Ҳамасола рӯзи 5-уми октябр рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз падидаҳои даврони истиқлолият аст, ҷашн гирифта мешавад. Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мебошад. Маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад. Дар даврони истиқлолият забони давлатӣ (тоҷикӣ) рушд намуда, дар ҷараёни навиштани корҳои илмиву тадқиқотии олимон ва шоирону нависандагони тоҷик ба таври содда ва оммафаҳм истифода мешавад.

Ҳамасола рӯзи 5-уми октябр рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз падидаҳои даврони истиқлолият аст, ҷашн гирифта мешавад. Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мебошад. Маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад. Дар даврони истиқлолият забони давлатӣ (тоҷикӣ) рушд намуда, дар ҷараёни навиштани корҳои илмиву тадқиқотии олимон ва шоирону нависандагони тоҷик ба таври содда ва оммафаҳм истифода мешавад. Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳар миллат аст. Бо иқтибоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури худро аз даст дода, оқибат завол меёбад”.

З-ин рӯ пос доштани забони тоҷикӣ барои ҳар як тоҷикзабон ҳам қарз ҳасту ҳам фарз. Дар раванди ҷаҳонишавӣ яке аз хатарҳои ваҳим аз байн рафтани забон маҳсуб меёбад.Чунки дар раванди ҷаҳонишавӣ махсусан барои Тоҷикистон, ки аксари мардумаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ майл доранд, хатарнок аст. Зеро таъсири ин падида, яъне муҳоҷират ба забон асаргузор аст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки моро ба ташвиш овардааст, олуда сохтани забони ноби тоҷикӣ бо дигар забонҳо аст. Истифодаи калимаҳои дурушту гӯшхароши забони русӣ дар байни ҷавонони мо роиҷ гардидааст. Аз ин рӯ вазифаи забоншиносон дар ин самт бояд пурзӯр карда шавад.

Пос доштани забоне, ки бо он Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Турсунзодаву Лоиқ ва садҳо адибони номвар эҷод мекарданд, вазифаи ҷонии ҳар яки мост.

Бо ҳамин иктифо намуда, ҳамаи мардуми сарбаланди ҷумҳурии азизамонро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик ва муборак менамоям.

Каримов Муҳаммад

донишҷӯи соли 2-юми факултети

Технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Comment