27-уми июн Рӯзи ваҳдати миллӣ
Дар гузаштаи бойи халқи кӯҳанбунёди тоҷик ҳодисаҳои муҳими таърихӣ бисёранд. Вале миёни онҳо санаи муҳими таърихию тақдирсози давр – ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мавқеи хос дорад. Зеро ин Созишнома бо сарварии Пешвои сулҳофарини халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату миллатамонро аз несту парокандашавӣ наҷот дода, моро ба имрӯзи хушбахт ва фирӯзу саодатманд расонид. Худо шоҳид, ки баъди ин рӯйдоди тақдирсоз барои давлату давлатдорӣ, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шароитҳои муносиб фароҳам омад ва минбаъд мо ба дастовардҳои беқиёсе ноил гаштем, ки дар давоми асрҳои гузашта мислашро надида будем. Маҳсули ҳамин Созишномаи сулҳи тоҷикон аст, ки имрӯзу фардо низ амалҳову кӯшишҳои созандагию бунёдкоронаи халқамон таҳри роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сарзамини аҷдодиро фаро гирифта, ҳамаи моро ба сӯйи қуллаҳои мурод бурда истодааст.

27-уми июн Рӯзи ваҳдати миллӣ

Дар гузаштаи бойи халқи кӯҳанбунёди тоҷик ҳодисаҳои муҳими таърихӣ бисёранд. Вале миёни онҳо санаи муҳими таърихию тақдирсози давр – ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мавқеи хос дорад. Зеро ин Созишнома бо сарварии Пешвои сулҳофарини халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату миллатамонро аз несту парокандашавӣ наҷот дода, моро ба имрӯзи хушбахт ва фирӯзу саодатманд расонид. Худо шоҳид, ки баъди ин рӯйдоди тақдирсоз барои давлату давлатдорӣ, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шароитҳои муносиб фароҳам омад ва минбаъд мо ба дастовардҳои беқиёсе ноил гаштем, ки дар давоми асрҳои гузашта мислашро надида будем. Маҳсули ҳамин Созишномаи сулҳи тоҷикон аст, ки имрӯзу фардо низ амалҳову кӯшишҳои созандагию бунёдкоронаи халқамон таҳри роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сарзамини аҷдодиро фаро гирифта, ҳамаи моро ба сӯйи қуллаҳои мурод бурда истодааст.

Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нишон дод, ки ҷанг, куштору сӯхтор, кашмакашиҳои бемаънӣ Ватанро хароб, халқро пароканда, миллатро ба даҳсолахо ақиб мепартояд. Таърих гувоҳ асту мо ҳама шоҳидем, ки Пешвои миллату сарвари давлатамон барои хотима додани ҷанг, наҷоту сарҷамъ кардани халқи парешонгашта, ба имзо расонидани Созишномаи сулҳ ва дар амал татбиқ кардани он чӣ қадар заҳматҳо кашид, дар аксари ҳолатҳо ҳатто ҷонашро зери хатар гузошта, бо ватандӯстиву принсипнокиаш, инсондӯстию фаъолияти сулҳҷӯёнааш эътибору эҳтироми бузурги халқро дар дохили кишвараш ва хориҷи он соҳиб гаштааст.

Имрӯз ба мо – шоҳидони он замон басо душвор аст ба хотир овардани ҳодисаҳои нангину пурдаҳшати давраеро, ки дар натиҷаи кашмакашиҳои бемаънии азҳобу гурӯҳҳои мансабталош кишварамон ғарқи хун, дар оташ месӯхту фиғону навҳаи модарону хоҳарони ҷигарбохта ба осмон мепечид. Дар он давра ҳамаи мо аз сӯхтору куштор, ваҳшату харобкориҳо ба ташвиш омада, аз он метарсидем, ки Тоҷикистон ба кишвари ҷангзадаву парешон табдил наёбад. Аз ин рӯ, ба хотимаи ҷанги хонумонсӯз ва бақои Ватани азизамон тавассути маҳз ҳамин созишнома умед мебастем. Имрӯз шукр мегӯем, ки тавассути заҳмату кӯшишҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 8 даври вохӯриҳову 21 даври гуфтушунидҳо ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Созишномаи сулҳи тоҷикон дар таърихи навтарини инсоният ҳодисаи нодиртарине мебошад, ки мислашро ягон кишвари ҷангзадаи дунё ва ё минтақа надидааст. Созишнома халқи моро аз гирдоби ҳалокату парокандашавӣ наҷот дода, барои инкишофи ояндаи кишвари кӯҳанбунёд, бунёди давлатдории навин ва рушди сарзамини аҷдодӣ роҳи васеъ кушод. Дар ин давраи тақдирсоз тарафҳо манфиатҳои умумидавлатию умумимиллиро аз манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ, минтақавию маҳаллӣ афзал дониста, барои бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл кардани норасоиҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ, барқарор кардани сулҳ, якдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ асос гузошта шуд. Воқеан ҳам, ин қадами бениҳоят ҷиддию устувор барои инкишофи низоми давлатдории миллӣ, якдигарбахшии тарафҳо, мустаҳкам кардани боварию якдигарфаҳмии мардуми маҳалу манотиқи гуногуни мамлакат буда, таърихию тақдирсоз будани он ҳам дар ҳамин ниҳон аст. Сулҳу ваҳдат имкон дод, ки мардум дасти ба даст дода, ҳамчун бародарони як модару як меҳан якҷоя ба барқарор кардану обод кардани сарзамини аҷдодӣ шуруъ намоянд.

