Дафтарҳо харида шуда, хомаҳо ва ҷузвдонҳо омодаанд. Дар ин сол 2-юми сентябр дар Донишгоҳи миллии техникии Беларус (ДМТБ) рӯзи кории донишҷӯён оғоз ёфт.
Субҳи душанбе барои курсҳои аввал ҷамъомад доир шуд. Меҳмонони ифтихории ҷамъомад Сергей Антонович Чижик – Муовини аввали Раиси Президиуми Академияи миллии Беларус, Виктор Михайлович Ананич – Раиси Идораи ҶСК “АСБ Беларусбанк”, Одиназода Ҳайдар Одина – Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор буданд.

Чун анъана ҷамъомадро ректори ДМТБ, доктори илмҳои техникӣ Сергей Василевич Харитончик кушода эълон намуд. Ӯ барои донишҷӯён таманниёти нек намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, батоқатӣ ва дар оянда мутахассиси хуб шудан даъват намуд. Роҳбари донишгоҳ қайд намуд, ки худро ёфтан номумкин, вале танҳо худро сохтан мумкин аст. Инро низ ба донишҷӯён орзу кард, зеро танҳо хоҳиш ва кӯшиш метавонад касро ба мақсад расонад.

Баъдан Сергей Антонович Чижик баромад намуд. “Дарҳои Академияи илмҳо, ки он сӯйи роҳ, рӯ ба рӯйи донишгоҳ қарор дорад, доимо барои донишҷӯёни болаёқате, ки ба илм шавқ доранд, боз аст”, — таъкид намуд ӯ.

Виктор Михайлович Ананич зикр намуд, ки ба донишҷӯён тақдири нек аст, ки дар ДМТБ таҳсил мекунанд, ин ифтихори бузург аст, зеро донишу маҳорати онҳо ба кишвар дар оянда лозим мешавад. Инчунин имрӯз ректори ДМТБ Сергей Васильевич Харитончик ва Раиси ҶСК “АСБ Беларусбанк” Виктор Михайлович Ананич шарномаи генералиеро имзо намуданд, ки барои татбиқи муносибатҳои анъанавии бонкиро дар доираи барномаи “Донишгоҳи рақамӣ” кӯмак менамояд.

Яке аз меҳмонони ифтихорӣ Ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Одиназода Ҳ.О. буд. ДМТБ аллакай тӯли 6 сол мешавад, ки бо ин донишгоҳ ҳамкорӣ мекунад ва имрӯз Маркази муштаракит маориф ва фарҳанги худро дар Беларус кушоданд.

Баъдан маросими гузоштани гул ва дақиқаи хомӯшӣ ба хотири донишҷӯён ва кормандони ДМТБ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қурбон шудаанд, доир шуд.

Денис Васильевич Капский, декани факултети автотракторӣ, доктори илмҳои техникӣ ва котиби масъули Комиссияи қабули соли 2019 ба донишҷӯёни курси якум таманно намуд, ки солҳои донишҷӯии онҳо пурмаҳсул гузарад. Ӯ ба донишҷӯён гуфт, ки солҳои беҳтарини умраш дар ДМТБ гузаштаанд.

Дар ҷамъомад Епископи мулки Борисовский ва Мариногорский Вениамин ширкат дошт ва ӯ донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил дуои нек дода, ба онҳо орзу намуд, ки аз камбудиҳо ва хислатҳои бад худро озод кунанд.

Александр Дичковский, хатмкардаи ифтихории ДМТБ дар соли 2019, магистранти ДМТБ донишҷӯёнро бо оғози таҳсил табрик гуфта, таманно намуд, ки солҳои донишҷӯӣ на танҳо дониши мукаммал, балки дарси муҳими зиндагӣ низ диҳанд.

Пас аз анҷоми чорабинӣ донишҷӯён бо роҳбари декани факултети худ ба синфхонаҳо барои шиносоӣ ва ҳалли масъалаҳои ташкилӣ равон шуданд. Мо низ дар навбати худ ба тамоми дҳонишҷӯён танҳо баҳои аъло ба дафтарчаи имтиҳонотиашон ва аъло гузаронидани солҳои донишҷӯиро тамаано дорем. Рӯзи Дониш муборак!

Аз рӯйи маводи ДМТБ

Leave a Comment