27-уми июни соли 1997 дар таърихи миллати баландахтари тоҷик рӯзест, ки бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст, зеро дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Бо имзои ин санади тақдирсоз, ки рамзи воқеии баҳамойиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковат бар ҷаҳолат ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардид, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид.

Роҳи ояндаи халқу миллати тоҷикро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард. Ин рӯйдоди муҳими тақдирсоз дар таърихи навини халқи тоҷик чун рӯзи «Ваҳдати миллӣ» ҷашн гирифта мешавад. Аз ин рӯзи таърихӣ 22 сол сипарӣ мешавад. 22 сол аст, ки халқи ободкору озодманиши тоҷик дар зери ливои сулҳу ваҳдату ягонагӣ фаъолият дорад. Дар воқеъ, сулҳу амонӣ асоси зиндагии хушбахтона аст.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани саҳти зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Дар дунё миллату халқиятҳое ҳастанд, ки аз рӯйи шумораи аҳолӣ ва қаламрави ҷуғрофиашон дар муқоиса бо миллати мо хеле афзалият доранд, вале садсолаҳо дар орзуи давлатдории мустақилона мебошанд. Аз ин хотир мову шумо бояд ба қадри соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллӣ расем ва онро азизу муқаддас донем.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Созишномаи умумии сулҳ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо амну оромиро таъмин сохт».

Мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон расида, дар ҳифзи истиқлолияту амнияти мамлакат саҳми муносиб гузорем, бо кӯшишҳои бунёдкоронаи хеш кохи бегазанди ваҳдати миллиро обод нигоҳ дошта, ба сӯйи фардои дурахшони ободу осуда қадамҳои устувор гузорем.

Зарина Сафарова

Leave a Comment