Дирӯз дар хобгоҳи №3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” чорабинии тарбиявӣ доир гардид.

Дирӯз дар хобгоҳи №3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” чорабинии тарбиявӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ намояндаи хадамоти пешгирии ҷиноятҳо байни ҷавонон ва ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – капитани милитсия Шарифзода Нигора, намояндаи хадамоти пешгирии ҷиноятҳо байни ҷавонон ва ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – лейтенанти калони милитсия Абдуллоев Ҷаҳонгир, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳукматова Парвина ва Саодати Исайнӣ, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён – Зоиров Ҳ.А., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ – Акрамов С.С., донишҷӯён ва кормандони хобгоҳи №3 ширкат намуданд.

Шарифзода Нигора – капитани милитсия зимни мулоқот бо донишҷӯён иброз дошт, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар давоми соли хониши 2018-2019 танҳо аз тарафи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 223 маротиба амалиёти муштарак гузаронида шуда, дар натиҷа ба дарс бо нақлиёти шахсӣ омадани донишҷӯён 46 ҳолат, бо либосҳои ғайритавсиявӣ, бо мӯйҳои дарозу ришҳои расида 3580 нафар, бо либоси ғайримиллӣ (сатр) 21 нафар, ба дарс дер ҳозир шудани донишҷӯён 2745 ҳолат муайян карда шуданд. Бояд қайд намоем, ки танҳо дар давоми соли хониши 2018 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 13 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 65 нафар дар содир намудани 71 ҷиноят ошкор карда шуда, ҳамзамон 298 нафар аъзоёни ташкилоти экстремистию террористӣ, аз ҷумла 8 нафар аъзои “Гурӯҳи 24”, 17 нафар аъзоёни “Ҳаракати исломи Ӯзбекистон”, 25 нафар аъзоёни “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, 135 нафар аъзоёни “Давлати исломӣ”, 10 нафар аъзоёни “ҲНИ”, 97 нафар аъзоёни равияи “Салафия”, 1 нафар аъзои ташкилоти “Бародарони мусулмон”, 1 нафар аъзои “Ҷамъияти таблиғ”, 2 нафар аъзои “Ҳаракати толибон” ва 2 нафар аъзои “Ҷамоати ҳизб-ут-таҳрир” дастгир карда шуданд, ки 102 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон бояд қайд намоям, ки бо ташаббуси бевоситаи ВКД гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо аъзоёни фаъоли гурӯҳи ҷавонони “Авангард” ҳамасола ба шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия сафар намуда, бо муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ суҳбату вохӯриҳои судманд доир менамоянд, ки дар натиҷа шомилшавии ҷавонон ба равияву гурӯҳҳои ифротгаро коҳиш ёфта, то имрӯз 99 нафар ҷавононе, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои ҷангзада иштирок доштанд, ба Ватан баргаронида шуданд.

Ҷавонон ва донишҷӯёни гиромиқадр, Шумо нерӯи бузурги ояндасози давлату миллат маҳсуб меёбед ва дар ин замина масъулияти бештаре баҳри пешрафти ҷомеа ва гулгулшукуфоии Ватан бояд аз ҷониби Шумо зоҳир карда шуда, ғамхориҳои давлату Ҳукуматро, ки вобаста ба қабул намудани як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаву консепсияҳо, ҷиҳати камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонону донишҷӯён қабул намудаанд, инчунин шарту шароит ва суботи кишварро бо масъулияти баланд дарк намуда, пайваста дар омӯзиши донишҳои мукаммал бошед ва дар заминаи идеологияҳои солиму созандагӣ баҳри дурахшон гардонидани Тоҷикистони азизамон тамоми саъй ва кӯшишу ғайрати худро бо маҳорату малакаи касбӣ нишон диҳед.

Саодати Исайнӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ дарҷ намуд, ки барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз нақшаву барномаҳои зиёдеро татбиқ карда, барои ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Илова бар ин ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президенти мамлакат ва ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.

Дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Пешвои миллат ҷавонони моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашанд, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шаванд, корҳои илмиву пажуҳишӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон фаъолона ширкат варзанд.

Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд.

Шумо, ҷавонони азиз, бояд хуб дарк намоед, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти шумост.

Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд.

Итминони комил дорам, ки шумо, ҷавонони саодатманд, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзандаро ба ҷо меоред.

Акрамов С.С. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон дар баромади худ оид ба дастгириҳои роҳбарияти донишгоҳ ва хусусан ректори донишгоҳ профессор Одиназода Ҳ.О. барои дастгириҳои пайваста дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таъмир намудани хобгоҳ барои донишҷӯён бо шароитҳои замонавӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба донишҷӯён таъкид намуд, ки бояд ба қадри шароити фароҳам овардашуда расед ва саҳни хобгоҳ, қисмати дохилии хобгоҳ тозаву озода нигоҳ дошта шавад.

Ифротгароӣ ва мубориза бо он вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳои гуногун аст ва ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст».

Терроризми байналмиллалӣ мувофиқи як қатор санадҳои ҳуқуқи башарӣ ба қатори ҷиноятҳои мудҳиштарини умумиинсонӣ дохил мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм дар ақсои олам алафи заҳрпечакро мемонад, ки он рӯз то рӯз печидагии худро васеъ мекунад. Терроризм ҳамчун рӯйдоди сиёсӣ таърихи қадима дорад. Калимаи «террор» аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои «тарс», «даҳшат»-ро дорад. Он ҳамчун мафҳуми сиёсӣ аз тарафи инқилобиёни фаронсавӣ – дастаи якобинчиён истифода бурда мешуд. «Экстремизм» аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан мебошад. Аз нимаи асри ХIХ ҳаракати террористӣ характери доимӣ гирифт. Махсусан, дар Россия ташкилоти озодӣ (Народная воля) хеле фаъол буд. Пас аз сентябри соли 2001 терроризм хусусияти глобалӣ пайдо кард. Ханӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳуроти номатлуби байналхалқӣ ва экстремизм рӯ ба рӯ гардид. Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайраҳо мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки экстремизми наврасон ва ҷавонон вобаста ба навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбат ба дигарон то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст.

Дар охири вохӯрӣ донишҷӯёни хобгоҳ бо саволҳои худ ба намояндагони сохтори қудратӣ муроҷиат намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Акрамов С.С., Муминов Ф.С.

Leave a Comment