Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ олимони ҷавони донишгоҳ БОЗОРОВ Шамсиддин Аломуддинович, ҶОВИДИ Ҷамшед ва ИСМОИЛОВ Маҳмуд Исоқовичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ самимона муборакбод мегӯяд.
Хотиррасон мешавем, ки рӯзи 4-уми октябр БОЗОРОВ Шамсиддин Аломуддинович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Моделҳои оптимизатсионии таъмини устувории ҷоришавии раванди прокаткаи тасмаҳои баланд дар навардҳои печдарпеч» ва ҶОВИДИ Ҷамшед рисолаи номзадиашро дар мавзӯи

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ олимони ҷавони донишгоҳ БОЗОРОВ Шамсиддин Аломуддинович, ҶОВИДИ Ҷамшед ва ИСМОИЛОВ Маҳмуд Исоқовичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ самимона муборакбод мегӯяд.

Хотиррасон мешавем, ки рӯзи 4-уми октябр БОЗОРОВ Шамсиддин Аломуддинович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Моделҳои оптимизатсионии таъмини устувории ҷоришавии раванди прокаткаи тасмаҳои баланд дар навардҳои печдарпеч» ва ҶОВИДИ Ҷамшед рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Моделсозии таъсири ҳароратҳои тағйирёбанда ба хосиятҳои гармофизикии мавод ва конструксияҳо аз композитсияҳои растанигӣ-часпакӣ» дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6Д. КОА-041-и назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуданд.

Инчунин рӯзи 5-уми октябр ИСМОИЛОВ Маҳмуд Исоқович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Организационно-экономические аспекты развития ресурсного потенциала рынка услуг пассажирского автомобильного транспорта» дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6Д. КОА-020-и назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намуд.

Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олимони ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳанд расид.

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment