Забон яке аз унсурҳои асосии ҳастӣ ва муаррифгари ҳар як миллат ва давлати миллӣ ба шумор меравад. Омӯзиши таърихи забон гувоҳ бар он аст, ки он марҳилаҳои мухталифро паси сар намуда, дар қатори ташаккулёбӣ сангарҳоеро сипарӣ намудааст, ки омили нестшавии баъзе аз хусусиятҳои хоси забонӣ гардидааст. Дар тӯли таърих ҳар як халқ кӯшиш бар он дошт, ки ин муқаддасот ва ҷавҳари ҳастии хешро дар радифи дигар падидаҳои ҳаётӣ ҳифз намояд.

Забон яке аз унсурҳои асосии ҳастӣ ва муаррифгари ҳар як миллат ва давлати миллӣ ба шумор меравад. Омӯзиши таърихи забон гувоҳ бар он аст, ки он марҳилаҳои мухталифро паси сар намуда, дар қатори ташаккулёбӣ сангарҳоеро сипарӣ намудааст, ки омили нестшавии баъзе аз хусусиятҳои хоси забонӣ гардидааст. Дар тӯли таърих ҳар як халқ кӯшиш бар он дошт, ки ин муқаддасот ва ҷавҳари ҳастии хешро дар радифи дигар падидаҳои ҳаётӣ ҳифз намояд. Аммо ин ҳифозат ба ҳамаи халқиятҳо муяссар нагардида, боиси дар аввал нестшавии забон ва баъдан номи эшон гардид. Аз ҷумлаи ин гуфтаҳо мо метавонем забонҳои қадимаи халқҳои Шарқи Наздикро мисол орем. Имрӯз ҳам забон ва ҳам номи онҳо ҳамчун халқияти таърихӣ нопадид шудааст. Ҳол он ки аввалин нишонаҳои тамаддун ва маданияти ғанӣ дар ин минтақа пайдо шудаанд. Ин ҷиҳатҳоро ба назар гирифта, имрӯз ҳар як миллати соҳибзабонро мебояд, ки ин гавҳари ноёби хешро чун мисли ҷони хеш ҳифз намояд.

Бояд тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи он забонҳое мебошад, ки дар тӯли таърих марҳилаҳоеро сипарӣ намудааст ва он вижагиҳои махсуси ин унсури ҳастии аҷдодони моро инъикос менамояд. Истодагарӣ намудан дар рӯёрӯйи фарҳанг ва забони аҷнабиён, ки ба сари аҷдодони миллати сабури тоҷик бадбахтиҳои сахтеро овардаанд, яке аз чунин саҳифаҳои сарнавиштсози забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Дар ин хусус ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чунин қайд намудааст: “Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама рӯёрӯйӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи воқеии худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад”. Маҳз ана ҳамон чеҳраи асили забони маҳбуби мо аст, ки имрӯз дар сатҳи конференсияҳои байналхалқӣ намояндаҳои миллатамон бо забони тоҷикӣ ҳарф зада, мақоми миллат ва давлатамонро баланд бардошта истодаанд. Садо додани пешниҳодҳои судбахши Пешвои муаззами миллатамон дар сатҳи байналмиллӣ бо забони тоҷикӣ бори дигар халқи кӯҳанбунёди тоҷикро ҳамчун субъекти тамаддунофар ва ваҳдатофарин муаррифӣ менамояд.

Бояд қайд намуд, ки вижагии хосаи таърихии забони тоҷикӣ дар мавриди таърих ва пайванди ногусастании нажоди ақвоми ориёӣ муштаракот ва шабоҳати забони халқҳои ориёитабори Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон ва ориёии ҳиндӣ маҳсуб меёбад. Шабоҳат ва умумияти забонӣ дар якҷоягӣ бо муштаракоти динӣ аз таҳлилу муқоисаи осори қимматбаҳои онҳо ба монанди “Авесто” ва “Ведо” бармеояд. Минбаъд муҳоҷирати қавму қабоили ориёӣ ба сарзаминҳои мухталиф боиси парокандагии сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо гардида, таъсири хешро ба забони умумии орёиҳо, ки заминаи забони муосири тоҷикӣ ба ҳисоб меравад, гузоштааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, то имрӯз дар байни ин забонҳо умумиятҳои луғавӣ ва мантиқӣ дида мешаванд. Аз байни забонҳои ориёӣ забони тоҷикӣ ягона забонест, ки дар асоси ба инобат гирифтани хусусиятҳои хоси он ташаккулёбии онро метавон ба се давраи алоҳида ҷудо намуд. Он дар ҳар марҳилаи худ рушду нумӯъ карда, бо ин хусусияташ аз дигар забонҳои ориёӣ фарқкунанда мебошад. Таъкид намудан бамаврид аст, ки забони тоҷикӣ ба ҷойи забонҳои форсии миёна, бохтарӣ, суғдӣ ва портӣ дар ҳудуди густаришу ташаккулёбии ин забонҳо ҷойгузини онҳо гардид. Аз лиҳози як қатор хусусиятҳои хосаш ба монанди овозӣ, луғавӣ, дастурӣ аз забонҳои қадимаи хешованди худ то дараҷае дур рафта, ҷиҳатҳои хоси худро ҳамчун забони мустақил пайдо намуд. Пеш аз ҳама дар бахши фонетика ё овозшиносӣ масъалаи тағйирот ва таҳаввули сифатӣ бар ивази тағйироти миқдорӣ ба ҷойи аввал мебарояд. Дар бахши сарфу наҳв тағйироти асосӣ аз ҳолати тасрифӣ (синтетикӣ) ба ҳолати таҳлилӣ (аналитикӣ) гузаштани ҳиссаҳои нутқ мебошад.

