Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бо низоми сезинагӣ, яъне бакалавриат, магистратура ва докторантураи PhD амалӣ шуда истодааст. Гарчанде дар самти омодакунии мутахассисон дар зинаи бакалавриат ва магистратура муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҷрибаи хубе ба даст оварда бошанд ҳам, дар самти омодакунии кадрҳои илмӣ, яъне зинаи докторантураи PhD омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи Аврупо аз манфиат холӣ нест.

Вобаста ба ин раёсати донишгоҳ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаст, ки дар чорчӯбаи  барномаи Эразмус+, бо дастгирии Дафтари миллии Эразмус+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  8 ноябри  соли 2019 семинар дар мавзўи “Таҳияи  барномаҳои зинаи PhD” дар донишгоҳ баргузор намояд.

Дар семинари мазкур иштироки коршиноси байналмилалӣ, Мелита Ковачевич (Melita Kovacevic) — муовини ректори Донишгоҳи Загреб оид ба тадқиқот ва технология, Хорватия (Vice-Rector for Research and Technology, University of Zagreb) ҷиҳати муаррифӣ (презентация) дар мавзўи фавқулзикр пешбинӣ шудааст.

Семинар бо иштироки намояндагони раёсату шуъбаҳои илми муассисаҳои таҳсилоти олии  кишвар  ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Барномаи пешакии семинар

Дархост барои иштирок

 

Leave a Comment