ҷумла тарҷумаи тоҷикии Қуръони Карим, тарҷумаи Саҳеҳи Бухорӣ, таҷлил ва муаррифии чеҳраҳои тобнок ва симоҳои дурахшони фарҳанг, аз қабили Имоми Аъзам Абуҳанифа мебошад. Агар дар даҳ соли аввали соҳибистиқлолӣ танҳо афроди хос ва қисми ками ҷомеа ба шахсияти бузурги маънавӣ ва пешвои мазҳабии тоҷикон Абуҳанифа ошно бошанд, имрӯз пиру ҷавон ин шахсияти бузургро мешиносанд. Сатҳи огоҳии динӣ дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон нисбат ба даҳ соли қабл хеле беҳтар гаштааст.

Вале бадбахтона моҷароҷӯҳои дирӯз то ҳол дар камин нишаста, бо найрангу фиреб мехоҳанд фитнаҳои нав барпо кунанд. Агар дар гузашта бо нашри рӯзномаву таблиғи густурда дар масҷидҳову минбарҳо ва ҷаласаҳои хусусӣ ба ин кор машғул гарданд, имрӯз майдони муборизаи онҳо шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Дар асри иттилооту технологияи муосир, ки ҷаҳонро дигаргун карда, иддае ҳанӯз боварҳои нораво ва хурофотро алам карда, ҷавононро ба кӯйи гумроҳӣ ва нокомӣ мекашонанд. Дар пахши ақидаҳои ифротгароӣ нақши интернет имрӯзҳо хеле фаъол шудаву назорат намудани муҳтавои маводи он душвор гаштааст. Дар гирифтани маълумоти ғаразноки динӣ нақши зиёд доштани ин воситаи иттилоотӣ ташвишовар аст, зеро дар интернет на ҳамеша маълумоти динӣ холисона ва аз манбаву сарчашмаҳои муътамад пешниҳод мешавад.

Баробари густариши ҷомеаи иттилоотӣ таъсири расонаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ дар раванди ташкили афкори омма пайваста густариш меёбад. Расона ва технологияҳои иттилоотӣ абзори қавии «шустани мағзҳо» мебошанд, ки ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳҳои ҷомеаро тағйир медиҳанд ва танзим менамоянд. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо аз ҷониби гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ақидаҳои тундрав истифода мешаванд. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Одноклассники», ҳамчунин, мессенҷерҳои WhatsApp Viber Telegram ва ғайра гурӯҳ ва саҳифаҳои ҷонибдорон ва мубаллиғони «ДИИШ», «Ҳизб-ут-таҳрир», ТЭТ ҲНИ, салафия ва ғайра фаъолона амал мекунанд. Ташкили фазои мусоиди иттилоотӣ барои коҳиши сатҳи ифротгароӣ дар байни ҷавонон тақозо мекунад, ки торномаҳои интернетӣ ва расонаҳои алоҳида барои тарғиби арзиш ва фарҳанги суннатӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонон, таъсис дода шаванд ва ин расонаҳо бояд маҳсулоти аудиовизуалии ҷолиб тавлид созанд. Зеро тибқи таҳлилҳои коршиносон таъсири ин гуна мавод дар байни ҷавонон пайваста дар ҳоли афзоиш аст.

Айни замон моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва вазифаи ҳар як фарди ватанпараст, миллатдӯст ва мусалмон, алалхусус ҷавонон, ки нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз он иборат аст, ки фирефтаи макрҳои сиёсиву идологии он гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, нашаванд ва аз гароиш ба онҳо худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафар шахсони бегуноҳи дигар мегарданд. Ҳар як сокини мамлакат бояд барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Фақат дар фазои амну субот, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирии динӣ, садоқату вафодорӣ ба давлати озоду соҳибистиқлоли миллӣ имконияти ба дастоварҳои назаррас ноил гаштан вуҷуд дорад. Фақат бо чунин услуби давлатдорӣ мо метавонем кишвари азизи худро ба яке аз давлатҳои мутамаддин ва мутараққии ҷаҳон мубаддал созем. Аз ин рӯ, тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан зиёиёну равшанфикрон ва ҳар касе, ки худро дар назди ҷомеа ва таърих масъул медонад, бояд баҳри огоҳии ҷавонон ва басирату маънавиёти онон кӯшиш кунад. Ҳама дар назди миллат ва давлати навпойи Тоҷикистон масъулем ва қарзи шаҳрвандии худ медонем. Роҳи паймудаи қаҳрамонони Тоҷикистон ва ҷонфишонии онҳо дар роҳи таъсиси давлат, шукуфоии кишвар, истиқрори сулҳу амният сабақу раҳнамои мост!

Самадов Ҳ.Ҳ., Шоқурбонова Ҷ.

Leave a Comment