Агар ба хусусияти давраи аввали таърихияти забони тоҷикӣ назар афканем, хусусиятҳои лаҳҷавӣ ва маҳаллии он дар манотиқи мухталифи ташаккулёбӣ ва густаришаш ба мушоҳида мерасад, ки таҳлил ва таҳияву луғатномаҳои гуногуни он шабеҳи ин гуфтаҳост. Вале бо ин гуфта наметавонем, ки он тамоман ранги дигар гирифта, хусусияти бегонашавиро касб кардааст. Хусусиятҳои забонӣ ва меъёрии забони адабӣ барои забони тоҷикӣ то имрӯз боқист ва метавон қайд намуд, ки баръакси хусусиятҳои гунаҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ миёни ин се гунаи забони адабӣ умумият ва фарқият хеле бисёр аст.

Дар асоси сарчашмаҳои забонӣ ва тадқиқоти охир гуфтан мумкин аст, ки забони тоҷикӣ забони кӯҳан буда, минтақаи асосии пайдоиши он Хуросону Мовароуннаҳр, махсусан ду тарафи дарёи Ому мебошад. Ба таври дигар гӯем, ин забон дар заминаи забонҳои маҳаллии марзҳои номбурдаи суғдӣ, портӣ ва тахорӣ ташаккул ёфта, ба дараҷаи забони илмиву адабӣ омада расид. Забони тоҷикӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Тоҳириёну Саффориёну Сомониён ва дигар хонаводаҳои эрониасл ба сифати забони илму адаб аз маҳдудаи як забони миллӣ берун гардид ва дар асрҳои баъдӣ дар як қисмати бузурги қитъаи Осиё ба забони байналмилалӣ табдил ёфт.

Вижагии дигари таърихии забони тоҷикӣ дар рақобатпазирии он инъикос меёбад. Махсусан бо лашкаркашии арабҳо ва таъсири маданияти исломӣ аксарияти мардуми Шарқи Наздик забони хешро аз даст доданд, вале забони тоҷикӣ на танҳо истодагарӣ карда тавонист, балки нобиғаҳеро ба миён овард, ки муаррифагари он дар сатҳи ҷаҳонӣ шуданд. Дар ин хусус Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудааст: “Давраи истилои араб барои тоҷикон ва халқҳои дигари ориёӣ дар баробари марҳилаи шикасту нокомиҳои сиёсиву низомӣ буданаш ҳамчунин даврони ба зуҳур омадани рӯҳи озодихоҳиву ватанпарварии ҳазорон фарзандони ҷасуру фидокор буд, ки то нафаси охирин бо нерумандтарин қудрати замон мубориза бурда, дар набардҳои нобаробар қаҳрамонона ҳалок мешуданд Дар он лаҳзаҳои фалокатбори таърих, ки масъалаи буду набуди ҳастии маънавии ниёгони мо ҳал мегардид, хориқаи забон, фарҳанг ва тамаддуни бостонии мо муъҷизаосо рӯйи кор омад ва растохези маънавии қавмҳои ориёиро дар саросари қаламрави хилофат тавлид намуд. Бонги ин растохез аз оғози давраи таҷаддуду эҳёи тоҷикон ва қавмҳои дигари ориёӣ башорат дод”.

Дар асоси ин гуфтаҳо ҳаминро зикр намудан меарзад, ки забони тоҷикӣ дар замони истилои арабҳо ба сифати забони амалкунандаи муошират дар Эронзамини шарқӣ бештар ва дар қисмати ғарбии он бошад, камтар дар ривоҷу равнақ қарор доштааст. Дар ибтидои паҳншавии дини мубини ислом ҳамзистии забони тоҷикӣ бо забони арабӣ боис гардид, ки забони арабӣ таъсири бузурге дар забони форсии дарӣ бар ҷой гузорад. Муҳимтарин забони таъсиргузор ба забони арабӣ шуд. Ҳамчунон ки забони мо дар ин давра забони тоҷикӣ ба ҳайси забони гуфторӣ ва забони арабӣ ба сифати забони навишторӣ истифода мешуд. Забони форсии дарӣ дар замони истило асолат ва хусусияти офарандагии худро ҳифз карда, дар масири доду ситоди луғавӣ бо забони арабӣ барои худ заминае ҷиҳати касби машрӯияти сиёсиву динӣ ва расмияти адабиву фарҳангӣ фароҳам сохт. Эҳё ва рушди забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) ҳамчун забони расмӣ дар даврони Тоҳириён шурӯъ гардида, дар аҳди Саффориён ривоҷу равнақ пайдо намуд ва дар замони Сомониён ба авҷи аълои худ рафта расид. Забони тоҷикӣ-форсӣ, ки мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофар ва муттаҳидкунандаи қавмҳои ориёнажод аст, дар давраи салтанати Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили муттаҳиддии миллият дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушду равнақ ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид. Дар ин радиф ин сиёсати пешгирифтаи фарҳангпарваронаи Сомониён ба давлатдориҳои минбаъдаи минтақа таъсир расонида, он дар пайравӣ ба ин хонадони асилнажоди тоҷик дар густариши забони тоҷикӣ мусоидат намуд. Ба ибораи дигар, Ғазнавиёну Ғуриён ва Салҷуқиён сиёсати забонгустарии Сомониёнро идома бахшиданд ва доираи корбурди забони тоҷикиро дар шарқу ҷануб то сарзамини Ҳинду Синд ва дар ғарб то Осиёи Сағиру Сурия густариш доданд. Ҳуҷуми офатбори муғулҳо ҳатто натавонист ба забони ноби ширину равони тоҷикӣ таъсири манфии худро расонад.

Шарифзода Раҳматулло

Ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment