Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи “Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ” Ҳамроев Фузайлӣ Маҳмадалиевич, ассистенти кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология» Зоиров Фирӯз Баҳронович ва муаллими калони кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология» Нуриддини Файзро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Хотиррасон мешавем, ки Ҳамроев Ф.М. рисолаи докториашро дар мавзӯи “Развитие рынка транспортных услуг в условиях рыночной экономики: теория, методология, практика (на материалах Республики Таджикистан)” (Рӯзи ҳимоя 22.06.2019 дар Шӯрои диссертатсионии якҷояи Д 999.031.03-и назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Росияву Тоҷикистон), Зоиров Ф.Б. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Арзёбии маҷмаавии бехатарии экологии сохтмони “сабз” дар ҳудуди мубодили шаҳршавӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» (Рӯзи ҳимоя 21-уми июни соли 2019 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-041-и назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Нуриддини Файз рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Арзёбии бехатарии экологии проблеммаҳои гидрохимиявии захираҳои обӣ дар минтақаи ташаккули ҷараёни об (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» (Рӯзи ҳимоя 21-уми июни соли 2019 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-041-и назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон) бомуваффақият дифоъ намуданд.

Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олимони ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳанд расид.

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment