Бо мақсади иҷрои Протоколи ҷаласаи назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.04.2019,№6/27-30 оид ба “Саноатикунонии босуръати кишвар”, мутобиқи банди 11-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014,№145) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва ташкилоти ҷамъиятии “Пунбачӣ”барои татбиқи нақшаи маркетинги шуъбаи пайгирии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, дастрас будани маълумоти зарурии муассисаҳои таҷрибавӣ оид ба ҳаракати касбии хатмкунандагони муассисаҳои олии касбии кишвар ишораи (линк)-и  http//www.gts-center.ttu.tj-ро дар сомонаи донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик  М.С.Осимӣ  www.ttu.tj ҳамроҳ намудааст.

Хатмкунандагон метавонанд аз сомонаҳои гуногун вориди сомонаи омӯзишии бокортаъминшавии хатмкунандагон гардида, дар пурсиши навбатӣ иштирок намоянд.

Ин метавонад ба мониторинги раванди бокортаъминшавии мутахассисони ҷавони донишгоҳ мусоидат намояд ва барои бо ҷойи кор таъминшавии хоҳишмандон (хатмкунандагон), ки дар ҷустуҷӯи ҷойҳои кории холӣ мебошанд, имконият фароҳам оварад.

Маркази рушди касбият (карйера)

Leave a Comment