Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд. Мардуми мо, мутаассифона, ҳанӯз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксарияти онҳо ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва монанди инҳо ба сарфи маблағҳои ҳангуфт роҳ медиҳанд.

Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд. Мардуми мо, мутаассифона, ҳанӯз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксарияти онҳо ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва монанди инҳо ба сарфи маблағҳои ҳангуфт роҳ медиҳанд. Чунин ҳолатҳо алалхусус то замони қабул шудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» хеле зиёд ба назар мерасиданд ва ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оммаи васеи мардум таъсири манфӣ ворид мекарданд. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, то барои ҳалли ин масъала чораҳои зарурӣ андешад.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуданд, ки то баргузории машварати умумиҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархост ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳодоти муфид ирсол гардид ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар 24-уми майи соли 2007 оид ба масъалаи танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ сухан ронда, гуфта буданд: «Қисме аз мардуми мо, ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».

Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Татбиқ ва риояи талаботи қонун дар маҳалҳо ба ҳар яки мо вобаста мебошад. Дар моддаи 1-уми қонуни номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст». Ниҳоят дар таърихи 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба тасвиб расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда дар онҳо буд, то иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад.

Барои дарк кардани нақши бузурги иҷтимоиву иқтисодии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», қабл аз ҳама мо бояд вазъи татбиқёбии анъана ва ҷашну маросимҳои сершумори милливу динии тоҷикон дар солҳои охирини замони шӯравӣ ва давраи то қабул шудани ин қонун дар замони истиқлолиятро ба хотир оварем. Масалан, чӣ тавре ки дар хотир дорем, дар он даврони сипаришуда анъана ва ҷашну маросимҳои милливу динӣ ба ҳадде зиёд буданд, ки мардум намедонист кадоме аз онҳоро иҷро кунад. Илова бар ин, баъзе анаъна ва ҷашну маросимҳо бо унсурҳои зиёди хурофотӣ ва бо дину фарҳанги миллии тоҷикон бегона то ҳадде олуда шуда буданд, ки аз ҳам ҷудо кардани унсурҳои худӣ ва бегона, зарурӣ ва нолозим дар таркиби онҳо хеле мушкил буд. Инчунин, аксарияти кулли анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо ба таври стихиявӣ ва бетартибона татбиқ мешуданд. Ҳатто, бархе аз онҳо, масалан, ҷашни хонадоршавӣ, барои бархе аз мардуми доро ба як маъракаи худнамоӣ табдил ёфта буданд. Масалан, дар ҷашнҳои арӯсӣ истифодаи теъдоди зиёди мошинҳо, бо маблағи калон даъват намудани сарояндаҳои номдор, харҷи зиёди анвои нӯшокиву хӯрок, пулчаспониҳо ба ҳукми анъана даромада буданд, ки аслан ба ғайр аз намоишкорӣ ва исрофкории бемаънӣ маъно ва моҳияти дигаре надоштанд. То қабули қонун маросимҳои мотаму азодорӣ низ тадриҷан моҳияти аслии худро гум карда, дар бисёр маврид хароҷоти онҳо аз хароҷоти ҷашни хонадоршавӣ камтар не, балки зиёдтар буд. Зери ин намоишкориҳо бошад, миёни хамзадаи соҳиби маърака ва қарзҳои гирифтаи ӯ ноаён мемонд. Танҳо пас аз гузаштани маърака камбағалию тангдастӣ якҷо бо дигар мушкилиҳои рӯзгор бо соҳибхона даст ба гиребон мегардид.

Зарурати дигари қабули қонун ин зиёдгардии маросимҳои барои фарҳанги мо бегона ба ҳисоб меравад. Чунки анъанаву маросимҳо ҷузъи фарҳанги ҳар як умумияти этникӣ ба ҳисоб рафта, миллатҳоро аз ҳам фарқ мекунонад. Ҳар як миллатро тавассути унсурҳои фарҳанги миллии худ мешиносанд. Қонун номгӯйи маросимҳои хусусияти сирф миллӣ ва динидоштаро нигоҳ дошта, аз маросимҳои характери хурофотидошта ва барои фарҳанги мо бегона даст кашид. Ҳамзамон ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст. Ҳангоми қабули қонун шахсони ваколатдор ва мутасаддӣ кӯшиш намуданд, ки анъана ва ҷашну маросимҳои характери миллӣ доштаро аз маросимҳои аз фарҳанги миллатҳои ғайр ба мо ворид гашта ҷудо намоянд. Масъалаи асосие, ки ин ҷо қайд кардан лозим аст, ин аст, ки бо назардошти он ки зиёда аз 95 фисади аҳолиро мусалмонон ташкил медиҳанд ва аз ин лиҳоз ҳангоми қабули қонун баъзе падидаҳои хурофотие, ки аз дини ислом ва махсусан пайравони мазҳаби ҳанафия бегона буданд, ба назар гирифта шудаааст. Яъне қонун дар асоси талаботи мусалмонони кишвар таҳия ва қабул гардида, бо таълимоти мазҳаби ҳанафия ягон ихтилоф надорад. Баръакс анъанаву маросимҳое, ки хусусияти хурофотӣ доштанд аз байн бурда шуда, баргузории баъзеи онҳо комилан манъ гардид. Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт.

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дар шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Анъана ва расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон тавассути аз насл ба насл додани донишҳо, меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ то ба имрӯз омада расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо онҳо бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбанд. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо ва амалӣ гаштани расму оинҳо барои аксарияти мардуми мо, ки дар ҳоли тангдастию камбағалӣ қарор доштанд, мушкилоти зиёди моливу пулиро ба миён оварда буд.

Рафъи ин мушкилот, пеш аз ҳама, зарурати танзими расму оинҳои милливу диниро тақозо менамуд. Бо назардошти ҳамин талабот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими анаъанаҳо ва ҷашну маросимҳои милливу диниро ба ҳайси яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ ба ҳисоб гирифта, тамоми саъю талоши худро дар ин самт барои қабули қонунҳои саривақтӣ ва таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум равона намуд.

Инак, чандин сол аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардидааст. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули назорати риояи қонуни мазкурро ба ӯҳда дорад.

Чӣ тавре ки маълум аст, фарҳангу тамаддуни ҳар миллат ва халқият дар раванди таърихии ташаккул ва такомули худ хоҳу нохоҳ бо фарҳанги дигар халқу миллатҳо дар ҳолати «додугирифт» ва ё «мубодила» қарор дошта, бо онҳо омезиш меёбад. Омезиши фарҳангҳо бошад, хоҳу нохоҳ дар урфу одат, анъана ва маросимҳои мардумӣ инъикоси худро меёбанд. Маҳз бо ҳамин далел тӯли садсолаҳои таърих ҷашну маросимҳои диниву миллии мо низ ба чунин омезишҳо гирифтор шуда, дар баробари баъзе унсурҳои мусбат, инчунин унсурҳои зиёди хурофотиро ба худ қабул намуда буд, ки онҳо сарбориҳои зиёдро ба сари мардуми оддӣ бор кардаанд. Чунин раванд то солҳои наздик, аниқтараш то қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо идома дошт ва яке аз пайомадҳои номатлуби ин раванд баргузории маърака ва маросимҳои зиёд ва серхарҷ ба шумор мерафт.

Тибқи анъанаҳои милливу динии мардуми тоҷик риояи расму оинҳои динӣ барои ҳар фард мисли иҷрои муқаррароти қонунҳо ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад. Омили дигаре ки инсонро барои риоя намудани расму оинҳои милливу динӣ водор мекунад, таъсири сахти афкори иҷтимоӣ, муҳокима ва гуфтугӯи атрофиён мебошад. Таҳти таъсири ин омил ҳар шахс кӯшиш мекунад, ки шарафи худро дар назари дигарон аз даст надиҳад, аз қатори умум набарояд, мисли ҳама рафтор кунад, тартиботи муқаррариро, ки ба мерос мондаанд, ба ҷо орад. Зеро онҳое, ки ин қонуну меъёрҳоро риоя намекунанд, мавриди тамасхури одамони атроф қарор мегиранд, ҳамчун «зоғи ало» ё худбин машҳур мегарданд. Аз нигоҳи илми ҷомеашиносӣ низ шахсоне, ки меъёри муқаррарии иҷтимоиро риоя наменамоянд, каҷрафтор (девиант) ҳисобида мешаванд. Аз ин лиҳоз, шахс ҳар вақт вориди муносибатҳои ҷамъиятӣ мегардад, новобаста аз хоҳиши худ меъёрҳои иҷтимоиро риоя намуда, мувофиқи он рафторашро содир менамояд. Аз ин нуқтаи назар расму оин ва маросимҳои динию миллӣ низ қоидаҳои рафтори таърихан тащаккулёфта ба ҳисоб мераванд. Бинобар ҳамин, як қисми мардум, ҳатто пас аз қабул шудани конуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ кӯшиш мекунанд, ки меъёрҳои то қабули қонуни мазкур ҷойдошта доир ба иҷрои расму оинро риоя намоянд.

Бояд қайд намуд, ки қабули қонуни мазкур тафриқаи иҷтимоиро низ кам менамояд ва дар ҷомеа барои ҳама имконияти якхела фароҳам оварда, боиси афзун гаштани синфи миёна мегардад. Дар ҷаҳони муосир ҳангоми муайян сохтани сатҳи инкишофи ҷамъияту давлат, пеш аз ҳама ба синфи миёнаи он диққати махсус дода мешавад, чунки маҳз ташаккули синфи миёна нишондиҳандаи то кадом андоза пешрафта будани ҷамъият буда метавонад. Синфи миёна синфи ботаҳаммул ва пуштибони сиёсати давлат буда, воситаи беҳтарини бартараф намудани оқибати буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст гардонидани шиддати иҷтимоӣ мебошад. Синфи миёна барои устувории низоми иҷтимоӣ ва сиёсии давлат мусоидат менамояд, зеро «талабот»-и синфи миёна нисбатан камтар буда, намояндагони ин синф бештар «ба кори худ» банд мебошанд ва бо қувваи худ ҳаёташонро ба таври муътадил пеш бурда метавонанд. Агар намояндагони синфи миёна ҳиссаи зиёди шаҳрвандонро ташкил диҳанд, он гоҳ ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои бештареро барои дида баромадани дархости табақоти дигари ниёзманди ҷомеа пайдо менамояд. Илова ба ин, намояндагони синфи миёна бо сабаби ҳаёти муътадил доштанашон ба устувории низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ҳавасманд ҳастанд, аз ин рӯ барои нигоҳдошти сулҳу оромӣ ва дастгирии низоми сиёсӣ кӯшиш менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» барои дар ҷомеа зиёд гаштани синфи миёна ва аз ин тариқ таъмин намудани устувории ҷомеа мусоидат менамояд.

Ҳамзамон ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст. Як меъёри ниҳоят муҳими Қонун ба таври ихтиёрӣ баргузор намудани маърака мебошад. Акнун ҳар як фарди ҷомеаи имрӯзаи мо имкон пайдо намуд, ки ба муқаррароти Қонун такя намуда, маъракаашро бо хоҳиши худ бе истиҳола ва хиҷолатмандӣ гузаронад. Ҳадафи Қонуни мазкур низ ҳаминро тақозо дорад, яъне ҳар як меъёри он дар баробари ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон нигаронида шудааст.

Қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт. Дар маҷмӯъ аҳамияти ин қонун хеле бештар аст, аз он ки гуфта шуд. Он на танҳо боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум, балки рушди ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии мардуми ҷумҳурӣ гардидааст ва дар ниҳояти кор, ба он нигаронда шудааст, ки симои шахси боимону тақводор, шаҳрванди ватандӯсту худогоҳро дар асоси суннатҳои миллии мардуми Тоҷикистон муайян мекунад.

Хулосаи калом, таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ ва натиҷаву пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии татбиқи қонуни танзим нишон медиҳад, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат ба нафъи мардум хизмат намуда, зимнан барои таъмини амнияти озуқавории ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, низ нақши хеле муҳимро иҷро мекунад.

Самадов Ҳумоюн, Ҳусейнов Шуҳрат

Leave a Comment