Мардуми кишвар ҳамасола ҷашни Ваҳдати миллии худро бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ва комёбиҳои назаррас ҷашн мегиранд. Ба ҳамаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон маълум аст, ки ин ваҳдат барои мардуми кишвар муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат мо сарфи назар аз мушкилиҳое, ки доштем, тавонистем бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузорем ва бо роҳи созандагию бунёдкорӣ ифтихори давлатдории худро ҳифз намоем. Дар ин муддат пас аз ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии мамлакат, ҳифзи мероси пурарзиши таърихиамон, таъмини рушди илму маориф ва фарҳанг муҳимтарин самтҳои стратегии сиёсати давлат буданд ва дар ин ҷода ба дастовардҳои намоён низ ноил гардидем.

Мардуми кишвар ҳамасола ҷашни Ваҳдати миллии худро бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ва комёбиҳои назаррас ҷашн мегиранд. Ба ҳамаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон маълум аст, ки ин ваҳдат барои мардуми кишвар муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат мо сарфи назар аз мушкилиҳое, ки доштем, тавонистем бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузорем ва бо роҳи созандагию бунёдкорӣ ифтихори давлатдории худро ҳифз намоем. Дар ин муддат пас аз ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии мамлакат, ҳифзи мероси пурарзиши таърихиамон, таъмини рушди илму маориф ва фарҳанг муҳимтарин самтҳои стратегии сиёсати давлат буданд ва дар ин ҷода ба дастовардҳои намоён низ ноил гардидем.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Таърих гувоҳ аст, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол шуда, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид.

Чуноне ки ба ҳамаи мо маълум аст, пас аз пирӯзии Инқилоби Кабири Октябр ва муборизаи як гурӯҳи фарзандони шуҷои миллат боис гардид, ки соли 1924 аввал Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва баъдан соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис гардид. Ҳарчанд аз мавзеъҳое, ки худи халқияти тоҷик дар он ҷойҳо ташаккул ёфта буд, бар асари номуттаҳидӣ ва хиёнатҳои берунаву дохилӣ ҷудо монд. Ба ҳар ҳол ин падида дар таърихи миллати тоҷик комёбии бузургтарин ва сарнавиштсоз буд, ки бе он истиқлолияти давлатии имрӯзаи мо шояд номумкин мебуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки таассуб, маҳалгароӣ, тангназариҳо дар шуури элитаи миллӣ ва динӣ ҷой дошт, вале сиёсати қавии давлатӣ ва ҳизбӣ дар замони Иттифоқи Советӣ онро боло рафтан намегузошт. Бинобар ин, хислатҳои манфии мазкур дар он солҳо ба ҳадди ифрот ва омили харобкунандаи зеҳни мардум табдил намеёфт.

Мутаассифона, дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта таҳти таъсири қувваҳои хориҷӣ омилҳои дохилие ба вуҷуд омаданд, ки барои ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ мусоидат мекарданд ва эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгароӣ равона менамуданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо хеле авҷ гирифтанд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон гурӯҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, мамлакатамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Майдоннишиниҳои дар Тоҷикистон бавуҷудомада нақшаи фалаҷ кардани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавиро доштанд ва оқибат он ба фоҷиаи миллӣ овард. Албатта, ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Ҷанги шахрвандие, ки шурӯъ гардид, натиҷаи тараққиёти ноҳамгунии иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои манфитарини маҳалгароӣ, мансабхоҳӣ, динӣ ва зиддикоммунистӣ аз тарафи дигар буд. Вале табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард.

Ҷанги шахрвандӣ барои хоҷагии халқи мо хисороти азимеро оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи бадастомада натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамдастии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт кунанд.

Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки зери мафҳуми «миллат» бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад.

Табиист, ки танҳо дар заминаи эҳё ва инкишофи андешаи миллӣ, фарҳанг, яъне арзишҳои миллию мазҳабии мо метавонад омили муҳими ваҳдат ва тараққиёти маънавии ҷомеа бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар сатҳи баланди сиёсӣ ба масъалаи андешаи миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, зарурати омӯзиши онро ҳамчун асоси маънавии ваҳдати миллӣ, ҷавҳари ақидатии давлати миллӣ ва воситаи муҳими ваҳдату пайвастагии аҳли ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон баён намудааст. Зеро омӯзиши андешаи миллию мазҳабӣ ҳамчун воситаи бақои миллат, омили муҳими якдилӣ ва якпорчагии он дар чорчӯбаи давлати ягонаи миллӣ мебошад. Зиёда аз ин, маҳз дар заминаи андешаи миллию мазҳабӣ омӯзиши фарҳанги ниёгони мо боиси густариши фарҳанги муосир гашта, ба раванди маърифатнокӣ ва ҷаҳоншиносии наслҳои имрӯзу фардо суръати тоза мебахшад. Тавассути андешаи миллию мазҳабиамон мо фарҳанги аҷдодиамонро дониста, ба он неруи тозаи маънавӣ мебахшем, то ки барои рушди маънавиёту пешрафти ҳаёти иқтисодию сиёсии минбаъдаи мо мусоидат кунад.

Даврони худшиносӣ ва пешрафти ҳамаи халқҳои ҷаҳон аксаран дар даврони соҳибистиқлолии сиёсии онҳо сурат мегирад. Маҳз соҳибихтиёр будан имкон медиҳад, ки захираҳои ақлию зеҳнӣ барои манфиати ҳамин халқ самарабахш истифода гарданд. Агар миллат истиқлолияти сиёсӣ надошта бошад, зери нуфузи дигар давлатҳо қарор гирифта, сармояи инсониаш ба манфиати аҷнабиён истифода хоҳад гашт. Маълум аст, ки замони давлатдории Сомониён даврони гулгулшукуфии ҳаёти фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодии халқи тоҷик буд. Ҳамаи ин пешравиҳо ва дастовардҳои фарҳангиву адабии замони Сомониён маҳз дар заминаи соҳибистиқлолӣ ва озодии сиёсии ин миллат имконпазир гардид. Бешубҳа, истиқлолияти сиёсӣ ба рушди тамоми рукнҳои давлатдорӣ, соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ замина ва шароити мусоид фароҳам меоварад. Маҳз дар давлати соҳибихтиёр арзишҳои миллӣ, монанди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ ташаккул меёбанд.

Муҳимтарин корҳое, ки дар аввали фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ анҷом гирифтанд, озод кардани садҳо асирони ҳарбию маҳбусони сиёсӣ буд. Садҳо хонаводаҳои хушбахт шаҳди сулҳу оштиро яке аз аввалинҳо шуда чашиданд. Шодиву хурсандиҳои онҳое, ки баъди солҳои дарози фироқу ҷудоӣ азизони худро боз дар оғӯши гарми оила пазируфтанд, интиҳо надошт. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ муҳоҷироне, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба фирор оварда буданд, ба ватани худ баргардонида шуданд ва ин муҳимтарину қимматтарин неъмати замони истиқлолият буд.

Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Рӯзи аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам». Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Роҳбари давлат вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ доданд. Ба шарофати дастгирии халқи тоҷик ва шахсиятҳои дурандеш мо тавонистем, ки ба орзуи деринаи мардумамон – сулҳу субот дар Ватанамон комёб гардем ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мадди аввал қарор дошта бошад, саъю кӯшиш намоем.

Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва монанди инҳост. Зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвари соҳибистиклоламон гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд.

Давлати Тоҷикистон барои иҷрои чор ҳадафи стратегии худ – таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии мамлакат ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонида истодааст. Дар замони истиқлолият мо сарфи назар аз мушкилиҳое, ки доштем, тавонистем бо сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузорем, бо роҳи созандагию бунёдкорӣ ифтихори давлатдории худро ҳифз намоем. Дар ин давра таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ҳифзи мероси пурарзиши таърихиамон, таъмини рушди илму маориф ва фарҳанг муҳимтарин самтҳои стратегии сиёсати давлат буданд. Чуноне ки имрӯз ҳар яки мо аз беҳбудии зиндагии хонаводаи хеш пай бурдаем ва огаҳона дарк намудаем, ниҳоли истиқлол дар сурате ба дарахти бузургу боровар табдил хоҳад гашт ва меваҳои ширин хоҳад дод, ки пайваста дар фикри нигоҳубин ва парваришаш бошем. Мо бояд ин истиқлолият ва якдилие, ки тавассути ҷонбозии садҳо абармардони тоҷик ба даст омадааст, мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ба қадраш бирасем. Яъне мо бояд ҳамеша барои густариш додан ва афзудан ба дастовардҳои истиқлол бо эҳсоси гарми ватандӯстию ватандорӣ, дилсӯзию масъулиятшиносӣ кору фаъолияти содиқонаву софдилона саъю кӯшиши доимӣ намоем. Зеро таърихи ҳар як миллат собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолият мушкилтар аз ба даст овардани он аст. Сарвари давлат борҳо дар баромадҳои худ таъкид намуданд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегирад, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд барои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷиконро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем”.

Ваҳдату истиқлолият ба инсоният танҳо ҳамфикрию ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ ва меҳру шафқат меоварад. Пас, ҳамин истиқлолияту ваҳдат аст, ки моро ҳамчун афроди миллат барои расидан ба мақсаду орзуҳои нек бо ҳам мепайвандад, то дар ҳалли мушкилиҳои ҳаёт якҷоя камари ҳиммат бибандем. Барои он ки дурри мақсуд, яъне дӯстиву рафоқат, ягонагиву ҳамфикрӣ ба даст ояд, ақли солим, донишу истеъдод ва ҷидду ҷаҳди ҷасурона лозим аст. Нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ кафолати истиқлолияти давлату миллат аст, чунки агар дар байни халқ ваҳдату якдилӣ набошад, истиқлолиятро нигоҳ доштан корест амри маҳол.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки бе нигоҳдошти ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ғайриимкон аст. Мамлакатҳое, ки ба сатҳи баланди тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ расидаанд ва мардуми он дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд, мамлакатҳое ҳастанд, ки мардумашон муттаҳиду якдил гашта, дар ин роҳ талошу мубориза бурда, ба натиҷаи дилхоҳ дастёб шудаанд. Бинобар ҳамин, агар мо низ хоҳони пешравӣ ва сулҳу осоиштагӣ бошем, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, дар роҳи рушди мамлакат ба умеди дигарон нашуда, худамон дар ин масир ба хотири ноил шудан ба дастоварҳои баланд содиқона меҳнат кунем. Ваҳдати миллӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Ваҳдати миллӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Ваҳдати миллӣ барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бинои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Самадов Ҳумоюн, Ҳусейнов Шуҳрат

Leave a Comment