Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мизи мудаввар бо иштироки намояндагони ташкилоти таҳсилотии Ҷумҳурии Полша ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мизи мудаввари мазкур намояндагони 17 муассисаи таҳсилоти олии Полша иштирок намуда, доир ба муаасисаҳои таълимии кишварашон маълумот доданд. Дар навбати худ намояндагони муассисаҳои олии кишвар низ дар бораи донишгоҳу донишкадаҳо ахборот доданд.

Дар қисмати дуюми мизи мудаввар хатмкунандагон ва магистрон бевосита бо намояндагони макотиби олии Полша суҳбат намуда, ба саволҳои зиёди худ ҷавоби қаноатбахш гирифтанд.

Ҳамин тариқ, мизи мудаввар дар чорчӯбаи тартиботи зарурӣ ва сатҳи баланд баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment