Истиқлолият арзишмандтарин комёбии давлату миллати тоҷик аст, ки бисту ҳашт сол муқаддам ба вуҷуд омад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 расман қабул гардид. Ин санаи муқаддас барои миллати тоҷик иди бузургтарини миллӣ маҳсуб меёбад.
Истиқлолият неъмати бебаҳост. Тоҷикистони азизи мо 29 сол мешавад, ки зери парчами сулҳу дӯстӣ рушд карда истодааст. Тинҷиву амният барои ҳар як сокини кишвар имкон медиҳад, ки пайи кору пайкор ва бурду муваффақиятҳои хеш талош намояд, зиндагӣ кунад ва ояндаи худро беҳтар созад. Истиқлолият ба ҳама қишри ҷомеа имкониятҳои хуб фароҳам овард.

Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафту ояндаи кишварро сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона намоем. Он рамзи олии ватандорӣ ва давлатдорию созандагист. Истиқлолият барои мо тоҷикон бақои миллат, нишон аз манишу асолат, ҳуввият, орзуву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи муаррификунанда, нуфузу эътибор аст.

Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмояи миллат тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа рӯ ба рушд ниҳод. Бо шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, имрӯз кишвари моро мешиносанду ҳамкорӣ менамоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо тавонистем, худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари амн муаррифӣ намоем ва набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамсадо кунем. Инчунин Тоҷикистон дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолият тавонист, ки бо кишварҳои хориҷа ҳамкориҳоро ба роҳ монад.

Мо аҳли ҷомеа дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм равему баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем.

Пас аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ аллакай кишвари мо роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро пеш гирифт. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, парчами кишвар чун парчами давлати мустақил дар тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ болафшон аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо дар зарфи 28 сол ба дастовардҳои беназир соҳиб гардидем. Аз ҷумла, қабул гардидани Конститутсия ба даврони Истиқлолият рост меояд.

Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд шод шуда, барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Бигузор Иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Назирзода Абдураҳмон Абдурасул,

Зайнуддинов Худойдод Хидоятуллоевич.

Донишҷӯёни курси 4-ум, гр. 530104-03.

Leave a Comment