Дар он давраи вазнин агарчанде баъзеҳо ба амалишавии нуқтаҳои созишнома боварӣ надошта бошанд ҳам, вале марди ҷавони ватандӯст Эмомалӣ Раҳмон ва бисёр фарзандони вафодори диёр, ки ба ӯ боварӣ доштанд, ба тантанаи сулҳу ваҳдати миллӣ боварии комил дошта, ба амалигардонии нуқтаҳои асосии он бо эътимоду боварии қавӣ шуруъ карданд. Дар ин роҳи душвору пурпечутоб, вале зарури зиндагӣ Солори миллат, Президенти ҷавони кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи аз ҷангу хархашаҳои бемаънӣ хасташударо аз пайи худ мебурд. Ва мардуми мо ба ӯ бовар кард. Роҳбари ҷавон бо рафтору амалҳои ҷасурона, мардонаву хирадмандона, истеъдоди худододӣ бо дурустии роҳи интихобкарда ва мавқеи сиёсиаш тавонист ба ҷанг хотима дода, иҷрову риояи нуқтаҳои асосии Созишномаи сулҳро таъмин кард, гурезагону фирориёнро ба Ватан баргардонид, халқро ба созандагию ободии диёр рӯҳбаланду ба ояндаи нек дилпур сохт. Аз ин рӯ, Созишномаи сулҳ инчунин натиҷаи мантиқии дарёфти лидеру роҳбари сазовори миллат буда, халқ дар атрофи солори худ ҷамъ омада, ба ваҳдати миллӣ асос гузошта шуд ва Тоҷикистон аз пайи таҳкими истиқлолият ва амалӣ гардонидани стратегияи рушди минбаъдаи худ равона гардид.

Бинед, имрӯз дар Тоҷикистони азиз сулҳу амонӣ пойдор ва тамоми соҳаҳои ҳаёту зиндагӣ рушд карда, фарзандонамон бо таҳсилу меҳнати созанда ва ҳаёти хушу хуррам машғул аст. Ба сулҳу ваҳдат расидани миллати азияткашида, пойдору устувории давлати тоҷикон, бунёду тарҳрезии иншооти муҳими дорои аҳамияти сиёсию стратегидошта, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, шукуфоию ба таври шинохтанашаванда тағйирёбии симои кишвари азиз меваҳои ширини Созишномаи истиқрори сулх ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

Тавассути Созишномаи сулҳи тоҷикон дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихии солҳои минбаъда сиёсати сулҳпарваронаву мардумии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии кишвари азизамон аз ҷониби аксари мамолики олам ҳамчун ҳодисаи нодир пазируфта шуд. Камбудиву норасогиҳо бартараф шуда, дар кишварамон волоияти қонун ба роҳ монда шуд. Қувваҳои солими кишвар дар атрофи ҳукумати қонунӣ, дар атрофии Пешвои муаззами миллат зичтар муттаҳид гардид, дар ҷомеа муҳити комили сулҳу ваҳдат, дӯстию якдигарфаҳмӣ танинандоз гардид. Ҳатто душманону бадхоҳонамон маҷбуранд эътироф кунанд, ки сулҳу ваҳдат, дӯстию якдигарфаҳмии имрӯза дар Тоҷикистон натиҷаи Созишномаи сулҳ мебошад, ки ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишварро ба таври шинохтанашаванда тағйир дода, сохтмони нақбу роҳҳо, роҳҳои оҳану пулҳо, иншооти соҳаи гуногуни маданию иҷтимоию фарҳангӣ ва гидроэнергетикӣ амалӣ гашта, зиндагии мардум хуб шуд ва барои одамон шароитҳои васеи созандагию инкишоф фароҳам оварда шуд. Аз ин лиҳоз, агар солҳову даҳсолаву садсолаҳо гузашта, дунё тағйир ёбад ҳам, наслҳои нав тавлиду ба воя расанд ҳам, вале дар таъриху хотираи мардуми шарифи тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, номҳои фарзандони фарзонаи миллат як умр ва абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Мо, насли калонсол, ки шоҳиди ҳамаи воқеаҳои он давр будем, ба имрӯзи тинҷиву амонӣ ва созандагӣ шукрҳо гуфта, ҳамзамон кӯшиш мекунем дар тарғиби аҳамияти таърихиву тақдирсоз будани Созишномаи сулҳ саҳм гузорему онро ба фарзандонамон, ба ҷавонони донишҷӯву низомиён тавассути сӯҳбату вохӯриҳо фаҳмонем. Мо вазифадорем ба фарзандону ҷавонон фаҳмонем, ки сулҳу ваҳдат ва зиндагии шоистаи имрӯза тавассути кадом душворию ҷонбозиҳо ба даст омадааст ва онро бояд ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат намоем. Мо калонсолони ҷомеа фарзандону ҷавонони имрӯзаро ба пос доштани анъанаҳои халқу давлат, чун манбаи асосии ҳаёт нигоҳ доштан, эҳтиёту ҳифз кардани сулҳ, дӯстӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ, ватандӯстӣ ва расидан ба қадри ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, дигар ҳеҷ гоҳ роҳ надодан ба ҳодисаҳои манфури солҳои 90-уми асри гузашта ҳидоят намоем. Мо инро бароямон ҳам қарзу ҳам фарзи инсонӣ мешуморем.

Ҷӯраева Ҷ.муаллими калони кафедраи Менеҷменти истеҳсолӣ”.

Leave a Comment