Рӯзи 2-юми сентябри соли 2019 барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии техникии Беларус (ДМТБ) на танҳо оғози соли нави таҳсил, баргаштан ба синфхонаҳои дар тобистон фаромӯшшуда, вохӯрӣ бо ҳамкурсон ва шиносоӣ бо устодони нав буд. Соати 11 дар бинои асосӣ воқеаи хотирмон барои донишгоҳ – кушодашавии тантанавии Маркази маориф ва фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид.
Сол ба сол муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус рушд ёфта, мустаҳкам мешавад ва тасдиқи ин муносибатҳо факултети муштараки ДМТБ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад, ки иқдомгирандаи асосии ин марказ ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. аст.

Дар маросими кушодашавии марказ намояндагони Раёсати ДМТБ бо роҳбарии ректори донишгоҳ Харитончик Сергей Василевич, ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Одиназода Ҳайдар Одина, Сафри фавқулодда ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод, декани факултети муштараки муҳандисӣ-техникии ДМТБ-ДТТ Гадоев Сафаралӣ Айниддинович, сармутахассиси идораи муносибатҳои байналхалқии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус Хаткевич Олга Анатолевна ва дигарон иштирок намуданд.

Аз рӯйи маводи сомонаи ДМТБ

Leave a Comment