Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ пас аз тамошои Дарси сулҳ – суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябр – Рӯзи Дониш таҷлил гардид.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ чорабиниро муовини аввали ректор, муовин оид ба таълим – Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ифтитоҳ намуда, меҳмони олиқадр – Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ хайрамақдам намуд.

Сухани табрикотии Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О.-ро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи Дониш муовини аввали ректор қироат намуда, суханро ба муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода С.Х. дод.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода С.Х. ҳамагонро аз номи роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Дониш самимона муборакбод намуда, нақши мутахассисони муҳандисӣ ва ДТТ ба номи академик М.С. Осимиро дар пешрафти иқтисодиёти кишвар назаррас арзёбӣ кард. Инчунин дар баромади худ зикр намуд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои техникӣ бештар аст, зеро саноатикунонии босуръати кишвар аз кадрҳои техникӣ вобастагии бузург дорад.

Дар рафти суханронӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода С.Х. роҳбарият ва коллективи профессорону устодони донишгоҳро ба боз ҳам беҳтаргардонии сатҳу сифати таълим, омодасозии кадрҳои ҷавобгӯйи талаботи замон ва самаранок истифода бурдани захираҳои таълимию илмӣ низ даъват кард.

Комилзода А.Ҳ. — устоди собиқадори донишгоҳ низ баромад намуда, аз солҳои донишҷӯӣ ва таҷрибаҳои касбии худ сухан ронд.

Инчунин намояндагони донишҷӯёни курсҳои болоӣ ва курси якум низ бо сухани табрикотӣ баромад намуданд.

Дар охир калид, дафтарчаи имтиҳонотӣ ва билети донишҷӯӣ ҳамчун рамзи донишҷӯён аз курсҳои болоӣ ба курси якум тақдим гардид.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment